«ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ ВА ТЕРРОРИЗМ – ТАҲДИД БА ТАРАҚҚИЁТИ ҶАМЪИЯТ»

Дар техникуми агротехнологияҳои Ғиждувон таҳти ҳамин унвон тадбири тарғиботӣ ба амал омад.

Дар он раисон, фаъолони занону духтарон, роҳбалади ҷавонони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои «Сармиҷон», «Чағдаре», «Ҷовгаре», «Лабируд», «Кӯшк», инчунин нафароне, ки шомили рӯихати муҳтоҷи дастгирии  иҷтимоӣ гаштаанд, талабагони мактаб ва падару модарони онҳо иштирок карданд. 
Ба тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Э. Маҷидов ибтидо гузошт. Вай аз ҷумла, дар бораи ислоҳоти маърифати диние, ки дар мамлакати мо амалӣ мегарданд, таваққуф намуд, инчунин муқаддас доштани арзишҳои миллию диниамон, ки таърихи чандинасра доранд, зарур будани омӯхтани мероси гаронбаҳои аҷдоди бузургамон, ки баҳри рушди илму фарҳанги олам саҳми арзанда гузоштаанд, дар ҳамин асос тарбия намудани ҷавонон яке аз омилҳои муҳимтарини пойдории муҳити иҷтимоию маънавии ҷамъият будани  онро таъкид намуд. 
Дар тадбир намояндагони дин бобати вазифаҳои устуворе, ки баҳри пойдории муҳити иҷтимоию маънавии маҳаллаҳо заруранд, мақсадҳои ғоявии ҷараёнҳои динию экстремистӣ, таъсири манфии онҳо ба рушду осоиштагии диёр, мувофиқи талаби қонунҳои дар амалбуда ҷавобгар будани падару модарон барои гирифтани таълими динӣ фарзандони ноболиғи худро ба хориҷа фиристоданашон, ҳифзи аҳолӣ хусусан, ҷавонон аз таъсири ҳар гуна ғояҳои вайронкор ва ҷараёнҳои зарарнок, пешгирӣ намудани радикализм фикру ақидаҳои худро баён карданд.   Мутахассисони соҳа ба ҷамъомадагон дар бораи роҳи ягона будани мубориза зидди ҷаҳолат – маърифат ҳарф заданд. Дар охир ба ҳозирон видеофилмҳои «Қадри осоиштагӣ» ва «Манзили иқрор» намоиш дода шуд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

 

 


ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Дар шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарё озмуни омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти ӯзбеки мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии қаламрав таҳти унвони «Бузургу муқаддасӣ, забони модарӣ!» ҷамъбаст гардид.
Гуфта мешавад, ин сабқат барои бузургдошти забони давлатӣ аз ҷониби ҳокимияти вилояти Қашқадарё ва бахши минтақавии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ  роҳандозӣ шуда буд. Дар давраи ниҳоии озмун аз ҳар ноҳияву шаҳрҳои вилояти Қашқадарё сенафарӣ ғолибон ширкат варзида, дар зинаи олии озмун вориди қувваозмоӣ гаштанд. Онҳо аз рӯи шартҳои «Диктант», «Фикри ман» ва «Ба ӯзбекӣ гӯед» донишу истеъдоди худро санҷиданд. Шартҳои озмун аз ҷониби доварони босалоҳият дар асоси сохтори 50 холӣ баҳогузорӣ гашт. Аз байни зиёда аз 60 нафар муаллим се нафар беҳтарин омӯзгор ғолиби сабқати  «Бузургу муқаддасӣ, забони модарӣ!» гаштанд.
Мақоми аввал насиби омӯзгори мактаби рақами 95-уми ноҳияи Қамашӣ Насиба Иброҳимова шуд. Ҷойи дуюмро омӯзгори мактаби рақами 9-и ноҳияи Миришкор ва зинаи сеюми сабқатро омӯзгори мактаби рақами 44-и ноҳияи Ғузор забт намуданд.
Ба ғолибон ва иштирокдорони озмун туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: