29 август дар Урганҷ маросими тантанавии ифтитоҳи маҷмӯи ёдгории Ҷалолиддин Мангубердӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба маросим ташриф оварда, якҷоя бо намояндагони ҷомеа ёдгории сарлашкарро кушод. Мадҳияи давлатии кишварамон садо дод.
Сарвари давлат дар суханронии худ шахсияти сарлашкар ва ҷойи ӯро дар таърих таъкид кард.
– Ҷалолиддини Мангубердӣ намояндаи бузурги ниёгони мост, ки барои истиқлолияти кишвар мубориза бурда, ҷони худро нисор кардааст. Дар муҳаббату садоқат ба Ватан, шаъну шараф дар ҷаҳон кам дар кам шахс ба Ҷалолиддини Мангубердӣ баробар шуда миетавонад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ҷалолиддин соли 1098 ба дунё омада, дар умри кӯтоҳаш дар таърих нақши фаромӯшнашаванда гузошт. Вай дар синни 21-солагӣ ба ҳуҷуми муғулҳо нотарсона муқобил баромад. Дар тӯли 11 сол дар зиёда аз муҳорибаи зидди истилогарон иштирок карда, ба онҳо муқобилияти сахт нишон дод. Ҳатто Чингизхон ҷасорати ӯро дида, гуфт: «Хушбахт аст падаре, ки чунин фарзанди қаҳрамон дорад». Султони шуҷоъ, ки озмоишҳои сахти тақдирро мардонавор паси сар кард, дар синни 32-солагӣ ба дасти хоинон афтод.
Султон Ҷалолиддин на танҳо барои ҳимояи Ватан, балки даҳҳо мамлакатҳои дигари ҷаҳон низ бархост. Номи ӯ ва қаҳрамонию мардонагии ӯ дар байни халқҳои гуногун ба афсона табдил ёфтааст.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти кишвар хотираи ачдоди бузургворамон абадӣ гардонда шуд. Рӯзҳои таваллудаш муносиб қайд карда шуданд. Яке аз мукофотҳои олии мамлакатамон – ордени «Ҷаллиддини Мангубердӣ» таъсис ёфт.
Бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти ӯ асарҳои илмию бадеӣ офарида шудаанд. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо синамогарони турк филми таърихии силсилавии «Ман – Ҷалолдиддин» ба навор гирифта шуд. Дар шаҳри Урганҷ литсейи ҳарбӣ-академии ба номи Ҷалолиддини Мангубердӣ бо мақсади тарбияи ҷавонони ватандӯсти шоистаи саркардаи бузург ташкил карда шуд.
Маҷмӯи ёдгорӣ, ки дар маркази шаҳри Хоразм бунёд ёфтааст, яке аз самараҳои корҳои нек дар ин самт мебошад. Ин ташаббус аз ҷониби Президент соли 2018 ба миён гузошта шуд. Ҷойи гузоштан, мазмуни бадеию ғоявии ёдгорӣ бо иштироки муаррихон, санъатшиносон ва бинокорон муфассал муҳокима карда шуд. Сарвари давлатамон аз сохтмон борҳо дидан кард.
Ҳамин тариқ ҳайкали бошукӯҳи 25 метра қомат рост кард. Дар он Ҷалолиддини Мангубердӣ, ки лаҷоми аспро дар даст дошта, барои ҳифзи Ватан кӯшиш мекунад, тасвир ёфтааст. Ватандӯстӣ ва иродаи шикастанопазири халқи мо, ки ба оянда дилпурона назар мекунад, дар симои барҷаста ва сарбаланди султон таҷассум ёфтааст.
Дар назди маҷмӯъ нусхаи санги эпитафияи Ҷалолиддини Мангубердӣ гузошта шудааст. Дар болои санги вазнаш 32 килограмм ва баландиаш 30 сантиметр оятҳои Қуръон, насабномаи Ҷалолиддини Мангубердӣ кандакорӣ шудааст. Нусхаи аслии он дар Эрон пайдо шудааст ва дар осорхонаи машҳури Бритониё дар Лондон маҳфуз аст. Ин ҳам аз шуҳрати васеи байналмилалии аҷдоди бузургамон шаҳодат медиҳад.
Дар майдони қариб 8 гектар, ки маҷмӯъ доман густурдааст, дар назди кӯчаи Ал-Хоразмӣ ва Ислом Каримов корҳои васеъмиқёси сохтмонӣ анҷом дода шуданд. Дар зери майдони муҷассама нақби автомобилӣ сохта шуд. Дар ҳудуди маҷмӯъ қариб 18 ҳазр бех ниҳоли ороишӣ, гулу бутта шинонда шудааст.
Маҷмӯъ боз як ҷозибаи Хоразм гардид, ки рӯз то рӯз зеботар мегардад. Аз ҷумла, дар давоми панҷ соли охир дар вилоят тамоми марказҳои ноҳияҳо, қариб 100 деҳаву маҳалла ободу зебо карда шуданд. Барои сайёҳон 80 меҳмонхонаи нав сохта шуд.
Ба шаҳри Хева роҳи оҳан кашида шуда, вокзали нави роҳи оҳан кушода шуд. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли 2024 қатораи баландсуръати Афросиёб ба сӯи шаҳр-музейи зери осмони кушод ба роҳ монда шавад. Созмони ҳамкории исломӣ дар соли 2024 шаҳри Хеваро ба унвони пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом эълон кард, ки эътирофи муносиби ин талошҳо буд.
Дар идомаи ин корҳо оид ба офаридани бренди сайёҳии Хоразм ҳамчун ҷойи ҷалби сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ чораҳо андешида мешавад. Маҷмӯи Ҷалолиддини Мангубердӣ дар байни ҷойҳои ҷолиби диққати вилоят ҷойгоҳи хосеро ишғол хоҳад кард.
Сарвари давлат таъкид кард, ки ҳаёт ва фаъолияти саркардаи бузург Ҷалолиддини Мангубердиро амиқ омӯхта, онҳоро дар байни халқи мо, бахусус ҷавонон васеъ таблиғ намоем.
Аз ҷумла ба туфайли чунин пажӯҳишҳо қабри бобои бузургамон дар шаҳри Силвани Туркия пайдо шуд. Сарвари давлатамон пешниҳод кард, ки дар якҷоягӣ бо шарикони туркӣ мақбараи рамзӣ бунёд карда шавад.
Таъкид гардид, ки дастгирии пажӯҳишҳои илмӣ ва эҷодии олимону адибон, эҷоди энсиклопедияи илмӣ, ки таърихи корнамоиҳои Ҷалолиддини Мангубердиро ҳамаҷониба фаро мегирад, вазифаи муҳим аст.
– Бо аҷдоди бузурги мо аз ҷумла Ҷалолиддини Мангубердӣ, ки дар тӯли умри кӯтоҳи худ ба Ватан меҳру садоқати бепоён, истеъдоди барҷастаи ҳарбӣ, ки ба халқи ӯзбек хос аст, нишон додааст, фахр кардан лозим аст. Боварӣ дорам, ки солҳо ва асрҳо мегузаранд, вале Султон Ҷалолиддин ҳамеша рамзи хомӯшнашавандаи ғамхорӣ ва муҳаббат ба Ватан, содиқона хидмат кардан ба он боқӣ мемонад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар чорабинӣ собиқадорони меҳнат ва намояндагони зиёиёни Хоразм, хидматчиёни ҳарбӣ ба сухан баромада, ҳозиронро табрик карданд.
Дар назди муҷассама зери садои марши «Ҷалолиддини Мангубердӣ» ротаи қаровули фахрии Гвардияи миллӣ бо тантана роҳпаймоӣ карданд.
Президент Шавкат Мирзиёев ба пойи ёдгории Ҷалолиддини Мангубердӣ гул гузошт.
Маросим бо барномаи консертии ватанпарварӣ идома ёфт.