НОН, КИ ҲАЛОЛ ШУД, НОМ ҶИЛО МЕДИҲАД

Усто Худойқули боғучорбоғӣ тани арақшори худро аз дами ноҳинҷори кӯраи оҳангарӣ ақиб кашида, як дам ба паноҳи сояи девор гирифт.

Албатта, ин ҷо нисбатан муътадил аст ҳаво, кор кардан ҳам роҳатбахш. Устохонаи оҳангарии ӯ аз як бинои назарногире иборат буда, дар лаби роҳи калони деҳа воқеъ гаштааст. Ин биноро устои пир ба неруи худ бунёд карда, чандин сол аст, ки мунтазам «меҷунбонад» ва маҳсули меҳнаташ дастбадаст гузашта, чӣ хуб аст, ки  дар байни бошандагони ҳамин обрав, ки Боғучорбоғ меноманд ва ғолибан сарманшаи кулли тоҷикони ноҳияи Деҳқонобод маҳсуб меёбад, хеле маъруфият пайдо кардааст. Мардум ба ҳунари ин устои пир арҷ мегузоранд, пайваста олоти сохтаи ӯро харидорӣ намуда, дар зиндагии рӯзмарраи худ истифода мекунанд. Мардуми минтақа нек медонанд, ки усто Худойқул Муъминов дар соҳаи оҳангарӣ як шахси тасодуфӣ нест, балки аз пуштаи устоҳои номвари ин макони ҳунархез буда, ҷадди бошарафи ӯро Усто Боймурод меномиданд. Вай аз устоҳои ангушнамои ин музофот буд, ки маҳсули дастони муъҷизаофараш ҳамаро дар ҳайрат мегузошт ва он замонҳо одамон аз барои харидани асбобҳои омоданамудаи ӯ аз навоҳии дури вилоят низ меомаданд. Усто Муъмин писари Боймуроди оҳангар аст, ки пушти дуюми ин сулола маҳсуб мешавад. Зурриёташ Усто Худойқулу Ҷумъақул минбаъд касби падарро аз дилу ҷон идома дода, шуҳрати хонадонро боз ҳам баланд бардоштанд. Усто Сафаралӣ – насли ҷаҳоруми оҳангарони боғучорбоғӣ,  писари Худойқул аст. Вай ҳам дар пешаи оҳангарӣ шуҳратёр гаштааст. Онҳо дар гӯшаву канори деҳа устохонаи худро ҷӯр карда, ниёзи мардумро ба маҳсулоти оҳанӣ, хоса асбобу анҷоми кишоварзӣ, олоти зарурии рӯзгор,  афзори аспу дигар ҳайвоноти хонагӣ бароварда месозанд. Аммо пӯшида нест, ки ҳоло маҳсулоти филизии заводҳо бозорҳоро забт карда, мардум ҳам бештар ба он колои арзон майл доранд. Аз  ин сабаб як навъ роҳи худро ба самти коргоҳҳои оҳангарӣ тағйир додаанд. Коргоҳҳои оҳангарон солҳои охир дар рақобати озод ноком монда, ногузир вусъати кори худро маҳдуд карданд. Дар чунин рақобати бераҳмона чандин дӯкони оҳангарӣ дар Боғучорбоғ ҳам муфлис шудаву соҳибонашон – оҳангарони чирадаст аз барои пайдо кардани рӯзии худ тағйири касб намуданд. 
Аммо фарзандони усто Боймурод аз соҳаи худ фаро нарафтанд ва бо қатъияти том фишори баланди замонаро таҳаммул карда, ҳаргиз нагузоштанд, ки ҳунари оҳангарӣ хору залил гардад ва дӯконҳояшон баставу маҳсули дастони онҳо аз назарҳо афтанд. 
Ҳоло дар музофоти Боғучорбоғ Усто Худойқул пешқадам буда, коргоҳи ободи оҳангарие дорад. Фарзандони ӯ ба падар ёрӣ расонда, гоҳе дастгоҳи бодбезро фаъол созанд, гоҳе путки гаронро ба даст гирифтаву оҳани тафтаро мекӯбанд. Бодбези бобоӣ аз қабат-қабат чарми дарунтиҳӣ иборат буда, дастаи дарозашро бо ҳар бори болову поён овардан ба самти кӯраи оҳангарӣ шамол роҳ мегирад ва ба сӯхтани ангишт мадад шуда, ҳарорати кӯраро баланд месозад. Усто Худойқул Муъминов мегӯяд, ин усули қадимаи тафсон нигаҳ доштани кӯраи оҳангудозӣ аст. Ҳоло дар баъзе устохонаҳо дастгоҳҳои барқӣ низ истифода мешаванд, ки маҷрои ҳаворо ба самти кӯра равон месозанд. Аммо ба дарозо аз барқ маҳрум мондани деҳаҳои кӯҳистонӣ, ки шояд муассисаҳои барқрасон аз барои сарфаи ин неъмат даст ба чунин амал мезананд, кори оҳангаронро низ ба мушкил мувоҷеҳ месозад. Дар чунин маворид усули бобоии рондани шамол ба самти кӯра муфидтар мебошад, ташвишаш ҳам камтар аст.       
Бояд гуфт, ки Усто Худойқул ҳоло куҳансолтарин оҳангари Боғучорбоғ аст ва дар пешаи худ ҳамто надошта, ҳатто назар ба устоҳои дигари қаламрав як сару гардан боло меистад. Вай айни ҳол 83 сол дорад ва 1-уми июни соли 1940 ба дунё омада, бачагиаш дар замонаҳое гузаштааст, ки ба туфайли ҷанги хонумонсӯз нишоти зиндагии мардум халал оварда, лоҷарам қариб ҳар хонадон кулфате дошт. Азоби гуруснагии сахте ҳамқадами ин ғаму андӯҳи гарон гашта, гиребонгири пиру барно шуда буд. Дар чунин шароити вазнин Худойқул ба кори падар пайваста кӯмак мерасонд ва асрори пешаи оҳангариро меомӯхт. Баъдтар путкро аз дасти қиблагоҳаш гирифт, кори ӯро сабук кард...  
... Дар гашти рӯз назар ба дохили устохона, ки оташдону сангдон он ҷост ва дар кӯраи дудзадааш як гул алов бедимоғ месӯхт, салқин аст, соядави девору хавозаи ток, шамоли кӯҳи Темирсандуқ расида, тану ҷони оҳангарро навозиш мекунад. Аз лаби ҷӯйбор се қатор санг чида, суфаи мусаттаҳе сохта буданд. Аз гӯшаи он сар болои хавоза гирифта, як тоқа токи мевааш ҳанӯз ғӯра бедареғ соя меафканд. Устои солхӯрда, дар гӯш ғулғули оби ҷӯйбору нолиши асбоби корӣ, рӯйи зонувонаш матои рангбохтаи дурушт ба як пора оҳани акнун сард беист сӯҳон мекашид – ғиҷ, ғиҷ, ғиҷ, ғиҷ..! Оҳан тадриҷан сайқал ёфта, лайс мешуд ва як навъ ҷило низ пайдо мекард. Чашмони оҳангар баробараш равшан мешуданд. 
Усто ба асбоби сохтааш хуб зеҳн монда, аз нав сӯҳонро ба даст гирифт ва аз чӣ буд, ки «Садқаашон ман, аздусар мақоми одамони хондагӣ як парда болост, мисли оҳани обутобёфта!» – гуфт нимшунаво ва пайваста ба гӯшаҳои олот сӯҳон кашида, таассуф кард, ки чаро дар замонаш ба хондан нарафт? Дар мактаб-ку... хониши баде надошт. Агар гапи падарро ду накарда, ба ягон даргоҳи номаш баланд рафта мехонд, шояд имрӯз заҳматаш камтар мешуд, ҳамон як пора коғази бамӯҳри ҳукумат – диплом ба нафақааш ҳам рамақ мегашт. Муродаш, шояд бо маблағи зиёдтаре ба нафақа баромада, имрӯз дар гашти пирӣ аз камии пули нафақа шиква намекард. Вай ин андешаро вақте аз дил гузаронд, ки ҳамсинфаш Ботир-муаллим либоси озадае дар бар ба самти хонааш гузашт. 
«Хайр, боке не, шукри Худованд, касби аҷдодиро идома медиҳад. Худи ҳамин давлати калон!» – даст монда паси гардан хорид усто.  
 Имрӯз дар таҳлука аст, ки минбаъд мардум ба маҳсули дасти оҳангарон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ё не. Оҳангарӣ ҳамчун касб пойдор мемонад ё не! Шукр, ки панҷ фарзанди ӯ аз пайи падар рафта, асрори ин пешаро мукаммал аз худ кардаанд ва имрӯз ҳар кадом устоҳои моҳире ҳастанд. Хоса, часпу талоши Сафаралиаш лоиқи таҳсин аст... Аммо аз қазо минбаъд талабгорони маҳсулоти оҳангарӣ кам шаванд, яқин ин соҳа ба касодӣ мувоҷеҳ мегардад ва  оҳангарон ногузир табдили касб хоҳанд намуд. Ана, тарси Усто Худойқул дар чист! 
Оҳангар дубора ба олоти дасташ аз ҳар самт бодиққат нигарист... Ин оҳани гирдаи камоншаклро, ки ҷой-ҷой сӯрохиҳо дорад, наъл мегӯянд ва ҳоло усто ҷойҳои дурушти онро суфта, ба табъи дили худ мувофиқ месохт. Як човандози ӯзбектабор чандин сол аст, ки ошиқи маҳсули дастони Усто Худойқул гаштааст. Ҳарчанд «ҳаво гарм, бародар, дар пеши кӯра нишастану таф додани оҳан як кори мушкил...» гуфта ваҷҳ овард, аммо он хонаобод ду пойро дар як мӯза хаста, «насозед, рӯзам сиёҳ хоҳад шуд...» гуфта, сахт исрор намуд. Чаҳор ҷуфт наъли баоб сохта надиҳад, аспҳои ӯ дар сабқати навбатии бузкашӣ ширкат варзида наметавонанд. Ба гуфти ӯ, наълҳои сохтаи устоҳои тагоб ба талаб ҷавоб намедодаанд, – зери зарби суми аспҳо зуд мешикастаанд! 
Ва... сухани мард нашиканад гуфта, ноилоҷ ризо шуд. Аммо шикваи мизоҷи дерини худро шунида, дар ҳайрат монд. Пас, ҳанӯз устоҳои ҷаълӣ дар атроф зиёданд. Дар домани шолиҳо курмаквор рӯз мебаранд онҳо!  
Ё тавба! Чӣ бало, оҳанро нағз обутоб намедиҳанд?!» – аз худ пурсид оҳангари пир, миёни абрӯвон чин андохта . – «Агар оҳан ба дурустӣ об нахӯрад, тобовар нахоҳад шуд.» Барои ин бояд арақи ҷабин рехт, чандин навбат оҳанро дар кӯра сурх кардаву гаштаву баргашта бо путки гарон кӯфт. Фурсаташ, ки расид, аз сидқи тамом «бисмиллоҳ» гуфтаву об додан лозим. Об додани оҳан ҳам ҳунар аст, асрори худашро дорад. Сирри ин корро вай аз падар омӯхтааст, падараш бешак аз қиблагоҳаш! Номро доғдор кардан, бо нонро нораво хӯрдан баробар! Аммо баъзе бандаҳои хомхаёл ба умқи ин андеша намераванд. Фиреб, найранг, ба чашми ҳам хок пошидану соҳиби сарват шудан аст пиндори ғалаташон, кирдори номатбӯашон! 
«Ё Аллоҳи кабир!..» – бухси дилашро бо талаффузи ин таъбир берун афканда, наъли тайёршударо ба як сӯ гузошт. Тоқаи дигарашро ба даст гирифт ва ба паҳлӯҳои ҳанӯз носуфтаи он бедиранг сӯҳон кашида, аз аъмоли баъзе ҳампешаҳои худ оташин мешуд, ба ҷойи онҳо як навъ хиҷолат ҳам мекашид.
«Шукр, ки ҳанӯз бузкашӣ барин суннатҳои мардумӣ зиндааст. Ба туфайли ҳамин дилхушӣ одамон аспҳои хушзот парварида, вориди майдони сабқат мешаванд. Барои аспҳои худ човандозон даҳана, гулмех, рикоб, сумтарош, наъл ва дигар афзори зарурӣ фармоиш медиҳанд ва ин тавр, дӯконҳои оҳангарӣ ҳам як навъ «меҷунбанд». Аммо фаъолияти ин коргоҳҳо шӯълаи дар дами боди тунд мондаро ба хотир меоранд.» – Усто Худойқул бо андешаи маҳзун ба самти кӯча зеҳн монд, ки як мошини «бегона» ба ҷониби осиёби деҳа роҳ гирифт. Шояд ба дӯкони вай ҳам сар халонанд... 
Акнун кайфияти усто худ аз худ боло рафт. Хуб аст, ки дар ин авохир соҳаи ҷаҳонгардӣ рӯ ба рушд овардааст. Гаҳу ногаҳ сайёҳони хориҷӣ ба деҳа сар халонда, аз ҳунари оҳангарон низ бархурдор мегарданд, агар сози дилашон маҳсулоте ёфтанд, зуд харидаву ба кишварҳои худ мебаранд. Ба соҳаи сайёҳиву ҷаҳонгардӣ эътибор додани ҳукумат кори оҳангаронро андаке такон додааст. Дар мактабҳо ҳам ба касбу ҳунар омӯхтани шогирдон таваҷҷӯҳ зоҳир мегардад, ки ин амал ҳам умеди зинда мондани оҳангарӣ барин пешаҳоро қавитар месозад. Усто Худойқул Муъминов аз ҳамин бобат андешида, дар кӯраи дилаш як панҷа равшанӣ давид ва бо нолиши пирона аз ҷой хеста, зери лаб хитоб кард: «То реша дар об аст, умеди самаре ҳаст!»

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҚАШҚАДАРЁ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: