ВОҚЕАИ ҒАЙРИЧАШМДОШТ

Нависандаи покистонӣ Мирзо Адиб дар «Мисбоҳ» ном асараш овардааст:

«Солҳои 60-уми асри гузашта дар Деҳлӣ кор мекардам. Рӯзе аз автобус фаромада, ба ҷайби худ нигарам, касе ҳамён ва мактубе, ки ба модарам навишта будам, дуздидааст.
Дар ҳамён 9 рупӣ пул доштам. Мактуб бошад, аз чаҳор сатр иборат буд: «Модарҷон, маро аз кор холӣ карданд. Акнун 50 рупие, ки барои шумо ҳар моҳ ҷудо мекардам, фиристода наметавонам...»
Мактубро ба умеде, ки мабодо пул пайдо карда тавонам, 3 рӯз инҷониб дар ҷайб медоштам. Албатта, ин 9 рупӣ ба қадре арзиши зиёд надошт, аммо барои ман, ки аз кор ронда буданд, баробари 9 ҳазор рупӣ буд.
Баъди чанд рӯзи ин воқеа аз модарам номае гирифтаму хавотирам дучанд гардид: агар модарам интизори он маблағ бошанд, пас чӣ бояд кард?
Мактубро бо сад андеша кушодам ва баъди мутолиа гиребони ҳайрат доштам. Модари меҳрубонам пас аз изҳори ташаккуру дуо навиштаанд, ки «он 50 рупии ҳаволакардаатро гирифтам. Писарҷонам, меҳри ту аз ҳама зиёда, аз кор озод карда бошанд ҳам, барои ман 50 рупӣ пайдо карда ва онро дар вақти даркорӣ фиристода тавонистаӣ! Ба ту омад ва ризқи бобаракот металабам!».
То ба ман мактуби бо хати каҷу килеб навишта расид, суоли «ин маблағро кӣ фиристода бошад», безобитаам кард, ки ин буд:
«Салом, нишондоди манзилро аз лифофаат гирифтам. Ба 9 рупияат 41 рупӣ, ки чанд вақт боз ҷамъоварӣ мекардам зам намуда, ба модарат фиристодам. Боз ҳам аниқтар гӯям, модарат ва модари худамро фикр кардам. Тарсидам, ки модарат гурусна монаду ба уболи ту ва модарат намонам. Ман оне, ки дар автобус 9 рупӣ пулатро дуздида будам. Маро бубахш».
Мактуб ба ҳаёти ман такони нав бахшид. Он рӯз ман ба хулосае омада будам: гоҳо ба дуздоне вомехӯрем, онҳо аз шахсоне, ки шиорҳои баландпарвозу дур аз ҳақиқатро пешаи худ кардаанд, олиҳимматтаранд, аниқтараш, баъзе одамон ба қадре, ки ман фикр мекардам, бад нестанд.
 
Тарҷумаи Н. НОДИРОВА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: