Вазифаҳои такмил додани низоми батанзиоварии техникӣ муайян карда шуданд

  • Вазифаҳои такмил додани низоми батанзиоварии техникӣ муайян карда шуданд
  • Вазифаҳои такмил додани низоми батанзиоварии техникӣ муайян карда шуданд
  • Вазифаҳои такмил додани низоми батанзиоварии техникӣ муайян карда шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев 26 феврал бо муаррифии пешниҳодҳо оид ба такмил додани низоми батанзимоварии техникӣ шинос шуд.

Барои ислоҳсозӣ ва ҷорӣ кардани муносибатҳои замонавӣ дар соҳаи стандартизатсия дар кишварамон Агентии оид ба танзими техникӣ созмон дода шуда буд.

Дар солҳои охир 12 ҳазор стандарт қабул карда, 400 хели маҳсулот озмуда шуд. Дар натиҷа мо ба 40 бозори нави содиротӣ ворид шудем.

Дар баробари ин дар тӯли ҳафт соли охир муомилоти савдои хориҷии Ӯзбекистон 2,5 баробар зиёд гардида, ба 63 миллиард доллар расид.  Соли ҷорӣ содиротро 1,5 баробар афзоиш дода, ба 25 миллиард доллар расонидан дар назар аст. Ҳадафи шомил шудан ба Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат низ муайян шудааст.

Вобаста ба ин, боз ҳам такмил додани низоми мавҷудаи танзими техникӣ, пурзӯр намудани нақши он дар дастгирии содирот ва ҳифзи бозори дохилӣ аз молҳои пастсифат вазифаи таъхирнопазир мебошад.

Барои эътирофи сертификатҳои миллӣ, баланд бардоштани эътимод ба натиҷаҳои санҷиши лабораторияҳои ватанӣ дар хориҷа тавассути пур кардани базаи эталонҳои миллӣ, таҷдид намудани стандартҳои мавҷуда ва таҳияи регламентҳои нави техникӣ мутобиқи талаботи байналмилалӣ корҳои мунтазам анҷом дода мешаванд.

Муттаҳид намудани 6 низоми иттилоотӣ ва 2 портал дар соҳаи стандартизатсия, баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони дахлдори вазорату идораҳо, пурзӯр намудани кори кумитаҳои техникии соҳавӣ муҳим аст.

Дар тақдимот пешниҳодҳое баррасӣ шуданд, ки ҷиҳати ҳалли вазифаҳои дар соҳа истода таҳия гардидаанд.

Муайян шудааст, ки Агентии танзими техникӣ мустақиман ба тобеъияти Ҳукумат мегузарад.

Ташкили кори мунтазами эътирофи сертификатҳои миллӣ дар хориҷи кишвар, муқаррар намудани назорати қатъӣ барои пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат ва иҷрои талаботи Созишномаи СУТ оид ба монеаҳои техникӣ дар тиҷорат аз вазифаҳои асосии агентӣ муайян карда мешавад.

Инчунин, агентӣ барои тайёр намудани мутахассисони махсус ва такмили ихтисоси онҳо, таъмини шаффофият дар кор бо аҳолӣ ва соҳибкорон бо роҳи рақамисозии пурраи соҳа бевосита масъул мегардад.

Сарвари давлат аҳамияти идомаи корҳоро ҷиҳати ба даст овардани созишҳо бо кишварҳои пешрафта оид ба эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои санҷиш ва ҷорӣ намудани низомҳои байналмилалии сифат дар 1,2 ҳазор корхона дар соли ҷорӣ қайд намуд.

Инчунин номгӯи маҳсулотеро, ки ба онҳо талабҳои регламентҳои техникӣ истифода мешавад, васеъ карда, 19 регламенти техникиро дида баромадан ва нав кардан, кори ҷорӣ намудани эталонҳо ва воситаҳои ченкунии дақиқро вусъат додан лозим аст.

Пешниҳод шуд, ки барои ҳамкории муассир бо Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат дар сохтори агентӣ Маркази иттилоотӣ оид ба монеаҳои техникӣ дар тиҷорат ташкил карда шавад.

Ба мақсади баланд бардоштани неруи кадрӣ зарурати ҷалби мушовирони хориҷӣ ва омода намудани мутахассисони масъули стандартизатсия дар тамоми соҳаҳо зикр гардид. Муайян карда шуд, ки низоми ягонаи иттилоотии электронии «Танзими техникӣ» роҳандозӣ карда мешавад.

Сарвари давлат ин пешниҳодҳоро тасдиқ намуда, аҳамияти баргузории вохӯриҳоро дар маҳалҳо бо корхонаву соҳибкорон ҷиҳати омӯхтани мушкилот ва пешниҳодҳои онҳо дар соҳаи стандартизатсия таъкид сохта, ҳамчунин дастур дод, ки нақшаҳои мушаххас оид ба таҳияи стандартҳо ва бунёди лабораторияҳо татбиқ карда шаванд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: