БОНКИ ҶАҲОНӢ ОМОДА АСТ

Вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлими ҷумҳурӣ Азиз Абдуҳакимов дар ҳошияи конфронси байналмилалии CMS COP 14 бо директори глобалии Бонки ҷаҳонӣ оид ба муҳити зист, захираҳои табиӣ ва иқтисодиёти «сабз» Валери Хикей раванди корҳои ҷориро оид ба иқлими устувори сабз мавриди баррасӣ қарор дод.

Хикей дар мулоқот аз он ибрози эътимод намуд, ки Ӯзбекистон ба идоракунии партов хеле таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. 
– Маро он нукта хеле шод намуд, ки коркард ва навъбандии партовҳои дурушти маишӣ, дастгирии соҳибкорону кормандони соҳа аз ҷониби давлат хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва мо бо Ӯзбекистон дар ин самт аз наздик ҳамкорӣ мекунем, – изҳор намудааст Хикей.
Азиз Абдуҳакимов дар бораи ҳадафҳо ва ташкили самараноки системаи идоракунии партов, ҷорӣ намудани иқтисодиёти даврӣ, инчунин аҳамияти принсипи «бидуни партов» дар кишвар ба намояндаи Бонки ҷаҳонӣ маълумот ироа намудааст.
Дар поёни мулоқот дар робита бо ҳамкорӣ ҷиҳати ҷалби ширкатҳои пешқадами соҳаи партов ба Ӯзбекистон, ҷорӣ намудани сармоягузориҳои Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт ва ҷудо кардани грантҳо тавофуқ ҳосил шудааст. Ин грантҳоро Маркази ҷумҳуриявии ташкили тозагии санитарии Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим ба танзим хоҳад даровард.
Дарвоқеъ, Маркази ҷумҳуриявии ташкили тозагии санитарии Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим ҷорӣ намудани системаи ягонаи биллингии баҳисобгирии абонентӣ ва пардохтро ба роҳ мондааст. Хусусан, пардохти электронии давлатии «Макони сабз», ки ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад, инчунин ривоҷ додани сохтори ахбор аз намунаи ин корҳои марказ маҳсуб меёбанд.
Ба гуфтаи Дилноза Комилова, роҳбари дафтари матбуоти Маркази ҷумҳуриявии тозагии санитарӣ, зимни азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт  феҳрасти аниқи 4 ҳазору 282 мошин тартиб дода шуд. Ба 3 ҳазору 48-тои ин мошинҳо дастгоҳҳои GPS насб карда шудаанд. GPS (Global Positioning System – системаи ҷойгиркунии глобалӣ) як системаи паймоиши моҳвораӣ мебошад, ки ченкунии масофа, вақт ва маконро дар системаи координати ҷаҳонии WGS 84 таъмин мекунад. 
Маълум шуд, ки ҳоло 1 ҳазору 782 воҳиди техникаи махсус барои истифодаи ройгон ба муддати 10 сол дода шуда, 1 ҳазору 433 нуктаи ҷамъоварии партов, 88 таваққуфгоҳ ва 8 ҳазору 700 контейнер бо шарти қисм-қисм пардохт намудани маблағ ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Танҳо дар соли 2023 ба воситаи сохтори электронӣ ҷиҳати ҷамъоварии партовҳои маишӣ ва интиқоли он бештар аз 565 миллиард сӯм маблағ аз худ карда шудааст.
– Ғайр аз ин барои мустаҳкам намудани базаи миддию техникии корхонаҳо аз ҳисоби маблағи Бонки осиёи рушд низ ба муассисаҳои санитарӣ 300 дастгоҳи 12 мукааабметрӣ ва 41 мошини 7 мукаабметрӣ тақдим гардид. Сатҳи фарогирии аҳолӣ бо хидматрасониҳои санитарӣ имрӯз ба таври иловагӣ 2,5 миллион нафарро ташкил медиҳад, – иброз дошт Д. Комилова.
Вай боз ба як нуктаи муҳим таъкид намуд, ки 299 корхонаи коркарди партовҳо аз миллион тонна партовҳои маишии аҳолӣ ҳудуди 2,5 миллион тоннаашро мавриди коркард қарор додаанд. Он аз рӯи нишондиҳанда ба 37 фоизи ҳаҷми умумии партови ҷамъоваришуда рост меояд. Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани сифати хидматрасонии корхонаҳои сантехникӣ, таъмини иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор 27 корхонаи сантехникӣ фаъол карда шуд. 
Ногуфта намонад, ки соли гузашта ба Маркази ҷумҳуриявии ташкили тозагии санитарии Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шахсҳои ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ 1 ҳазору 580 муроҷиат сурат гирифта, аз ин шумор 1 ҳазору 63 муроҷиат, яъне 68 фоизи он қонеъ гардонида шудааст. Нисбати 494-тои он дар баробари ироаи шарҳи ҳуқуқӣ, ҳамзамон барои иҷро ба ташкилотҳои дахлдор интиқол ёфтааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: