ХУШТАР ЗИ КИТОБ ЁРЕ НЕСТ

Имсол Маркази ахбору китобхонаи ба номи А. С. Пушкини вилояти Самарқанд 110-умин солгарди худро ҷашн мегиранд.

Имсол Маркази ахбору китобхонаи ба номи А. С. Пушкини вилояти Самарқанд 110-умин солгарди худро ҷашн мегиранд.
Дар саргаҳи хиёбони донишгоҳи Самарқанд бинои хушсохту зебое диққатро ба худ мекашад. Алҳол ин иншоот ба ҷойи дӯстдоштаи ҷавонон табдил ёфтааст. Замоне бо ташаббуси бостоншиноси маъруфу маърифатпарвар В. Л. Вяткин, кӯмаки беғаразонаи полковник Г. А. Брежитский, агроном Й.Н.Грушанский ва дигарон китобхонаи мазкур ба кор сар карда буд.
Баъдтар барои боз ҳам маълуму машҳур шудани китобхона директори он Шаҳодат Аҳмадова хеле заҳмат кашид. Бояд таъкид намуд, ки Шаҳодат Баҳриевна солҳои таҳсил дар факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд зуд-зуд ба ин китобхона омада, аз хидмати беминнати ходимон баҳра мебурд. Муҳаббат ба адабиёт ва таърих буд, ки ӯ аввал дар китобхонаи асосии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва 25 соли охир дар Маркази ахбору китобхонаи ба номи Пушкин ба ҳайси директор хидмат кард. Маҳз бо ғайрату ташаббускории ӯ дар ин ҷо корҳои ибратбахш ба фарҷом расиданд.
– Қарори сарвари давлатамон оид ба такмил додани хизмати ахбору китобхона айни муддао гардид, – гуфт Шаҳодат Баҳриевна. – Бинобар ин, мо лоиҳаи таъмири биноро таҳия намудем ва дар ин даргоҳи илм 6 миллиарду 320 миллион сӯмина корҳои бозсозиро амалӣ кардем. Бовар кунед, камина муддате ҳам роҳбар будаму ҳам бинокор. 
Барои мувофиқи талаби замон ташкил кардани хизмати ахбору китобхона ба Русия, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чехия, Олмон сафар кардам. Дар натиҷаи истифода аз таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ҳоло китобхонаи мо на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар арсаи байналхалқӣ низ нуфузи хоса дорад.
Пас аз таъмир дар китобхона соҳаҳои гуногуни хизматрасонӣ ташкил гардид. Толори маҷлис, қироатхона, осорхонаи дастнависҳои қадим, намоишгоҳ барои асарҳои нав, толори фоидабарӣ аз китобҳои электронӣ, нусхабардорӣ, шуъбаи маслиҳат ва ғайра далели фикри мост. Риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо китобхонаи миллии ба номи Алишер Навоии пойтахт, якчанд мамлакати Осиё ва Аврупо мустаҳкам шуданд. Ҳоло сайти махсуси китобхона – www.samarkand.uz амал мекунад, ки тавассути он аз аудиторияи миллӣ ва ҷаҳонӣ метавон истифода кард. 
– Шоҳида Баҳриевна, ҳоло дар бойгонии китобхона чӣ қадар китоб ҳаст? Бо забони тоҷикӣ низ китобҳо ҳастанд?
– Дар бойгонии мо беш аз 633 ҳазор китоб мавҷуд буда, он қариб 500 ҳазор номгӯй китобҳои русӣ, беш аз 40 ҳазор адад адабиёти ӯзбекӣ ва ду ҳазор асарҳои тоҷикӣ мебошанд. Пас аз ба истиқлол расидан ва бинобар баста шудани сарҳад бо Тоҷикистони бародарӣ фонди китобҳои тоҷикӣ кам гардид. Хушбахтона, солҳои охир бо ташаббуси сарвари давлат сарҳадҳо бо ин давлати ҳамсоя кушода шуд. Умед аст, ки минбаъд аз Тоҷикистон китобҳои тозанашр хоҳем гирифт. 
– Дар бораи кормандони китобхона низ чанд сухан мегуфтед.
– Дар ин ҷо беш аз 50 нафар мутахассисони соҳаҳои гуногуни дорои маълумоти олӣ адои вазифа мекунанд. Ходимони пуртаҷриба Мастура Ҳайитбоева, Муҳаббат Шертоева, Нигора Наҷмиддинова,  аз он ҷумла ҷавонон Насиба Мирзоева, Заррина Ҷунайдова ва дигарон ба мизоҷон хизмати беминнат мерасонанд.
– Сулолаи Аҳмадовҳо дар Самарқанд машҳуранд.
– Барои илтифот ташаккур! Фарзандонам дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Набераам Асилбек ҳафт забон – англисӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ, хитоӣ, арабӣ, русӣ ва ҳиндиро мукаммал медонад Қуръони Каримро ҳифз намудааст. Набераи дигарам Баҳринисо, ки ба хотири падари бузургворам чунин ном гузоштаам, алъон дар факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Самарқанд мехонад. Аллакай бисёр китобҳоро хондааст. 
– Шумо роҳбари соҳибтаҷриба, модари меҳрубон, модаркалони дуогӯй ҳастед. Мехоҳем маслиҳату насиҳати шуморо тавассути рӯзнома ба насли наврас расонем.
– Солҳои таҳсил дар мактаб ин байти машҳури Абдураҳмони Ҷомиро аз ёд карда будам:
Аниси кунҷи танҳоӣ 
китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ 
китоб аст.
Модоме ки «хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест» ва аз он дар гӯшаи танҳоӣ сад роҳат ҳаст, бояд бо китоб дӯст бошем, бештар китоб хонем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: