«ӮЗБЕКГИДРОЭНЕРГО»: НАТИҶАҲО – ХУБ, НАҚШАҲО – АМАЛИШАВАНДА

Ӯзбекистон тавлиди ҳарчи бештари неруи барқи обиро аз вазифаҳои асосии иқтисодӣ қарор додааст.

Барои ҳамин натиҷаҳои дар муддати як сол бадастомада, ки муваффақияти соҳаи гидроэнергетика мебошанд, қобили таърифу тавсиф аст. Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт асосҳои меъёриву ҳуқуқиро офаридаанд. Бо истифода аз он татбиқи лоиҳаҳое корбаст мегарданд, ки тавассути ҷалби сармояҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ ба даст омадаанд. 

Ин матлаб дар ҷараёни нишасти матбуотии мақомоти Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» дар мавзӯи «Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго»: натиҷагириҳо аз соли 2023, нақшаҳои истиқболнок ва дастовардҳо дар рейтинги байналмилалӣ» баён карда шуд, ки дар Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Дастгоҳи Президент баргузор гардид. 
Тавре яке аз масъулони ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» Фаррух Нуруллоев ба журналистон гуфт, дар баробари ин муваффақиятҳо, фаъолияти мунтазам ва самараноки ҷамъият дар сатҳи байналмилалӣ низ қобили эътироф мебошад, зеро он ба як қатор рейтингҳои байналмилалӣ ноил мегардад.
– Ба маълумоти шумо мерасонам, ки ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» бо Фармони Раисҷумҳур ҳанӯз 18 майи соли 2017 таъсис ёфтааст. Аз ҳамон вақт то кунун дар ин сохтор корҳои бузургу азим ба амал бароварда шуданд. Ба таври мисол, дар натиҷаи ислоҳоти фаъол дар маҷмӯъ 36 лоиҳа, аз ҷумла сохтмони 23 неругоҳи нави обӣ роҳандозӣ гардида, аллакай бомуваффақият мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин, 13 неругоҳи мавҷуда дар асоси стандартҳои муосир пурра аз тармим баромад, – изҳор намуд Фаррух Нуруллоев.
Дар шаш соли охир шумораи умумии неругоҳҳои барқи обӣ аз 35 адади соли 2017 ба 58 адад афзоиш ёфтааст. Дар баробари ин иқтидори муқарраршуда аз 1856 МВт то ба 2233 МВт боло рафта, боз ба таври иловагӣ ҳудуди 400 МВт  қувваи нав ба кор даромадааст. Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда натанҳо дар Ӯзбекистон, балки дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз бузургтарин нишондиҳандаҳо ба ҳисоб меравад. Маълум шуд, ки дар айни ҳол тибқи Барномаи сармоягузорӣ корҳои сохтмону васлкунӣ 13 лоиҳаи сармоягузоришуда идома дорад, ки иқтидори умумии он 749 МВт-ро ташкил менамояд.
Ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» Сӯҳроб Ҳамроев ҳар сол барои бунёди чанд истгоҳи барқи обӣ талош ба харҷ дода мешавад ва ин бесабаб нест. Зеро барқи обӣ ҳам арзон буда, зимни тавлиди он ба экология зарари ҷиддӣ ворид карда намешавад. Гузашта аз ин, теъдоди мардуми мо, яъне истифодабарандагони барқ сол аз сол афзоиш меёбад ва ин «Ӯзбекгидроэнерго»-ро водор месозад, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда босамар истифода намояд.   
– Аммо ҳоло дар тамоми олам камшавии об ҷомеаи ҷаҳониро ба нигаронӣ мувоҷеҳ намудааст. Оё дар сурати камшавии об тавлиди неруи барқи обӣ коҳиш нахоҳад ёфт, – пурсида шуд аз Сӯҳроб Ҳамроев.
– Оре, солҳои охир дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ фаслҳои камобӣ тез-тез такрор мешаванд. Бо вуҷуди ин, ба шарофати иқтидорҳои иловагие, ки дар натиҷаи корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» ба амал бароварда шудаанд, натанҳо иқтидори гидроэнергетикиро нигоҳ доштан имконпазир мебошад, балки иқтидорҳои мавҷударо сол аз сол зиёд кардан мумкин гаштааст.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ боз ба он нукта ишора карда шуд, ки соли ҷорӣ аз ҷониби корхонаҳои тавлиди неруи барқи тобеи ҷумҳурӣ ба шабакаҳои барқи миллӣ интиқол додани қариб 7 миллиард кВт/соат неруи барқ ба нақша гирифта шудааст. Ин назар ба соли гузашта 8 фоиз зиёд мебошад.
Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» дар чаҳор соли охир ба пурқувваттарин агентиҳои байналмилалии «сегона»-и ҷаҳон шомил мебошад. 
Дар нишасти матбуотӣ дастандаркорони ин ташкилот роҷеъ ба он низ маълумот ироа намуданд, ки аз рӯйи баланд бардоштани шаффофияти низоми хариди давлатӣ, аудити равандҳои харид барои солҳои 2022 ва 2023, баланд бардоштани самаранокии системаҳои зиддикоррупсионӣ («форензик»), ки яке аз хадамоти аудитории «Чоргонаи калон» мебошад. Ҷамъият дар ҷаҳон ба гирифтани хулосаи мусбати аудиторӣ ноил гардидааст.
Ногуфта намонад, ки муваффақияти дигари Ҷамъият ҷорӣ намудани сертификати «Энергетикаи сабз» дар неругоҳҳои барқи обии таҳти тасарруфи ин ҷамъият мебошад. Бар асоси қарори Президенти мамлакат «Дар бораи чораву тадбирҳои ҷорӣ намудани сохтори сертификатҳои «Энергияи сабз» аз 12 майи соли 2023 таҳти рақами ҚП-156 бори нахуст дар мамлакати мо системаи сертификатсияи қувваи барқ ҷорӣ карда шудааст, ки дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи барқи Ҳуланд I-REC «Green Energy» татбиқ гардидааст. Ҳоло ҷиҳати фурӯхтани ин сертификатҳо тавассути биржаҳои савдо тадбирҳои амалӣ дида мешаванд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
»Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: