Чораҳои рушди энергетикаи муқобил ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ муайян карда шуданд

  • Чораҳои рушди энергетикаи муқобил ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ муайян карда шуданд
  • Чораҳои рушди энергетикаи муқобил ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ муайян карда шуданд
  • Чораҳои рушди энергетикаи муқобил ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ муайян карда шуданд
  • Чораҳои рушди энергетикаи муқобил ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ муайян карда шуданд
  • Чораҳои рушди энергетикаи муқобил ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ муайян карда шуданд
  • Чораҳои рушди энергетикаи муқобил ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ муайян карда шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев 17 июни соли 2021 ба сохтмони шаҳраки Андиҷони Нав дар ҳудуди теппагии ноҳияи Андиҷон оғоз карда буд. Имрӯзҳо дар ин ҷо биноҳои серошёна, мактабу боғчаҳои бачагона сохта мешаванд.

1 феврал дар шаҳраки бунёдшаванда оид ба масъалаҳои густариши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таъмини шуғли аҳолӣ ҷаласа баргузор гардид.

Баробари пешрафти иқтисодиёт ва афзоиши шумораи аҳолӣ талабот ба қувваи электр зиёд мешавад. Дар давоми панҷ соли охир дар мамлакати мо хонаводаҳо 1 миллиону 200 ҳазор нафар афзуда, шумораи корхонаҳо ба 260 ҳазор нафар расид. Ин сарфи қувваи электрро 35 фоиз зиёд кард. Аз ҷумла, дар вилоятҳои Андиҷон, Фарғона ва Намангон талабот ба неруи барқ ​​40 дарсад афзоиш ёфт.

– Дар чунин шароит роҳи дурусти ҳалли ин масъала афзоиши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба ин муносибат дар маҷлис диққати асосӣ ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои офтобию бодӣ дода шуд.

Дар назар аст, ки имсол дар ноҳияҳои Поп ва Фарғона 2 неругоҳи фотоэлектрикӣ бо иқтидори 600 мегаватт бунёд карда шавад. Дар Андиҷон имконияти бунёд намудани 41 то, Намангон 32 то, Фарғона  27 то НБҲ кучак ҳаст.

Сарвари давлат таъкид кард, ки бояд дар корхонаҳои бузург аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истифода бурда, дар маҷмӯъ ба худтаъминкунӣ бо неруи барқ ​​гузаранд.

Оиди дар объектҳои иҷтимоӣ ҷорӣ намудани энергияи офтоб энергияи алоҳида ташкил карда мешавад, ки ба он 200 миллион доллар ҷудо карда хоҳад шуд.  Ин ширкат панелҳои офтобӣ ва обгармкуниро насб карда, неруи “сабз”-и ҳосилшударо ба муассисаи давлатӣ мефурӯшад. Ҳамчунин зарурати бо таҷҳизоти замонавӣ иваз кардани 3000 дегхонаи кӯҳна дар муассисаҳои иҷтимоӣ зикр гардид.

Чораҳо оид ба  сарфа кардани захираҳои энергетикӣ муайян карда шуданд. Вазифа гузошта шуд, ки барои аҳолӣ низоми ҷолиби истифодаи энергияи офтоб ба вуҷуд оварда шавад.

Масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва шуғли аҳолӣ буд.

Тавре маълум аст, дар минтақаҳо дар ин самт шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Аз ҷумла, мувофиқи қарори Президент, ки 31 январ имзо шуд, ба вилояти Андиҷон 1,1 триллион сӯм  қарзҳои имтиёзнок барои соҳибкории оилавӣ ҷудо карда хоҳад шуд.

Тайи ду соли охир ба сокинони вилоят 8 ҳазор гектар замини ҳосилхез ҷудо карда шуда, соли 2023 боз 10 ҳазор гектар замин ҷудо карда хоҳад шуд. Дар маҳаллаҳо барои рушди саноат 36 микромарказ ташкил карда мешавад.

Сарвари давлат таъкид кард, ки Андиҷонро, ки сарзамини мардуми ташаббускору меҳнатдӯст аст, метавон ба вилояти аз бекорӣ озод табдил дод.

Воқеан, дар соли ҷорӣ дар вилоят 235 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 800 миллион доллар анҷом дода, 40 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд. Дар 10 ҳазор гектари барои аҳолӣ ҷудошуда 75 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва 200 ҳазор ҷойи кори мавсимӣ таъсис дода мешавад.

Ҳамчунин вазифаҳо оид ба касбомӯзии бекорон, беҳбуди инфрасохтори иҷтимоӣ ва инфрасохтори тиҷоратии маҳаллаҳо зикр гардиданд.

Ҳокимони ноҳияву шаҳрҳо дар бораи нақшаҳо оид ба баланд бардоштани шуғли аҳолӣ ҳисобот доданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: