Раиси Сенат дар Женева бо муовини Котиби генералии СММ мулоқот кард

Ҳайати парлумонии Ўзбекистон таҳти сарварии Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Нарбоева барои иштирок дар Ассамблеяи 148-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ дар Женеваи Швейтсария бо сафари амалӣ қарор дорад.

Дар доираи сафар Раиси Сенат Танзила Нарбоева бо муовини Котиби генералии СММ, директори генералии шуъбаи СММ дар Женева Татяна Валова мулоқот намуд.

Самтҳои гуногуни ҳамкории самарабахши байни Ӯзбекистон ва СММ, аз ҷумла масъалаҳои густариши барнома ва лоиҳаҳои муштарак барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини баробарии гендерӣ баррасӣ шуданд.

Алоҳида таъкид гардид, ки ҳамкории байни Ӯзбекистон ва СММ ба сатҳи сифатан нав баромад, қариб 140 барнома ва лоиҳаҳо татбиқ мегарданд.

Т.Валова саъю кӯшишҳои Ӯзбекистонро дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор баҳои баланд дода, қайд кард, ки имкон дорад дар мавзӯи «Стратегияи рушди устувор пас аз соли 2030» як чорабинии иловагӣ ташкил карда шавад.

Ба фикри ӯ, форуми Самарқанд ҳамчун минбари табодули афкор ва таҳияи тавсияҳо оид ба татбиқи 17 ҳадаф пас аз соли 2030 барои занони вакил хизмат мекунад.

Дар вохӯрӣ доир ба масъалаҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, баробарии гендерӣ ва васеъ намудани ҳуқуқу имкониятҳои занон табодули афкор сурат гирифт.

Дар ҷамъбасти мулоқот оид ба идомаи муколамаи системавӣ ва таҳкими ҳамкорӣ тавассути тавсеаи лоиҳаҳои муштарак тавофуқ ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: