ДАРАХТИ ДӮСТӢ БОР МЕОРАД

Бо ташаббуси президентони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон алоқаҳои дӯстии байни ду халқ аз нав эҳё гардиду дар рушд аст.

Тавассути ин дӯстӣ мардум хушҳолона зиндагонӣ мекунанд.
Барои мустаҳкамсозии дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ҳар ду давлат муоҳидаҳо ба имзо расиданд. Аз ҷумла, мисоли равшани инро мо ба қарибӣ дар ноҳияи Сӯх дидем. Бо Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов дар саҳни мактаби 11-ум вохӯрӣ баргузор гардид. Ташрифи овозхони тоҷик ба мактаби деҳаи Чашма хеле лоиқи таҳсин буд. Тадбирро сараввал баромади хонандагони мактаб, ки мавзӯи мадҳи Ватан, дӯстӣ буд, ҳусни оғоз бахшид. Дар ин ҷараён устоди санъат аз сухану шеърхонии донишомӯзон хеле шод гардид, ки дақиқназарона эътибор медоданд. Ҷ.Муродов ба мардуми Ӯзбекистон, хусусан, сӯхиён барои эътибору эътироф ташаккур изҳор намуд. 
– Барои ман тоҷику ӯзбек як одам, – гуфт Ҷ.Муродов. – Бояд ба сарони давлат Э.Раҳмон ва Ш.Мирзиёев миннатдорӣ баён созем, зеро дили халқҳоро аз ғам ба шодӣ табдил гардониданд. 
Ҳунарпеша ҳам оиди дӯстӣ ҳарф мегуфту ва ҳам суруд мехонд. Вай ба мактаби №11  китоб ва қартаҳои консертии худро туҳфа кард. 

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, 
вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: