ЛОИҲАИ ҚОНУН ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ КӮДАК МУҲОКИМА ГАРДИД

Дар кишварамон ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдак аҳамияти хос дода мешавад.

Дар кишварамон ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдак аҳамияти хос дода мешавад. Дар ин росто қарор аст, ки асосҳои ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ба вуҷуд ояд. Суҳбати гирди миз, ки оид ба  муҳокимаи лоиҳаи Қонун “Дар бораи Омбудсмани кӯдакон” баргузор гардид, яке аз чорабиниҳои басо муҳим дар ин самт мебошад. 
Боиси зикр аст, ки  дар Паёми сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис маҳз ба ҳамон нукта таъкид карда шуд, ки дар Ӯзбекистон зарурати таълифи Қонун “Дар бораи Омбудсмани кӯдак” кайҳо арзи вуҷуд намудааст ва ин кор бояд дар зудтарин фурсат ба анҷом расад. Бар ҳамин асос ин чорабинӣ доир гардид, ки онро Омбудсмани Олий Маҷлис, намояндагии созмони кӯдакон ЮНИСЕФ дар Ӯзбекистон таъсис доданд. Дар он депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ, намояндагони як қатор ниҳодҳои давлатӣ, коршиносони байналмилалӣ ва ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат намуданд.
Ин иқдоми хеле муҳими сиёсӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак арзёбӣ гардид. Дарвоқеъ, Президент дар Паёми худ як қатор масъалаҳои муҳимро ба миён гузошт. Инҳо масъалаҳои рушд, таҳсилоти ҳамешагӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи кӯдакон ва иштироки пурраи кӯдакон дар ҷомеа мебошанд. Албатта, самаранокии ислоҳот дар соҳаи иҷтимоӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бештар аз ислоҳоти системаи амнияти иҷтимоӣ, пешниҳод ва истифодаи хадамоти иҷтимоӣ, такмили кори иҷтимоӣ ва таълими кормандони иҷтимоӣ вобаста аст.
– Ин як қадами муҳим дар пешбурди ҳуқуқи кӯдак дар Ӯзбекистон аст, – гуфт намояндаи ЮНИСЕФ дар Ӯзбекистон Мунир Мамедзода. – Пас аз қабули қонун, он тибқи Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, ҳуқуқи кӯдаконро дар Ӯзбекистон, бахусус онҳое, ки ба ҳимоят бештар ниёз доранд, боз ҳам тақвият хоҳад бахшид.
Дар бисёре аз кишварҳои хориҷӣ фаъолияти Омбудсман оид ба кӯдакон бо қонунҳои махсус танзим карда мешавад.
Мониторинги байналмилалии ҳуқуқи кӯдак аз ҷониби Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар мақомоти шартномавӣ оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон нишон медиҳад, ки Ӯзбекистон як қатор мушкилотро вобаста ба набудани механизмҳои самарабахши ташкилию ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дорад ва он бояд ҳаллу фасл гардад.
Иштирокчиёни мизи мудаввар таъкид карданд, ки фаъолияти Омбудсман, ки ба ҳуқуқи кӯдак махсус гардонида шудааст, ба таҳкими эҳтиром ба шахсияти кӯдак ва ҳифзи шаъну шараф, озодӣ ва ҳуқуқҳои қонунии ҳар як кӯдак хизмат мекунад.
Дар суҳбати мизи гирд масъалаи истифодаи таҷрибаҳои кишварҳои дигар хеле доманфарох баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки таҷрибаи хориҷӣ нишон медиҳад, ки ба фаъолияти омбудсманҳои тахассусии ҳуқуқи кӯдак такмили идоракунии давлатӣ ба манфиати кӯдак, татбиқи муқаррароти Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак дар қонунгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, тақвияти эҳтиром ба кӯдак, баланд бардоштани маърифати мардум, мақомоти давлатӣ, волидон ва барои ҳимояи шаъну шараф, ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунӣ ва олии кӯдак аз ҷониби ворисонашонро мадди назар хоҳад гирифт.
– Суҳбати мазкур хеле масъалаҳои мадди назарро амиқ таҳлил ва баррасӣ намуд. Бояд гуфт, ки баргузор намудани чунин суҳбатҳо ва мулоқотҳои давомдор ҳамеша барои беҳтару бештар фаро гирифтани кор дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон заминаҳои мусоид фароҳам меоваранд, – гуфт ба мухбири “Овози тоҷик” сухангӯи Омбудсмани Олий Маҷлис Фотима Мадраҳимова.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: