Муштарии азизи мо шояд сарлавҳаро хонда гумон кунад, ки дар гузориш роҷеъ ба ягон омӯзгори варзидаву собиқадор сухан меравад.
Аммо мо аз боби фаъолияти як нафар ҳамзамони худ нақл хоҳем кард, ки дар оилаи омӯзгорон ба дунё омадааст. Факултаи таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Фарғонаро хатм кардааст ва бо тақозои ҳаёт сари кори дигареро гирифтааст.
Ҳамсуҳбати мо роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии маъсулияташ маҳдуди «Фарғона иссиқлик таъмир» ва мушовири ҳокими шаҳри Фарғона дар умури марказгармӣ Улуғбек Пӯлатов мебошад. Ширкате, ки марбути вай мебошад, дар шаҳраки Киргилии шаҳри Фарғона воқеъ гаштааст. Бинои маъмурӣ ва корхонае, ки дар шафати он қарор дорад, дастикам як гектар масоҳатро ташкил мекунад. Он ҷо як гурӯҳи чиҳилнафарии харротону челонгарон ва коргарони дигар ба сохтани печҳои хурду бузург ва таъмиру тармим машғуланд.
– Падарам Юсуф Пӯлатов 48 соли ҳаёти худро ба кори таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бахшидааст. Аспирантура ва докторантураро дар шаҳри Маскав ба итмом расонидааст. Модарам – Озодахон соли 1978 факултаи суханшиносии Донишкадаи омӯзгории Фарғонаро хатм кардааст. Замоне, ки падарам дар Маскав машғули таҳсил буд, маоши модарам маблағи мавриди ниёзи хонаводаро бароварда намесохт. Барои ҳамин вай, дар баробари кори омӯзгорӣ, ба яке аз сехҳои ҳасиббарории шаҳр ба кор даромада, ҳам ба падарам андак маблағ ирсол менамуд, ҳам моро мехӯронду мепӯшонид,– мегӯяд Улуғбек Пӯлатов бо ифтихор.
Аз суҳбати вай бармеомад, ки Юсуфака баъди ҳимояи рисола дар мавзӯи умумии «Методикаи таълими фанни физика» дар донишгоҳ ба ҳайси мудири кафедра кор кардааст. Вай шогирдони зиёдро тарбия намуда, ба шоҳроҳи ҳаёт ҳидоят кардааст, ки онҳо ҳоло дар арсаҳои гуногуни хоҷагии халқ босамар меҳнат мекунанд.
Аз Улуғбек Пӯлатов пурсидам, ки чӣ гуна, ба истилоҳ таърихчӣ, ба мутахассиси варзидаи марказгармӣ табдил ёфт.
– Солҳои хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи шуравӣ дар шаҳри Ярослав вақтҳои холиамро ба китобхонӣ сарф мекардам. Вақте ки маро дар яке аз марказгармиҳои қисми ҳарбӣ ба кор таъин намуданд, дар муддати камтар аз ду соли хидмати аскарӣ ҷиддӣ ба кор часпидам ва рафта-рафта ба мутахассиси хуби ин соҳа табдил ёфтам. Баъди бозгашт аллакай медонистам, ки ба чӣ кор машғул хоҳам шуд, – посух дод ҳамсуҳбатам.
Ширкати хусусии «Фарғона иссиқлик таъмир» асосан ба гарм кардани биноҳои муассисаҳои Садорати таълими томактабӣ ва мактаби вилоят машғул мебошад. 65 кӯдакистон ва 60 мактаби шаҳрро маҳз ҳамин ширкат бо гармӣ таъмин мекунад. Улуғбек Пӯлатов дар ин замина мегӯяд, ки кӯдакону наврасон набояд дар фасли сармо хунук хӯранд. Барои онҳо дар ҳар гуна ҳолату вазъият бояд шароите фароҳам оварда шавад, ки танҳо саргарми хондану омӯхтан бошанд ва аз пахши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ таҳти ҳимоят қарор гиранд.
– Дар шаҳри Фарғона ва шояд дар чанд шаҳру ноҳияи дигари вилоят низ, чунин ба назар мерасад, ки биноҳои истиқоматии баландошёнаи дар замони шуравӣ эъморгардида бо роҳҳои гуногун гарм карда мешаванд. Банда шоҳиди он гардидам, ки қисмати аъзами аҳолии маскуни иморатҳои баландошёна ба воситаи плитаҳои газ хонаҳои худро гарм мекунанд. Наход дар шаҳр роҳи дигари ҳалли ин масъала вуҷуд надошта бошад?
– Шумо ба қалби ошуфтаи ман нохун задед, бародар. Ман солҳо боз дар фикри он ҳастам, ки дар байни хонаҳои баландошёнаи шаҳрамон чанд марказгармӣ бунёд кунем. Агар ба ин кор муваффақ шавем, рӯзона даҳҳо метри мукааб гази табииро сарфа хоҳем кард. Ҳатто имкон вуҷуд дорад, ба воситаи гази табиие, ки як хонавода истеъмол мекунад, хонаҳои аҳолии ҳамон бинои истиқоматӣ гарм карда шаванд.
– Пас муаммо дар чист?
– Ман панҷ маротиба бо пешниҳод ба ҳокимияти вилоят рӯй овардам. Ташреҳ намудам, ки дар сурати анҷоми нақшае, ки барояшон пешниҳод кардаам, мо ба сарфа кардани гази зиёди табиӣ муваффақ мешавем. Муҳимтар аз ҳама, аз фавти ногаҳонии одамон, ки маҳз бар асари бӯи гази табиӣ ҷон ба ҳалокат супурдаанд, қатъан ҷилавгирӣ хоҳем кард. Вақте ки аз Дастгоҳи Раёсати ҷумҳурӣ як гурӯҳи корӣ ба вилоят омад, ҳамин масъаларо низ дар миён гузоштам. Гуфтам, ки фаъолияти 44 гармхонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бояд ба гази табиӣ ва ангишт мубаддал созем. Дар он сурат мо ба миқдори зиёд гази табииро сарфа хоҳем кард. Ин ба он маънист, ки тақрибан 200 метри мукааб гази табиӣ талаф мегардад ва бояд аз он ба манфиати корҳои дигар истифода бурд.
Чунин дарёфтам, ки Улуғбек Пӯлатов беҳуда касбашро дигар накардааст. Вай гуфт, аввалин коре, ки анҷом дод, аз идораи «Сантехгазмонтаж» ҷудо кардани ҶСММ «Фарғона иссиқлик таъмир» мебошад. Вай пинҳон надошт, ки чанд бор ба ин ё он идора барои роҳбарӣ даъваташ карданд, вале мавқеи ҳозираи худро афзал шумурд ва корашро давом дод.
Пӯлатов ғайримунтазира аз филми «Шамшер ва сипар»-и коргардони рус Владимир Басов ёдовар шуд ва афзуд, ки Иоҳан Вайс (Александр Святогаров) ба афсари немис Генрих Шварскоф фаҳмонида тавонист, ки аз ҷанги хонумонсӯз кӯдакони зиёд низ ҷабр мебинанд ва боз тавонист, ки Генрихро истихдом кунад. Баъд ҳарду корҳои зиёдеро анҷом доданд, ки ба нафъи одамони пирӯзӣ аз болои фашизм нигаронида шудаанд.
– Имрӯз дар як қатор хонаҳо ҳатто кӯдакон аз бӯи газ фавтида ва ё дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористон интиқол дода мешаванд. Инро дар мисоли ҳодисае мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар ноҳияи Олтиариқ ба вуқӯъ пайваст. Аъзои як хонавода қурбони ин ҳодиса гардид. Мо бояд мисли ҳамон мақол – «Ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад» амал кунем, ки ба нафъи мардуму давлат равона шудааст. Соли ҷорӣ мисли солҳои гузашта корхонаи мо ҳазор адад деги обгармкунӣ истеҳсол намуд. Онро ба вилоятҳои дигар низ харида мебаранд. Чунки дорои сифати баланд мебошад ва бо гази табиӣ, ангишт ва барқ кор мекунад,– изҳор намуд Пӯлатов.
– Бо ҳаҷми умумии газе, ки аз он аҳолӣ истифода мекунад, мардумро бо барқ низ таъмин кардан имконпазир мебошад. Инро аз роҳи тавлиди барқ ба воситаи гармӣ ба роҳ мондан мумкин аст.
Дар айни ҳол корхонаи ӯ барои марказгармиҳои вилоятҳои Самарқанд, Хоразм, Қашқадарё ва Фарғона дег истеҳсол мекунад. Ашёи хомро аз шаҳри Челябинскии Русия меоранд. Пӯлатов мегӯяд, ки аз соли 1991 ба ин кор машғул аст. Ҳар моҳ панҷ аъзои хонаводаҳои камбизоатро бо нафақа таъмин мекунад. Миқдори ҳар кадоми ин нафақа якуним миллион сӯмӣ мебошад. Инчунин, ҳақи контракти панҷ нафарро низ мепардозад, ки онҳо дар Ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди «Фарғона иссиқлик таъмир» кор мекунанд ва дар арафаи гирифтани дипломи маълумоти олианд. Чанд сармоягузори хориҷӣ дар рӯзҳои наздик ба Фарғона ташриф меоранд. Агар кораш барор гирад, боз як-ду лоиҳаеро таҳти татбиқ қарор хоҳад дод, ки ба ин васила даҳҳо нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.
– Дар шаҳраки Киргили солҳои пеш корхонае фаъолият мекард, ки ба истеҳсоли нахҳои сунъӣ ихтисос ёфтааст. Он ҷо дар се баст 7-8 ҳазор нафар коргарон кор мекарданд. Ҳоло ба ҷойи ин теъдод ҳамагӣ чор ҳазор нафар ба кор банд ҳастанд. Бобову падарам ҳамеша як маъниро талқин менамуданд, ки агар шохи дарахт хушк шавад, лозим нест, ки ҳамон дарахт аз решу бум бурида шавад, баръакс шохи хушк бояд бурида шавад, то ки шохҳои дигар ба чаҳор тараф паҳн шуда, ҳосили бештар диҳанд, – мегӯяд Пӯлатов.
Ин ҳамсуҳбати мо дар табъу нашри китобҳои зиёди илмиву бадеӣ кумаки молӣ намудааст.
Дар оғози гузориш қайд намудем, ки гузориш дар боби омӯзгор неву дар бораи соҳиби касбу кори дигарест, ки дар хонаводаи омӯзгорон зода шудааст ва худ низ факултаи таърихро тамом кардааст. Ҳоло бубинем, ки вай дар бораи кормандони ин соҳаи басо муҳиму масъулиятнок чӣ фикру ақида дорад.
– Соли гузаштаро Президент беҳуда «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат» эълон накард. Таълими босифат ба омӯзгорон вобаста мебошад. Агар омӯзгор салоҳияти хуби корӣ надошта бошад, вай шогирдони дуруст тарбия карда наметавонад. Ҳайратам меафзояд, ки баъзе омӯзгорон донишгоҳро хатм кардаанд, вале саводу дониши кофӣ надоранд. Ҳатто ҳангоми навиштани як ҷумла ба чанд хатои имлоӣ роҳ медиҳанд. Дуруст ва бехато навиштан фақат кори омӯзгорони забон ва адабиёт нест! Омӯзгор бояд ҳамеша китобу маҷалла ва рӯзнома хонад, донишу ҷаҳонбиниашро такмил бахшад. Дар акси ҳол вай чӣ гуна метавонад ба шогирдонаш панду андарз гӯяд, онҳоро ба сӯйи фатҳи қуллаҳои дониш ҳидоят намояд? – мегӯяд бо таассуф ҳамсуҳбати мо.
Вай тазаккур дод, ки бибиаш – Ҳурматой дар вилояти Фарғона аз кирмакпарварони машҳур аст. Дар баробари пешаи кирмакпарварӣ вақти холиашро бештар бо китобхонӣ мегузаронд. Аз дигарон низ ҳамеша даъват мекард, ки китоб хонанду саводи худро такмил диҳанд, зеро маҳз китоб манбаи дониш аст.
Ногуфта намонад, ки бо саъй ва эҳтимоми Улуғбек Пӯлатов дар шаҳри Фарғона як мактаби хусусӣ ба фаъолият оғоз намудааст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.