МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ

Фармони Президент «Дар бораи Барномаи давлатии иҷрои Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» интишор ёфт.

Фармони Президент «Дар бораи Барномаи давлатии иҷрои Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» интишор ёфт. Дар он муҳимтарин корҳои аҳамияти давлатидошта, ки бояд соли равон ба иҷро расонда шаванд, корбаст гардидаанд.
Мавзӯъ ва мундариҷаи Барномаи давлатӣ ҳамаи соҳаҳоро фаро гирифта, супориш ва пешниҳодҳо дар он куллан мушаххасанд. Хусусан, дастгирии ҳарҷонибаи насли ҷавон ва таҳкими солимии аҳолӣ дар ҳуҷҷат алоҳида таъкид ёфта, вазифаҳо дар ин самт муайян гардидаанд. Бо шинос шудан ба Барнома ҳис мекунем пуштбонии ҷавонон ва солимӣ чун масъалаҳое, ки дар маркази эътибори ҳукуматанд, назар ба ҳарсола бештар долузарбӣ касб намудаанд. Тавре ба назар мерасад, ҳар нуктаи ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ, қабл аз ҳама, ба таъмини тамоюли адолати иҷтимоӣ нигаронида шудааст.
Донишҷӯёне, ки ба муассисаҳои таълими олӣ фаро гирифта шудаанд, шароитҳои аз нигоҳи моддӣ ҳархела доранд. Гоҳо моддиёт имкон намедиҳад маънавиёт озод нафас кашад. На ҳама имкон доранд дар асоси шартнома таҳсил намоянд. Бо гирифтани холҳои ба дохилшавӣ кифоя низ, вақте диданд, ки ба грант «қудраташон» нарасид, ҷавонон аз оилаҳои оддӣ ва камтаъмин аз баҳри таҳсил мебароянд. Бо мақсади то андозае ҳаллу фаслсозии ин мушкилот, аз соли таҳсили 2021-2022 барои 200 нафар ҷавононе, ки дар имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишкадаҳо холҳои баландтаринро ба даст овардаанд, гранти Президент ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин имконият фароҳам омада, акнун бонкҳо ба оилаҳое, ки ду ва ё зиёд фарзанд дошта, дар асоси шартнома дар муассисаҳои олии касбӣ онҳоро мехононанд, қарз дода шавад. Донишҷӯ баъди хатми таҳсил ва шурӯъ ба кор он қарзро пардохтанаш мумкин.
25 фоиз зиёд шудани шумораи грантҳои давлатӣ барои таҳсилоти олӣ, 2 баробар зиёд гардидани грантҳо барои духтарони оилаҳои камтаъмин, айни замон, нишонаи сабукиҳо дар ҳаёти давраи донишҷӯии ҷавонон аст.
Акнун хоҳиши ҷавононе, ки бинобар мушкилоти моддӣ ё номуътадилии вазъи оилавӣ рухсатии академӣ гирифтан мехоҳанд, бечуну чаро қонеъ гардонда мешавад. Минбаъд шарт нест баъди аз рухсатии академӣ баргаштанашон «имтиҳоноти қарз»-ро супоранд, яъне бозомӯзиашон бинобар фанҳои қаблан гузашта бекор карда мешавад. Барои ғоибона ё фосилавӣ таҳсил гирифтани донишҷӯёне, ки ба шароитҳои номусоид рӯ ба рӯянд, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда мешавад. Дар баробари ҳамин муассисаҳои масъул бобати кор карда баровардани самтҳои таълими экстернат дар даргоҳҳои таълими олӣ вазифадор карда шудаанд.
Батадриҷ ба шӯроҳои илмии муассисаҳои бонуфузи таълими олӣ бобати додани дараҷа ва унвонҳои илмӣ ваколат дода мешавад. Бинобар ғамхориҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълими олии бонуфузи дунё таҳсил гирифтан низ ба ҷавонони мо – бахти баланд. Дари магистратура ва докторантура дар хориҷ барои толибони илм ҳамеша боз аст, вале на ҳама бинобар мушкилоти моддӣ аз кулли имкониятҳо истифода карда метавонанд. Бунёди «Эл-юрт умиди» бошад, ҷавонони соҳибистеъдодро пуштбонӣ ва онҳоро ба хориҷ барои идомаи таҳсил мефиристад. Аз 1 апрели соли равон миқдори ҷавононе, ки аз ҷониби бунёд ба хориҷ фиристода мешаванд, панҷ баробар меафзояд. Яъне минбаъд 100 нафар ҷавонони мо метавонанд дар хориҷ таҳсилро давом дода, соҳиби дараҷаю унвонҳои илмии байналхалқӣ гарданд. Озмуни стипендияи кушод имкон медиҳад беҳтарин номзадҳо, сарфи назар аз он ки дар куҷо зиндагӣ ва кору таҳсил менамоянд, ин ҳуқуқро соҳиб гарданд.
Ҳаёт тақозо дорад Вазорати таълими халқ якҷо бо муассисаҳои ҳамкор ба ташкили китобҳои дарсии электронӣ ва платформаҳои электронӣ аҳамияти ҷудогона диҳад. Эътибор ба тозагии забон, амиқ фарогирии забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ, айни ҳол, тақозои давр. 
Ташкил кардани синф ва мактабҳои махсус, мустаҳкамсозии муносибати онҳо ба муассисаҳои таълими олӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ, аз хориҷ ҷалб намудани омӯзгорони соҳибтаҷриба,  ҳарҷониба баланд бардоштани дараҷаи машғулоти амалию интерактив, ташаккул додани малакаҳои амалӣ дар хонандагон, сазовор қадр карда шудани заҳмати омӯзгорони фидоӣ ва ташаббускор минбаъд низ дар фаъолияти таълими халқ муҳимият касб менамоянд.
Солимӣ, баробари ҳамин бардамию шуҷоат аз бисёр ҷиҳат ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ вобаста аст. Модоме варзиш аз омилҳои муҳими солимист, дар навбати аввал, пойдевори он варзиши бачагон аст. Ҳар қадар барвақт (аз туфилият) ба тарбияи ҷисмонӣ шурӯъ кунем, ҳамон қадар пояҳои саломатиамон мустаҳкам. Дар пеш – Бозиҳои IV тобистонаи осиёии наврасон. Ӯзбекистон – мизбони ин бозиҳои шавқовари дараҷаи ҷаҳонӣ, ки соли 2025 баргузор мегардад. Омодагиҳо аз ҳоло ибтидо гирифта, бо шарофати ин мусобиқаҳо дар диёри мо объект ва иншоотҳои нави варзишӣ сохта мешаванд. Бунёдгариҳо – ба роҳи худаш, дар нақшаи генералии омодагиҳо ба бозиҳои IV тобистона, қабл аз ҳама, тайёр намудани чемпионҳои оянда ҷой гирифтааст. Умед аст фарзандони чусту чолоки мо бо маҳорати баланди варзишӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои баланд ҷаҳониёнро лол мегузоранд.
Тавре қайд карда гузаштем, ба ғамхориҳои ҳарҷониба дар навбати аввал онҳое фаро гирифта мешаванд, ки бештар ниёзманданд. То охири соли 2021 900 нафар ниёзмандон, ки дар хонаҳои шафқат ба воя расидаанд, ба манзилҳои алоҳида таъмин карда  мешаванд.
Дар Барномаи давлатӣ қайд ёфтани рақамҳои баланд вобаста ба таълими халқ ва тандурустӣ мамнунӣ мебахшанд. Аз ҷумла, зикр ёфтааст: «Дар соли 2021 сохтмони бинои 22 муассисаи таълими томактабӣ, 31 мактаби нав, 16 муассисаи таълими олӣ, 24 объекти нигаҳдории тандурустӣ ва 23 иншооти варзишӣ таъмин карда шавад».
Ба нақша гирифта шудани ташкили Бунёди дастгирии бачаҳо, аминем, воқеаи муҳим дар ҳаёти бачаҳое қарор хоҳад гирифт, ки дар оилаҳои камтаъмин парвариш меёбанд. Бунёд бо 100 миллиард сӯме, ки  Буҷаи давлатӣ ҷудо кард, созмон меёбад.  Маблағ барои соҳиби маълумот ва касб шудани фарзандони оилаҳои ниёзманд, табобати кӯдаконе, ки ба бемориҳои вазнин дучор шудаанд, равона мегарданд.
Барои дастгирии ногироҳо таҷрибаҳои беҳтарини дунё татбиқ ёфта, дар таъин кардани ногироии умрона ба онҳое, ки воқеан нуқсҳои анатомӣ, нишонаҳои маълуми маълулӣ доранд, монеъаҳои бюрократӣ аз байн бардошта мешаванд. Оиди ташаккули модели нави консептуалии хидматрасонии тиббию иҷтимоӣ Вазорати тандурустӣ чораҳои мушаххас меандешад. 
Дар вақти таъиноти пенсия давраи кории то соли 2005 эътиборан аз 1 июни соли 2021 дар асоси сабтҳои дафтарчаи меҳнатӣ матраҳ ёфта, аз шаҳрванд ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунанда талаб карда намешавад.
Минбаъд нафақа ва кӯмакпулиҳоро баробари ҷои зисти доимӣ аз ҷойҳои буду боши муваққатӣ низ гирифтан мумкин.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: