Дар Ӯзбекистон марҳилаи интихобии олимпиадаи ICPC баргузор шуд

Дар филиалҳои минтақавии IT Park ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд марҳилаи минтақавии олимпиадаи байналмилалии донишҷӯён оид ба барномасозии ICPC баргузор шуданд.

Барои ширкат дар мусобиқот беш аз 200 даста сабти ном шуда буданд, воқеан дар он 150 даста аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доштанд.

80 даста аз даври интихобӣ гузашта, дар марҳилаи ҷумҳуриявӣ, ки 22 октябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

ICPC чемпионати солонаи барномасозӣ байни донишҷӯёни донишгоҳҳои саросари ҷаҳон мебошад. Ҳар сол зиёда аз 10 000 дастаҳо иштирок мекунанд. Ғолибони чемпионат имкон доранд, ки аз ширкатҳои мутааллиқ ба гурӯҳи FAANG (пешвоёни технологияҳои ҷаҳонии Facebook, Amazon, Apple, Netflix ва Google), инчунин аз дигар ташкилотҳои калон оид ба кор пешниҳод гиранд.

Марҳилаи ҷумҳуриявии ICPC бо дастгирии IT Park ва ширкати Mohirdev баргузор мешавад. Ғолибон барои марҳилаи навбатии чемпионати ICPC интихоб карда, бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд:

Ҷойи 1-ум – 25 миллион сўм;

Ҷойи 2-юм – 15 миллион сўм;

Ҷойи 2-юм — 10 миллион сум.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: