Ҳангоми таълифи матни бадеӣ аҳли илму адаб кӯшиш менамоянд, ки тобишҳои лексикию услубӣ, экстралингвистию лингвопоэтикии калимаю ибора ва таъбирҳои фразеологиро бо усулҳои хоси эҷодӣ корбаст намоянд.
Ҳангоми таълифи матни бадеӣ аҳли илму адаб кӯшиш менамоянд, ки тобишҳои лексикию услубӣ, экстралингвистию лингвопоэтикии калимаю ибора ва таъбирҳои фразеологиро бо усулҳои хоси эҷодӣ корбаст намоянд. Шоири ғазалсаро – Камоли Хуҷандӣ кӯшиш намудааст, ки бо интихобу корбасти калимаю ибора ва дигар воҳидҳои забонӣ салосату ғановат, сарвату дороии забони адабиро ҳамаҷониба равшан намояд. Тасвирҳои бадеӣ ва эмотсионалӣ-экспрессивӣ дар ғазалиёт барои муассиру пуробуранг баён намудани фикр хидмат кардаанд. Мураттибони “Девони ғазалиёт”-и Камоли Хуҷандӣ дуруст таъкид кардаанд, ки “Зарофатҳои суханони шоир чунон бориканд, ки гоҳе барои пай бурдани онҳо хонандаю шунавандаро маънирасӣ ва зарофати табъ мебояд”. (5).
“Оби ҳайвон” яке аз ибораҳои серистеъмолтарини адабиёти ниёгон ба шумор меравад. Ибораи маъмули таърихӣ аз ду ҷузъ “об” ва “ҳайвон” бо бандаки изофӣ дар шакли ибораи “оби ҳайвон” таркиб ёфтааст. Калимаи “об” ҳамчун воҳиди лексикии забони адабӣ хусусияти умумиистеъмолӣ, моносемантикӣ дорад. Дар нутқи гуфтугӯӣ бештар ва дар нутқи китобӣ камтар корбаст мешавад. Чун истилоҳи илми тасаввуф яке аз ҷузъҳои “чор унсур”, чун истилоҳи илми анатомия неъмати ҳаётбахши моеъ мебошад, ки он ба инсону ҷонварон ҳаёт мебахшад.
Дар ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ калимаи “об” дар шакли муҷаррад ба маънои асл, ки мо онро дар ҳаёти ҳаррӯза истифода мебарем ва нӯши ҷон мекунем ва инчунин бо иловаи калимаҳои дигар, яъне калимаҳои “ҳайвон”, “ҳаёт”, “зиндагӣ”, “бақо”, “равон”, “чашм”, “дида” “муаллақ”, “сухан”, “май”, “хазар”, “Хизр”, “Кавсар”, “ҷаннат”, “Ҷайҳун”, “Камол” ва ғайра дар шакли ибораҳои “оби ҳайвон”, “оби ҳаёт”, “оби зиндагӣ”, “оби бақо”, “оби ҷаннат”, “оби равон”, “оби чашм”, “оби дида”, “оби равшан”, “оби сухан”, “оби май”, “оби муаллақ”, “оби хазар“, “оби Хизр“, “Оби Кавсар”, “оби Ҷайҳун”, “оби чашми Камол”, “оби ду чашм”, “оби давлати ошиқ” ва ғайра мафҳумҳои гуногунро ифода кардааст.
Калимаи “ҳайвон” дар замони Камоли Хуҷандӣ маҷозан маънои “ҳаёт”, “зиндагӣ” ва дар замони имрӯз маънои “сутур”, “сутурон”-ро дар бар гирифтааст. Ин вожа дар нутқ ва тасвири бадеии шоири ғазалсаро дар шакли ибораи “оби ҳайвон” маънои “оби ҳаётбахш”-ро ифода менамояд. Дар байни мардум ривояте ҳаст, ки дар замоневу маконе “оби ҳайвон” аз чашмаи Хизр дарёфт шудааст. Инсон ва тамоми мавҷудоти рӯйи олам аз он чашма об нӯшидаанду ҳаловат бурдаанд.
Нуктадонӣ ба Камоли Хуҷандӣ имконият додааст, ки ӯ бо интихоб ва корбасти ибораи “оби ҳайвон” ворисонашро ба донистан ва дар лавҳи хотир нигаҳ доштани мазмуни афсонаҳои мӯъҷизавӣ ва ривоятҳои халқӣ даъват намояд. “Чашмаи Хизр” яке аз чашмаҳои афсонавии мӯъҷизавӣ ба шумор меравад. Камоли Хуҷандӣ мисли ҳамзамонон дар ҳаққи он чашма бо ифтихор ҳарф зада ва бо тасвирҳои бадеиву барҷаста васфу ситоиш намудааст. Дар забони адабӣ чашмаҳои гуногунном бисёранд, аммо “чашмаи Хизр” дар байни он чашмаҳо бо фарогирии нахустоби ҳаёт аз чашмаҳои дигар фарқ мекунад. Ибораҳои наҳвии ягона ва гуногунҷузъ муродифи ҳамдигар ба шумор мераванд. Агар онҳо дар матн пай дар пай, ё худ дар алоҳидагӣ чун бандҳои занҷир корбаст шаванд, муассирӣ ва бадеияти сухан ҳамон қадар зиёд мегардад. Мавҷудияти ҳодисаи муродифотӣ ҳодисаи такрорро пешгирӣ намуда, дар ин ҷода шоири хушсалиқаву хушгуфтор Камоли Хуҷандӣ ба соҳибқаламони ҷавон намунаи ибрат гардидааст. Мисолҳои поёнӣ гуфтаҳои моро собит менамоянд:
Зулфи ӯ умр асту он кас
ёбад он умри дароз,
К-аз лабаш бар ваъдаи бӯс
оби ҳайвон кард нӯш.
***
Заҳри ноб аз дасти ту азби
Фурот,
Бе ту оби зиндагӣ милҳи
уҷоҷ.
***
Аз лаби ӯ то хабаре
ёфтем,
Оби ҳаёти дигаре ёфтем.
***
Хоке, ки бар он нишони
он пост,
Аз оби бақо диҳад
нишонам.
Мардум орзу доранд, ки чашмаи афсонавии Хизрро ёбанду аз он қатрае нӯшанд, инчунин дидори Хизри фархундапайро бубинанд.
Шоир хаёлан дар ғайб бо Хизр гуфтугузор дорад. Ё аз Хизр чигунагии чашма ва оби онро пурсидааст:
Камол аз Хизр пурсиш
кард васфи чашмааш,
гуфто:
Чу он лаб дидаам, з-он
об акнун даст мешӯям.
(354).
Дар яке аз байтҳои ғазали шоир бо санъати саволу ҷавоб аз маъшуқа пурсида мешавад, ки лаби лаълу хати сабзи ту аз кадом об сероб аст? Аз мазмуни ҷавоби баргардонида равшан мегардад, ки ин серобӣ аз “оби Хизр” ва “оби Хазар” аст. “Хазар” – калимаи вомии арабӣ. Баҳри Хазар – номи дигари баҳри Каспий. Мардуме, ки дар асрҳои миёна дар соҳили баҳри Каспий зиндагӣ мекарданд, бо номи Хазар машҳур буданд. Ахзар, ахзарӣ калимаҳои вомии арабист, ки онҳо ҳамоҳанги калимаҳои хазар, хазарӣ ба шумор меравад. Аввалӣ маънои кабуд, нилгунро, дуюми маънои кабудтоб, нилгунтар, ибораи “чархи ахзар” маънои осмони нилгунро ифода менамояд. Дар байти мазкур ибораи “оби Хазар” ба маънои оби баҳри Каспий омадааст:
Гуфтам: Ба лаби лаълу
хати сабзи равонбахш,
Оби Хизирӣ ё хазарӣ? Гуфт, ки ҳар ду.
Ибораи “оби сухан” дар байти зерин аз ҳисси ғуруру ифтихор саршор аст.
Гар бингарад равонии
оби сухан, Камол,
Аз чашмасори хеш равад Хизр шармсор.
Дар байти зерин бо зарофати нозуктабъӣ баҳри равшан намудани мазмуни мақоли халқии “Оби дарё ба ғалбер кам нагардад” кӯшише ба харҷ дода шудааст:
Оби чашмам кам нашуд,
чандон, ки мижгон
баргирифт,
Кас ба парвезан чӣ гуна оби Ҷайҳун кам кунад?
Дар байти мазкур ибораи “оби дида” чун муродифи ибораи “оби чашм” интихоб гардида, барои тасвири қадршиносӣ ва эҳтироми ҳамдигар хидмат кардааст:
Гар оби дида сӯйи ту
орад Камолро,
Хошок пеши гавҳари
сероб мебарад.
Байти дигар:
Аҷаб мадор, ки рӯзе ба
оби чашми Камол
Зи остонаи ӯ сарву гул
бурун ояд.
***
Рафт, он чи рафт
з-оташи дил бар сари
Камол,
Минбаъд з-оби дида
бар ӯ то чиҳо равад.
Аз шарҳу тафсир ва баёни ҷиҳатҳои лингвостилистикии чанде аз калимаву ибораҳо пай бурдан мумкин аст, ки шоири ғазалсаро Камоли Хуҷандӣ дар интихобу корбасти воҳидҳои забон ва равшан намудани ҷиҳатҳои услубию бадеӣ маҳорати бемислро намоён кардааст.
Таваккал ЧОРИЕВ,
номзади илмҳои филологӣ, профессор.