ИНЪИКОСИ СИЁСАТИ КИШВАРҲОИ ШАРҚ ДАР РӮЗНОМА

«Овози тоҷик» ҳамчун ношири афкори Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Ӯзбекистон ва, дар маҷмӯъ, афкори Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳизби мазкурро тарғибу ташвиқ мекард.

Таърих шаҳодат медиҳад, ки инқилоби соли 1905, бахусус, табаддулоти соли 1917 дар Русия ва ташкилёбии ҷумҳуриҳои сусиёлистии Осиёи Миёна ба давлатҳои Осиёву Африқо таъсири амиқ гузоштанд. «Инак, ҳамаи инҳо ба Шарқ ва Ғарб паҳн гардида, мазлумҳои онҳоро бедор намуда, чашмҳои эшонро мекушояд.» («Овози тоҷик», № 238 аз 25 июни соли 1928). Дар ибтидои садаи ХХ Шарқ бедор мешавад. Ҳаракатҳои миллӣ–озодихоҳӣ авҷ мегиранд. «Он муборизае, ки давлатҳои миллии Туркия, Эрон ва Афғонистон барои гирифтани истиқлолият ба муқобили давлатҳои ҷаҳонгир кардаанд ва он корҳое, ки дар соли охирон дар олами ислоҳоти иқтисодӣ ва маданӣ ҷорӣ намудаанд, муборизаи даҳшатнокро миллионҳо нафар камбағалони Чин барои озодии иқтисодӣ ва сиёсӣ мекунанд» ва давлатҳои ҷаҳонгир маҷбур мешаванд ин ҳамаро эътироф кунанд.
Дар давраи солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ Афғонистон сиёсати бетарафӣ ва дахолат накарданро пеш гирифт. Вале таҳти таъсири воқеаҳои Русия гурӯҳҳои навандеш ва пешрафтхоҳ «Ҷавонафғонҳо» барои истиқлолияти комили Афғонистон мубориза мебурданд. Дар ҳамин вазъият писари Ҳабибуллохон – Амонуллохон ба сари давлат омад. 28 феврали соли 1919 Афғонистон давлати соҳибистиқлол эълон карда шуд. Дар навбати аввал истиқлоли Афғонистонро Русияи шӯроӣ расман шинохт. Англисҳо истиқлолияти Афғонистонро қабул надоштанд. Моҳи майи соли 1919 дар байни Афғонистон ва Британия боз ҷанг (ҷанги сеюми афғону англис) оғоз гардид. Муборизаи шадиди афғонҳо англисҳоро ба оштӣ маҷбур сохт. 8 августи соли 1919 дар Ривалпиндӣ  Шартномаи сулҳи байни Афғонистон ва Англия ба имзо расид, ки тибқи он Британия истиқлоли Афғонистонро расман эътироф кард.
Ин ҳама ва дигар маводи зиёд дар мақолаи «Шартномаи доимии Туркия, Эрон ва Афғонистон» таҳти рубрикаи «Шарқ бедор мешавад» дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ба чоп расидаанд. 
«Сиёсати давлатҳои ҷаҳонгир, ки дар Шарқ доштанд, ин буд, ки муносибати давлатҳои Шарқро вайрон карда, ҳамеша онҳоро ба якдигар душман карда, аз он фоидадор шаванд. Онҳо ҳоло ҳам кӯшиш мекунанд ин сиёсатро давом диҳанд». – омадааст дар ҳамин мақола. 
Амонуллохон дар Афғонистон баробари гузаронидани ислоҳот, бо Туркияву Эрон Ҳуҷҷати муоҳидаро имзо кард. Бо ин восита дӯстӣ ва осудагии ин се давлати Шарқ мустаҳкам шуд. «Ҳукумати шӯравӣ барои мустаҳкам кардани дӯстии давлатҳои Шарқ ёрии зиёде мерасонад», – гуфта мешавад дар мақола. Дар ҳақиқат, 28 феврали соли 1921 дар Маскав байни Русияи шӯравӣ  ва Афғонистон шартномае имзо шуд, ки тибқи он дар байни ду давлат муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Давлати шӯравӣ розӣ шуд ба Афғонистон ёрии иқтисодӣ ва техникӣ расонад.
Дар ҳамин саҳифаи рӯзнома «Лашкари Афғонистон» ном мақолае дарҷ ёфтааст. Амонуллохон чун дигар соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ба ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ низ дахл намуд. Дар рӯзнома қайд гардидааст, ки «аз соли 1920 таҳти роҳбарии фармондеҳони Туркия лашкари худро аз сари нав ташкил дод. Лашкари мунтазами Афғонистон аз аскарҳои савора, пиёда, қисмҳои муҳандисӣ ва ғайра иборат буд. Шумораи аскарони Афғонистон дар он замон 10 ҳазор нафарро ташкил медод. Хидмати ҳарбии маҷбурӣ ҷорӣ гардид». Гуфта мешавад, ки лашкар бо пулемёт ва тӯпҳои гуногун мусаллаҳ буд. Як қисми тӯпу туфанг дар Афғонистон истеҳсол гардида, қисми дигар аз хориҷ харида мешуд. Бояд таъкид намуд, он солҳо дар Афғонистон ҷуз ҳамин заводи истеҳсоли аслиҳа дигар корхонае набуд. Муаллифи ин мақола бо имзои мустаори А. В. зикр гардидааст. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: