Дар бораи нақшаҳои соҳаи металлургӣ маълумот доданд

  • Дар бораи нақшаҳои соҳаи металлургӣ маълумот доданд
  • Дар бораи нақшаҳои соҳаи металлургӣ маълумот доданд
  • Дар бораи нақшаҳои соҳаи металлургӣ маълумот доданд
  • Дар бораи нақшаҳои соҳаи металлургӣ маълумот доданд

Президент Шавкат Мирзиёев 1 феврал бо тақдимот дар бораи тадбирҳои рушди корхонаҳои металлургӣ шинос шуд.

Комбинатҳои маъдани кӯҳии Навоӣ, маъдани кӯҳии Олмалиқ, комбинати маъдани кӯҳии Ӯзбекистон ва корхонаи давлатии «Навоийуран» дар иқтисодиёти мамлакатамон мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Дар солҳои охир ба ин чаҳор корхона 7 миллиарду 400 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст. Дар натиҷа истеҳсоли тилло 23 фоиз, мис 41 фоиз, нуқра 60 фоиз афзуд. Дар комбинати Навоий 4 кони нав азхуд карда, 3 завод ба кор андохта шуд. Дар «Ӯзметкомбинат» ва «Навоийуран» низ истеҳсоли маҳсулот афзуд.

Дар маҷмӯъ, дар 6 соли охир ҳиссаи ин корхонаҳо дар ҳаҷми умумии саноат аз 10 то 17 фоиз ва дар даромади буҷет аз 11 то 25 фоиз афзуд.

Тавре маълум аст, Ӯзбекистон дар назди худ ҳадаф гузоштааст, ки то соли 2030 ҳаҷми иқтисоди худро ду баробар афзоиш диҳад. Дар баробари ин, рақобати афзоянда дар ҷаҳон вазифаҳои навро ба миён мегузорад. Ба ин муносибат масъалаи зиёд кардани самараи кори ин корхонаҳои калон аҳамияти муҳим пайдо мекунад.

Дар муаррифӣ шахсони масъул нақшаҳои зиёд намудани истеҳсолот ва ба соҳа ҷалб намудани сармояро изҳор намуданд. Сарвари давлатамон зарурати трансформатсияи комбинатҳоро бо ҷалби коршиносони хориҷӣ, эътибори алоҳида додан ба ҷорӣ кардани ҳалҳои рақамӣ ва технологияҳои “сабз”-ро таъкид намуд. Оид ба азхудкунии сармоягузорӣ ва тезонидани лоиҳаҳои нав супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дар бобати мақбулгардонии хароҷоти амалиётӣ ва истеъмоли энергия, кам кардани арзиши аслӣ вазифаҳо гузошта шуданд. Аҳамияти баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат дар комбинатҳо, ҷорӣ кардани нишондиҳандаҳои самарабахшии (KPI)  дар фаъолияти кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисон таъкид ёфт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: