ӮЗБЕКИСТОН ВА ОЛМОН БАРОИ РИВОҶ ДОДАНИ ҲАМКОРИИ ДУҶОНИБА ОМОДА МЕБОШАНД

2 май дар шаҳри Берлин дар арафаи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон бизнес-форум баргузор гардид.

Дар он роҳбарони беш аз 250 ширкати бузург, холдинг, корхонаи саноатӣ, бонк, вазорат, идора ва иттиҳодияҳои саноатии ду мамлакат иштирок намуданд. 
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хӯҷаев алоҳида таъкид намуд, ки солҳои охир муносибати дуҷонибаи байни Ӯзбекистон ва Олмон фаъолона ривоҷ меёбад, ки ба ин ба туфайли эътимод ва иродаи сиёсии роҳбарони ду давлат ноил мегарданд. 
Дар панҷ соли охир табодули амвол дар байни ду мамлакат ду баробар афзуд. Бинобар натиҷаи соли 2022, нишондодҳои савдои дуҷониба боз 50 фоиз афзуда, бори аввал аз 1 миллиард евро зиёд гардид. 
Дар ҳамкории сармоявӣ ва саноатӣ низ пешрафти муттасил ба назар мерасад. Дар Ӯзбекистон миқдори корхонаҳое, ки бо иштироки сармояи Олмон ташкил гаштаанд дар байни якчанд сол қариб се баробар афзуда, аз 200-то зиёд шуд. Аз соли 2017 миқдори умумии сармояи азхуднамудаи Олмон 11 баробар афзуда, ҳоло беш аз 4 миллиард евроро ташкил менамояд.
Ширкатҳои маъруфи Олмон, мисли MAN, CLAAS, Knauf, GP Papenburg, Viessmann, Deutsche Kabel, LEMKEN дар Ӯзбекистон муваффақона ва фаъолона тиҷорат намуда, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор меандозанд. 
Эътибори доираҳои корчаллони Олмон ба шароити муносибе, ки дар мамлакатамон барои сармоягузорони хориҷӣ фароҳам оварда шудааст, ҷанбаҳои пуриқтидори иқтисодиёти Ӯзбекистон нигаронда шуд. Салоҳияти кадрҳо, ҷойгоҳи стратегии ҷуғрофӣ, тартиби савдои озод бо давлатҳои ИДМ, мақоми бенефисиарии GSP+, фаъолона корбарӣ оид ба узвият ба Ташкилоти савдои ҷаҳон, захираҳои ғании ашёи хом, инчунин омодагии дастгирии бевоситаи лоиҳаҳои муштарак ва ташаббусҳо аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ва ҳукумати он аз ҷумлаи инҳо мебошад. 
Соҳаҳои энергетика, кимиё, саноати озуқаворӣ ва бофандагӣ, металлургия, автомобилсозӣ, хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, электротехника, инчунин дорусозӣ ва тандурустӣ дар бобати ҳамкории дарозмуддат ба сифати самтҳои истиқболнок пешниҳод гардиданд. 
Намояндагони тиҷорати Олмон самараи ислоҳоти иқтисодии ҷории Ӯзбекистон, аз ҷумла шароити муносиби фароҳамоварда барои сармоягузорони хориҷӣ дар мамлакатамонро олӣ арзёбӣ намуданд. Онҳо иброз намуданд, ки дар бобати афзудани ҳамкорӣ, таҳияи лоиҳаҳои нави муштарак нияти қатъӣ доранд. 
Бизнес-форуми Ӯзбекистон ва Олмон бо музокироти «G2B» байни вазорат, идораҳо, роҳбарони ширкатҳои пешқадам ва муаррифиҳои лоиҳаҳои дақиқ дар қисмати соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ӯзбекистон  идома намуд.  
Дар поёни бизнес-форум дар бобати ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун аҳду паймон ба амал омад.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: