Сабаби нави пиршавӣ кашф шуд

Олимони Институти илм ва технологияи Окинава (Ҷопон) сабаби нави пиршавии ҳуҷайраҳоро муайян карданд. Он дар натиҷаи осеб дидани мембранаи ҳуҷайра аз фишори механикӣ ба амал меояд.

Пештар, ҳисоб карда мешуд, ки   шикастёбии механикии мембранаи ҳуҷайра танҳо ба ду сенария оварда мерасонад: барқароршавии тамоми ҳуҷайра ё нобудшавии он.  Маълум мешавад, ки дараҷаи миёнаи осеб барои марги ниҳоии ҳуҷайра кофӣ нест, аммо бо вуҷуди барқароршавии мембрана, ҳуҷайра дорои фенотипи пиршавӣ мешавад.

Ҳуҷайраҳои пиршуда аз ҷиҳати метаболизм фаъоланд, аммо онҳо сафедаҳои гуногуни секреторӣ ҳосил мекунанд, ки аксуламали иммуниро ҳам дар бофтаҳои наздик ва ҳам узвҳои дур фаъол мекунанд.  Ин механизм метавонад боиси тағйироти судманд ва зараровар дар организм, аз ҷумла ба ҳам омадани захмҳо, рушди саратон ва пиршавӣ гардад.

 Олимон кашф кардаанд, ки осеби мембранаи ҳуҷайра тавассути механизми калсӣ ва гени рафъкунандаи варам p53 сурат мегирад ва ин навоварии илмӣ метавонад дар оянда ба таҳияи усулҳои солими дарозумрӣ оварда расонад, хабар медиҳад lenta.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: