ФИЛМИ ТАЪРИХИИ «ҶОМӢ ВА НАВОӢ» ДАР ҶАРАЁНИ БАНАВОРГИРӢ АСТ

Агентии иттилоотии Тоҷикистон — «Avesta» мақолаеро интишор додааст, ки «Кинематографистони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва «Люк Бессон» филми таърихии «Ҷомӣ ва Навоӣ»-ро меофаранд» ном дорад.

«Avesta» хабар медиҳад, дар рафти маҷлиси якҷояи комиссияи Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ва киностудияи «Тоҷикфилм», ки 29 апрел дар Тошканд баргузор шуда буд, мутахассисони ду кишвар консепсияи офаридани филми таърихиро бо номи «Ҷомӣ ва Навоӣ» тасдиқ намуда буданд.
Лоиҳаи офаридани филми бадеии якҷоя бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев 10-11 июни соли 2021 дар рафти сафари ӯ ба Тоҷикистон ва дастгирии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд.
Қайд гардид, ки Нуриддин Абдураҳмон Аҳмади Ҷомӣ (1414-1492) — шоири бузурги форс-тоҷик, ориф, шайх, фақеҳ, файласуф ва назариётчии мусиқӣ, дӯст ва устоди шоири бузурги туркигӯй, ориф ва арбоби давлатӣ — Алишер Навоӣ (1441-1501) буд.
Ҳангоми муҳокима ва муаррифии филме, ки киносозону олимони ду кишвар омода мекунанд, олимон ва киносозони ду мамлакат иштирок намуданд.
Дар кори омода кардани сенария мутахассисони Агентии кинематография, киностудияи «Тоҷикфилм», иттиҳодияҳои кинематографистони ду мамлакат, Фарҳангистонҳои улум, вазоратҳои фарҳанг, институтҳои санъат ва шарқшиносон ҷалб карда шуданд.
Коргардони филм аз ҷониби Ӯзбекистон — Фурқат Усмонов қайд кард, ки байни директори генералии Агентии кинематография Фирдавс Абдухолиқов ва коргардони машҳури франсуз, сенариянавис ва продюссер Люк Бессон табодули афкор ба вуҷуд омад.
Дар zoom-конфронсе, ки чанде қабл баргузор шуд, Люк Бессон қайд намуд, ки бо коргардонҳои ҷавони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон кор кардан мехоҳад, аз киносозони серғайрати ӯзбекистонӣ хушаш меояд. 
Тибқи муоҳида  мо аз рӯйи сенария якҷоя кор мекунем, ба сифати мушовири лоиҳа омода гардидани сенарияро интизорам, — гуфт Фурқат Усмонов.

АИ «Дунё»,
ш. ДУШАНБЕ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: