Дар Ӯзбекистон ба се филиали минтақавии ёрии таъҷилӣ боз 30 адад Volkswagen Caddy супурда шуд

8 феврали соли ҷорӣ ба се филиали минтақавии ёрии таъҷилии Ӯзбекистон боз 30 адад мошини тоифаи А Volkswagen Caddy супурда шуд.

Дар ин бора хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад. Қайд карда мешавад, ки моҳҳои январ-феврали соли 2023 автопарки ёрии таъҷилии тиббӣ бо 227 автомашинаи  дар Ӯзбекистон истеҳсолшуда бой гардид.

Инчунин, дар моҳи августи соли 2023 50 адад, 100 адад дар моҳи сентябр, 100 адад дар моҳи октябр ва 108 адад дар моҳи ноябри соли 2023 вобаста ба зарурат ба филиалҳои минтақавии Маркази ҷумҳуриявии ёрии таъҷилӣ пешниҳод карда шуд.

Дар охири соли 2023, 100 мошини навъи ин моделро корхонаи автомобилии Ҷиззах ба Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ супорид.

Ин 30 мошин вобаста ба эҳтиёҷот ба филиалҳои ёрии таъҷилии Ӯзбекистон дар вилоятҳои Қашқадарё, Самарқанд ва Хоразм тақсим карда мешаванд.  Дар натиҷа шумораи умумии ин гуна мошинҳо дар сохтор аз 800 адад зиёд мешавад.

Тибқи нақша то моҳи марти соли 2024 ба минтақаҳо боз 170 мошини ёрии таъҷилии русуми Volkswagen Caddu оварда мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: