ТАҒЙИРОТ ДАР СОҲАИ ТАЪЛИМ

Дар Хонаи матбуоти вилояти Самарқанд бо иштироки масъулони Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.

Нахуст иҷрокунандаи вазифаи сарвари садорат Фаррух Болтаев дар бораи корҳое, ки соли 2023 дар соҳаи таълим амалӣ гардиданд ва вазифаҳои устувори соли 2024 ҳарф зад. 
– Соли 2023 дар вилоят 14 ташкилоти таълими томактабии давлатӣ, 8-то кӯдакистон дар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ, 342-то кӯдакистони ғайридавлатӣ ташкил гардида, шумораи умумии кӯдакистонҳо ба 4075 ва сатҳи бо таълими томактабӣ фарогирии кӯдакон ба 70,4 фоиз расид, – гуфт Ф.Болтаев. – Дар соли 2024 ба 71,6 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон бо таълими томактабӣ пешбинӣ шудааст.
Соли равон ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб кардани 60072 нафар омӯзгорони мактабҳо, 1120 нафар кормандони ташкилотҳои таълими томактабӣ дар назар аст.
Дар соли 2024 ба 126 мактаби ҳамагонӣ тақдими 2016 дона компутер, ба 615 мактаб доскаҳои электронӣ, илова бар ин, сохтмони 4 мактаби нав ва таъмири асосии 102 мактаби ҳамагонии вилоят муқаррар гардидааст.
Дар идома сарвари шуъбаи Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Ғайрат Бобохолов дар бораи мазмуну моҳияти қарори Девони Вазирон аз 29-уми декабри соли 2023 «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба қарори Девони Вазирон аз 17-уми сентябри соли 2021 «Дар бораи чораҳои такмилдиҳии тартиби аз аттестатсия гузаронидани кадрҳои педагогии ташкилотҳои таълими томактабӣ, умумӣ, миёнаи махсус, касбӣ ва берун аз мактаб» ба муносибати такмилдиҳии тартиби аз аттестатсия гузаронидани кадрҳои педагоги ташкилотҳои таълими томактабӣ, умумӣ, миёнаи махсус, касбӣ ва берун аз мактаб маълумот дод. 
– Пештар фаъолияти омӯзгороне, ки ба аттестатсия ҷалб мешуданд, дар зинаи аввал аз ҷониби шӯроҳои педагогӣ (назоратӣ)-и муассисаи таълимӣ омӯхта шуда, дар асоси мизони 20 холӣ баҳогузорӣ ва маълумотнома тақдим мегардид, – гуфт Ғ. Бобохолов. – Дар зинаи дуюм педагогҳоро зарур буд, ки дар санҷишҳои тест 80 хол ҷамъ оваранд. 
Мувофиқи тартиби нав омӯзгорони ташкилотҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва беруназмактабӣ дар зинаи аввал аз рӯйи фанни ихтисосӣ ва стандарти касбӣ ба 40 савол ҷавоб дода, 80 хол (ба ҳар ҷавоби дуруст – 2 хол) ҷамъ мекунанд. Дар зинаи дуюм бо мақсади муайян кардани маҳорати педагогии омӯзгорон доир ба истифодаи методҳои пешқадам ва технологияҳои замонавӣ 10 супориш ва дар маҷмӯъ 20 хол (барои ҳар як ҷавоби дуруст – 2 холӣ) дода мешавад. Яъне тартиби тақдими маълумотнома аз мактабҳо бекор карда шуд. Минбаъд ин тартиб танҳо барои кадрҳои педагогии ташкилотҳои таълимии миёнаи махсус ва касбӣ амал мекунад.

Ф. ЮЛДОШЕВ.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: