СУРУДҲОИ ҚАЗОҚӢ ТАНИНАНДОЗ ШУД

Дар кишвари мо рӯзҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Қазоқистон идома дорад.

Бо ҳамин муносибат дар Кохи «Нурафшон»-и шаҳри Самарқанд дастаи ҳунарии ба номи Роза Баглановаи «Қазоқконсерт» баромад намуда, ба ҳозирон ғизои маънавӣ бахшиданд.
Сурудҳои дилошӯби санъаткорони Қазоқистон Алишер Каримов, Русия Байдикенова, Маъдӣ Сиздиков ва дигарон бо кафкӯбӣ ва гулдастаҳои тару тоза арзёбӣ гардид. 
Ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов меҳмононро хайра мақдам гуфта, доир ба дӯстии ду кишвари ҳамсоя ҳарф зад ва ҳунарпешаҳои қазоқро ба фестивали имсолаи «Таронаҳои Шарқ» таклиф намуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: