Дар Афғонистон боз як заминларзаи сахт рух дод

  • Дар Афғонистон боз як заминларзаи сахт рух дод
  • Дар Афғонистон боз як заминларзаи сахт рух дод

Такони аз ин пеш ҳам чунин иқтидор дошт.

Субҳи рӯзи 11 октябр дар Ҳироти Афғонистон боз ду заминларзаи сахт рух дод. Таконҳои замин дар 100-километрии маркази ин шаҳр ба қайд гирифта шуданд.

Иқтидори заминларзаи аввалро Маркази аврупоии зилзилашиносии Баҳри Миёназамин 6,3 балл ва қувваи такони дуюмро баъди 12 дақиқа - 5,2 балл арзёбӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Маркази зилзилашиносии Амрико шиддати ин заминларзаро 6,3 дараҷа эълом кардааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, маркази заминларза дар 28 километр дуртар аз шаҳри Ҳирот буда, дар умқи 10 километр рух додааст.

Ёдрас мекунем, ки заминларзаҳои пешин бо ҳамин иқтидор дар 40-километрии шимолу ғарби Ҳирот рӯзи 7 октябр рух дода, пас аз он боз якчанд такони қуввааш аз 4,3 то 6,3 балл ба қайд гирифта шуд.

Қобили зикр аст, ки бар асари заминларзаи рӯзи 7 октябр зиёда аз 9 ҳазор нафар захм бардошта, беш аз 2 ҳазор нафари дигар ҷон бохтаанд ва 1 ҳазору 300 хона вайрон шуда ё зарар дидааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: