Сафири Ӯзбекистон дар мамлакатҳои Бенилюкс Дилёр Ҳакимов бо сармоягузороне, ки аз кушодани хонаи савдои Ӯзбекистон дар Нидерландия ва афзоиши содироти маҳсулоти миллии Ӯзбекистон манфиатдоранд — директори ширкати “AgriFood NL LTD” Териҷалай Аҳмадӣ ва директори генералии ширкати “Contemporary Dutch BV” Маннон Ҳотак мулоқот кард.
Сафири Ӯзбекистон дар мамлакатҳои Бенилюкс Дилёр Ҳакимов бо сармоягузороне, ки аз кушодани хонаи савдои Ӯзбекистон дар Нидерландия ва афзоиши содироти маҳсулоти миллии Ӯзбекистон манфиатдоранд — директори ширкати “AgriFood NL LTD” Териҷалай Аҳмадӣ ва директори генералии ширкати “Contemporary Dutch BV” Маннон Ҳотак мулоқот кард.
Шарикони хориҷӣ эътироф карданд, ки фаъолнокии соҳибкорӣ, ки соли 2020 дар Ӯзбекистон оғоз ёфтааст, идома доранд ва ин натиҷаи амалии ислоҳоти куллие, ки таҳти роҳбарии сарвари давлат дар тамоми соҳаҳо татбиқ мегарданд, инчунин пешниҳоди ҷанбаи васеъи имкониятҳо барои соҳибкорон ва сармоягузорони кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Онҳо изҳор намуданд, нақшаи дар Нидерландия боз намудани хонаи савдои Ӯзбекистонро доранд ва доираи номгӯи молҳои Ӯзбекистонро, ки дар бозорҳои Аврупо ба он талабот зиёд аст, тавсеа диҳанд.
Сармоягузороне, ки дар бозорҳои Аврупо ва ҷаҳон таҷрибаи бой доранд, зарурати афзоиши содироти маҳсулоти Ӯзбекистонро ба ИА, пеш аз ҳама, эътибор додан ба сифат ва тозагии биологии маҳсулот таъкид карданд.
Шарикони Нидерландия омодагии худро барои ташкили лабораторияи замонавӣ барои стандартикунонӣ мутобиқи талаботи сифати аврупоӣ ва тозагии биологии маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин тайёр кардани мутахассисони ӯзбек дар ин самт изҳор намуданд.
«Таъсиси лабораторияҳо на танҳо барои мо, балки барои бисёр дигар содиркунандагон ба мисли мо муҳим хоҳад буд», – гуфт Териҷалай Аҳмадӣ, ки дар тӯли панҷ соли охир бозори дохилӣ ва хориҷии Ӯзбекистонро омӯхтааст.
Намояндагони Нидерландия сармоягузорони Ӯзбекистонро ба ҳамкорӣ барои ташкили лаборатория даъват карданд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар бораи ифтитоҳи расмии хонаи савдои Ӯзбекистон дар Нидерландия дар рӯзҳои наздик ва муаррифии маҳсулоти миллии Ӯзбекистон дар марҳилаи аввал созиш ба даст оварда шуд.
Таъкид бояд кард, ки “AgriFood NL LTD” дар соли 2019 ба вилояти Тошканд барои коркард, бастубандӣ ва содироти меваҳои хушк ва лӯбиёгӣ ба кишварҳои аврупоӣ сармояи зиёдеро ҷалб кардааст.
ИА «Дунё»,
АМСТЕРДАМ.