ДАР САМАРҚАНД ЛАБОРАТОРИЯИ МУШТАРАК ТАЪСИС МЕЁБАД

Дар доираи ташрифи ҳайати намояндагони Хитой ба Самарқанд дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим» дар ҳамкорӣ бо вилояти Шенсӣ маросими кушодашавии лабораторияи муштараки Хитой – Осиёи Марказӣ – «Як макон, як роҳ» оид ба омӯзиши инсон ва муҳити атроф» баргузор гардид.

– «Лабораторияи муштараки байналхалқии илмӣ-техникии археология ва ҳифзи мероси мадании Ӯзбекистон –Хитой» дар доираи меморандуми ҳамкории байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим» ва Донишгоҳи шимолӣ-ғарбии Хитой амалӣ мешавад, – гуфт ректори донишгоҳ Азиз Абдуҳакимов. – Ҳамкории муштарак, офаридани кӯпруки академӣ барои бемонеа ҳаракат кардани донишҷӯ ва устодони донишгоҳҳои Ӯзбекистону Хитой ҳадафи асосии ҳуҷҷат ба шумор меравад. Қобили зикр аст, ки лаборотория қисми таркибии «Лабороторияи муштараки байналхалқии илмӣ-техникии археология ва ҳифзи мероси мадании Ӯзбекистон – Хитой» ба ҳисоб меравад.
Ин лоиҳаи бузург бо ташаббуси Донишгоҳи шимолӣ-ғарбии Хитой ва шафеии Ташкилоти сайёҳии ҷаҳонӣ (UNWTO) дар бинои кампуси Академияи сайёҳии байналхалқӣ дар Самарқанд ташкил мешавад. То ҳол аз ҷониби Донишгоҳи шимолӣ-ғарбии Хитой ба 1 миллиарду 587 миллион сӯм 90 дона таҷҳизоти лабораторӣ ва ускунаҳои махсусро дар 36 навъ харид карда, ба донишгоҳ оварданд.
Бо мақсади назорати иҷрои таҷҳизонидан дар асоси стандартҳои махсус ду нафар мутахассиси Донишгоҳи шимолӣ-ғарбии Хитой дар корҳои сохтмони лаборотория иштирок мекунанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: