НАҚША ИҶРО ШУД

Мавсими ғунучини пахта дар ноҳияи Қаравулбозор 15 сентябр оғоз ёфта буд.

Мавсими ғунучини пахта дар ноҳияи Қаравулбозор 15 сентябр оғоз ёфта буд. 
Хоҷагии фермерии «Шомурод Ҷаҳонгир замини» (сардораш Шералӣ Норов) дар ин маърака пешдастӣ намуда, 23 сентябр аз 19,6 гектар майдон ба давлат 52 тонна «тиллои сафед» супорида, нақшаи шартномавиашро иҷро кард. 
Ба ин муносибат дар хоҷагии фермерӣ бо ташаббуси ҳокимияти ноҳия ҷараёни ҳавасмандгардонии пешқадамон сурат гирифта, дастархони пурнозу неъмати ғолибон аз таоми бузург – ош пурфайзтар гардид. Бояд таъкид намуд, ки заршиносони қаравулбозорӣ имсол дар 5905 гектар майдон пахтаи навъҳои «Бухоро-6», «Бухоро-10» корида, ҳосили фаровон фароҳам оварданд. Ҳоло 147 хоҷагии фермерии ба истеҳсоли пахта ихтисосонидашуда баҳри ҷамъоварии 13260 тонна ашёи хоми пурарзиш азму кӯшиш доранд. Бо ин мақсад 8850 нафар чинакчиён, ки дар 60 отряд муттаҳид шудаанд, меҳнат мекунанд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.


КОМЁБИИ ПАХТАКОРОНИ «САЪДУЛЛО-95»
Хоҷагии фермерии «Саъдулло-95» на фақат дар ҳудуди Вардонзе, балки дар ноҳияи Шофиркон эътибори ба худ хос дорад.
Ин хоҷагӣ дар оғӯши дашти Ҷилвон дар дамгоҳи тазйиқҳои табиӣ воқеъ гардида бошад ҳам, деҳқонони асил ба туфайли меҳнати суботкорона ва риояи қатъии маданияти зироатпарварӣ пайваста комёб мегарданд. 
Соли ҷорӣ деҳқонони ҳимматбаланд нақшаи солонаи ба давлат супоридани ғалларо 120 фоиз иҷро карданд. Нисбат ба план 18 тонна зиёдтар гандум ба хирмани давлат инъом гардид. Дар шароити пандемия 1,5 тоннаи дигар баҳри дастгирии хазинаи «Саховат ва кӯмак» супорида шуд. Пахтакорони диловар 13 апрел дар 20 гектар майдон пахтаи навъи «Бухоро-6» корида чун одат ба парвариши ниҳолҳо пардохтанд. Оброн Дилшод Орифов, механизатор Намоз Орифов чун ҳамеша вазифаи худро сарбаландона иҷро карданд. Коркарди байни қаторҳо, озуқадиҳию обёрикунии саривақтӣ боиси нашъунамои мӯътадили пахтазор гардид. Ниҳоят ҳосили дилхоҳ фароҳам омад. Пахтачинӣ 20 сентябр ибтидо гирифт. Байни 70 нафар чинакчиён беҳамто будани худро Шаъбон Бердиева, Фирӯза Кенҷаева, Дилрабо Холова, Азиза Султонова бори дигар исбот карданд. Ҳар яки онҳо рӯзе 250 килограммӣ дурдона мечинанд. Меҳнати сарбаландона 24 сентябр боиси комёбӣ гардид. 58 тонна пахтаи чӯл ба даст даромад.
– Ин ҳадди охирин нест, то охири мавсим ҳосилнокии майдонҳоро камаш ба 35 сентнерӣ мерасонем, – гуфт ба мо сарвари деҳқонон Фирӯз Чӯлиев.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: