Дирӯз таҳти чунин ном дар Осорхонаи давлатии таърихи маданияти Ӯзбекистон дар Самарқанд намоиши асарҳои рассомону ҳайкалтарошон оғоз ёфт.
Дирӯз таҳти чунин ном дар Осорхонаи давлатии таърихи маданияти Ӯзбекистон дар Самарқанд намоиши асарҳои рассомону ҳайкалтарошон оғоз ёфт. Дар нигористон 110 асари санъати тасвирӣ ва беш аз бист пайкара ба маъраз гузошта шуд.
Бо ҳамин муносибат гирдиҳамоӣ ба вуқуъ пайваст. Дар он рассомон, меъморон, наққошон, ҳайкалтарошон, донишҷӯёни мактабу коллеҷ ва мухлисони санъати тасвирӣ ширкат варзиданд.
Директори осорхона ба гирдиҳамоӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида таъкид кард, ки намоиши асарҳои рассомону ҳайкалтарошон бори нахуст ташкил гардид. Он то моҳи марти соли оянда идома меёбад, ки ба сайёҳони дохили кишвар ва хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Сипас академик, мусаввир Аслиддин Исоев, рассом Аҳмад Умаров, ҷонишини директор оид ба корҳои илмию тадқиқотӣ Маҳмуд Юнусов, мудири шуъба Олга Погорелова, сарвари Иттиҳоди рассомони Самарқанд Нуриддин Калонов ва дигарон ба сухан баромада, доир ба аҳамияти намоиши асарҳои рассомону ҳайкалтарошон ҳарф заданд.
Бояд таъкид кард, ки дар нимаи дуюми асри XIX ва XX аз бисёр гӯшаву канори Русия эҷодкорон омада, дар Самарқанд асарҳои нотакрор офаридаанд. В.Верешагин, Р.Зоммер, С.Дудин, П.Бенков, А.Волков, О.Татевосян ва дигарон аз он ҷумлаанд.
Масалан, асари мусаввир Л.Бурэ «Регистон», (соли 1913) дар Италия ба 500 ҳазор доллар баҳогузорӣ шудааст. Аммо муаллиф ин асарашро ба осорхонаи давлатии Самарқанд ройгон бахшидааст.
— Дар арафаи иди соли нав таъсис ёфтани нигористон дар Самарқанд аҳамияти калон дорад, – иброз дошт санъатшинос Нормурод Неъматзода. – Зеро ҳар рӯз фавҷ-фавҷ меҳмонони хориҷӣ ба шаҳри мо ташриф оварда, аз дурдонаҳои нодири санъати тасвирӣ баҳра мебаранд. Аммо пешниҳоди холисонаи аксари эҷодкорон аз он иборат аст, ки бояд дар Самарқанд бинои нави осорхонаи замонавӣ бунёд гардад. Зеро дар Санкт-Петербург осорхонаи Третяков, дар Нуқус Савитский, инчунин Тошканд, Маскав, Париж, Токио, Рим, Лондон, Мадрид... осорхонаҳо вуҷуд дошта, аммо дар Самарқанд барин шаҳри сайёҳӣ барои намоиши асарҳои рассомону ҳайкалтарошон, кулолон, оҳангарон, дуредгарон... ҷое нест.
Умед аст, ки пешниҳоди мутахассисони соҳа аз ҷониби вазоратҳои фарҳанг ва туризми Ӯзбекистон, инчунин ҳокимияти вилояти Самарқанд дастгирӣ хоҳад шуд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.