Ба ҳар як сокини ноҳияи Сариосиё пӯшида нест, ки табиати мӯъҷизаофари дараи Ниҳон бетакрору хушманзара аст, ки ҳар як бинандаро мафтун мегардонад.
Ба ҳар як сокини ноҳияи Сариосиё пӯшида нест, ки табиати мӯъҷизаофари дараи Ниҳон бетакрору хушманзара аст, ки ҳар як бинандаро мафтун мегардонад. Зебоиҳои ин табиати фусункорро на танҳо дар ноҳия, балки дар миқёси вилоят ва берун аз он ҳам хуб медонанд. Тасвири дараи Ниҳон бошад ҳанӯз як қарн пеш аз ин дар асари Устод Айнӣ «Дохунда» чунон ба риштаи тасвир кашида шудааст, ки ҳамто надорад. Аз ин рӯ, ҳар нафаре, ки дар ҳудуди ин дараи овозадор умр ба сар мебарад, ба андешаи мо хушбахттарин фарзанди ин мавзеъ маҳсуб меёбад.
Деҳаи дурдасти Маланд, ки се сол қабл аз ин ба тасарруфи ноҳияи Сариосиё ворид шуду дар баландии 2700 метр ҷойгир аст, аз маркази ноҳия дар масофаи 70 км. дур, дар шафати Дараи Ниҳон воқеъ аст. Бар замми ин бо табиати мафтункораш маълуму машҳур аст. Мардуми ин деҳа бештар ба парвариши гандуму ҷави лалмӣ, меваю сабзавот ва чорводорӣ машғул буда, идомагари касби бобоёни худ мебошанд.
Ба наздикӣ як хабари хуш шунидем. Тадбиркори ҷавон, оне, ки деҳаи Маландашро дӯст медорад – Бахтовар Холмуродов ба як ташаббуси нек даст задааст. Вай бо мақсади ривоҷ додани саёҳати дохилӣ, ҳамзамон ошно намудани мардум бо ҷойҳои таърихӣ, зиёратҷойҳо ва гӯшаҳои зебову дилнишини деҳаи Маланд аз ҳисоби маблағи худ меҳмонхонаи оилавиро кушодааст, ки ин кори хайру дурандешона мебошад.
Бо ин мақсад Б.Холмирзоев баҳри фаъолияташро қонунан ба роҳ мондани «Maland travel» Guest house»-ро аз рӯйихати давлат гузаронида дар ҳавлии худ баҳри қабули меҳмонон ҳамагуна шароитҳоро муҳайё намудааст.
– Рости гап, имрӯзҳо, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ба тадбиркорон имкониятҳои васеъ дода шудааст, алалхусус, ба ривоҷдодани соҳаи туризм эътибор хеле афзудааст, ман ҳам орзу намудам, ки гӯшаҳои таърихии деҳаамонро ба дигарон низ ошно созам. Чунки табиати деҳаи мо дар чаҳор фасли сол ҳам хеле гуворо ва нотакрор мебошад, – гуфт зимни суҳбат соҳибкор Б.Холмуродов.
Чанде пеш вакили шуъбаи рушди туризм дар ноҳия Беҳзод Ӯроқов ба ин деҳа рафта сертификати ба реестер гузаронидаи «Maland travel» Guest house»-ро ба ин соҳибкор супорид.
Соҳибкор ният дорад, ки дар оянда шароитҳои мусоид ба сайёҳон омода созад.
Мо низ, дар навбати худ, ба ин соҳибкори серғайрат барори кор орзу намуда, умед дорем, ки дар соҳаи тадбиркорӣ, ривоҷ додани соҳаи туризми дохилӣ ба комёбиҳои нав ба нав ноил хоҳад гардид.
Олим ПАНҶИЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.