Муомилоти моли Ўзбекистон бо кишварҳои ИИАО се баробар афзуд

Дар ин бора вазири интегратсия ва макроиқтисодии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Сергей Глазев дар ҷаласаи гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкории КИА ва ҳукумати Ӯзбекистон, ки чанде пеш дар Самарқанд баргузор шуд, хабар дод.

Дар натиҷа Ӯзбекистон дар миёни шарикони тиҷоратии ин иттиҳодия дар ИДМ пешсаф шуд.

Дар баробари ин қайд кардан лозим аст, ки ба ҷумҳурӣ қариб нисфи ҳаҷми савдои берунии ИИАО бо мамлакатҳои ИДМ рост меояд.

Дар доираи комиссия ҳамчунин масъалаҳои наздик кардани системаҳои танзими техникӣ, ташкили платформаи ягонаи электронӣ барои маъмурияти гумрукӣ, назорати санитарӣ, фитосанитарӣ ва байторӣ низ баррасӣ шуданд.

Ба ғайр аз ин, дар чорабинӣ созмон додани хатсайрҳои муқобили логистикӣ бо давлатҳои ИИАО, аз ҷумла иштироки Ӯзбекистон дар лоиҳаҳои рақамикунонии ҳамлу нақли нақлиёти боркаш ва ҳавсамандгардонии робитаҳои кооперативӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: