ЧУ ЯК ҲАМСОЛИ МАН МИРАД...

Хотира муқаддас аст

Оқибат манзили мо зери замин хоҳад буд,
То қиёмат ҳамаро ҳол чунин хоҳад буд.

– Шунидед? Тоҳири физик рафт...
– Чӣ?! О, вай соли гузашта бандагиро ба ҷо оварда буд-ку?
– Шумо шодравон Тоҳир Ҳасановро, ки дар Новосибирск буд, дар назар доред? Ман дар бораи Тоҳир Олимов мегӯям...
Чунин буд муколамаи ҳамсинфон баъди нобаҳангом чашм аз олам пӯшидани устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, номзади фанҳои физика-математика Тоҳир Олимов.
Ӯ пас аз хатми синфи 8-уми мактаби таълими умумии рақами 17-уми маҳаллаи Гулбоғ шомили мактаби рақами 16-уми деҳаи Ӯрташайх шуд ва дар синфи 9 бо мо мувозӣ сабақ гирифт. Ҳангоми дарсҳои якҷоя, чорабиниҳои гуногун, олимпиадаҳои фаннӣ, хусусан мусобиқаҳои варзишӣ ҳамроҳ будем. Бо Тоҳири зукко, пешқадам ва ҳозирҷавоб унс гирифтем. Ӯ дар муддати кӯтоҳ бо хислатҳои неки инсонӣ, аз қабили хоксорӣ, росткорӣ ва ҷавонмардии худ ба ҳурмату эҳтироми ҳамсинфони нав сазовор гашта буд. Аз ҳама фанҳо баҳои аъло мегирифт. Роҳбари синфашон шодравон Ӯроқ Аҳадов нимҷиддиву ним- шӯхӣ мегуфт, ки Тоҳир Олимов албатта дар оянда физик мешавад. Чунки ӯ гоҳ-гоҳ дар ташхисхона амалиётҳои гуногунро мустақилона гузаронида, диққати устодашро ба худ мекашид. 
Соли 1968 мактаби мазкурро 14 нафар донишомӯзон бо медали тилло хатм карданд, ки яке аз онҳо Тоҳир Олимов буд. Вай ба маслиҳати роҳбари синфашон амал карда, ба факултаи физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супурд ва донишҷӯ шуд. 
Дар муассисаи олӣ аз профессорон Мақсуд Мӯъминов, Аминҷон Суяршоев, Ҳамза Ҳайдаров ва дигарон асрори фанни физикаро аз бар кард. 
Дорулфунунро бо дипломи сурх хатм намуд ва дар кафедраи астрономия фаъолияти илмии худро бо роҳбарии профессор Баҳром Маҳмудов идома дод. Дар бисёр анҷуманҳои байналхалқӣ бо маърӯзаҳо оид ба астрономия ва космонавтика ширкат варзид. Бо сафари корӣ ба кишварҳои Амрико, Ҷопон, Ҳиндустон ва ғайра рафт. 
– Камина бо Тоҳир Олимов на танҳо ҳамсабақ, инчунин ҳамкору ҳамфикр ҳам будем, – гуфт номзади илмҳои физика-математика, устоди ДДС Нуриддин Алиев. – Солҳои тӯлонӣ дар стансияи кайҳонӣ, ки дар кӯҳсори Оҳалик воқеъ буд, навбатдорӣ мекардему ҳодисаҳои коинот ва заррачаҳои рӯшноиро тавассути телескоп мушоҳида карда, қайд менамудем. Бо гузашти айём ҳар ду рисолаи номзадиро пасу пеш дифоъ кардем ва дар донишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро идома додем. 
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки барои Тоҳир Олимов таъмагарӣ, танбалӣ, худписандӣ мутлақо бегона буд. Ба шогирдон аз рӯи адолат ва савияи дониш баҳо мегузошт. На танҳо дар Самарқанд, инчунин дар Санкт-Петербург, Маскав ва Тошканд аз хизмати нақлиёти ҷамоатӣ истифода мебурд. “Меҳнати ҳалолу нони ҳалол” шиори зиндагиаш буд. 
Тоҳир Олимов бахти худро дар донишгоҳ ёфт. Вай бо Назира Раҳимова ақди никоҳ баст. Писараш Навфал факултаи иқтисодиётро хатм карда, то дараҷаи доктори фан расид. Духтаронаш Машҳура ва Моҳичеҳра ҳам сазовори унвонҳои илмӣ шуда, яке дар Самарқанд, дигаре дар Амрико фаъолият доранд. 
Сад дареғо, ки дили дӯсти ҷонӣ ва ҷавонии мо аз таппиш монд. Барои ба роҳи охирин гусел кардани ӯ мардуми зиёд ба деҳаи Кӯҳи Сахо ҷамъ омаданд. Пайвандон, ёру дӯстон, ҳамкасбу шогирдон бо сӯзу гудоз турбати ӯро ба хок супурданд.
– Сад дареғо, дидор ба қиёмат монд, – бо ҳасрату алам лаб ба сухан кушод писараш Навфал. – Зеро то аз Олмон омадам, аллакай дер шуда буд. Шодам, ки лоақал дар роҳ тавассути телефон бо падарам сӯҳбат карда тавонистам. Қиблагоҳи назмдӯстам доимо такрор мекарданд:
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.
Бинобар ҳамин насиҳати падар, мо – фарзандон ҳамеша ба андӯхтани дониш кӯшиш мекунем.

Аҳмадҷон СОЛЕЕВ,
ҷонишини ректори ДДС, доктори фанҳои 
физика-математика.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: