Сафорати Ӯзбекистон бо роҳбари фермаи бритониёии "Aston Fruit Farm" Чарлз Лутон ва директори иҷроияи ширкати "Hops Labor Solutions" Ҷимми Дэвис музокирот анҷом дод.
Дар рафти музокирот масъалаҳои ба Бритониёи Кабир барои коромӯзӣ ва такмили ихтисос фиристодани профессорон, кормандони илмии муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таълими олии низоми Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон баррасӣ шуданд, хабар медиҳад АИ "Дунё".
Ҷониби Бритониё ба ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон оид ба рушди захираҳои инсонӣ ва истифодаи самарабахши иқтидори онҳо татбиқ мегарданд, баҳои баланд дод.
Зимнан зикр гардид, ки фермаи «Aston Fruit Farm» барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва мутахассисони ӯзбек шароит фароҳам оварда шудааст. Омодагӣ изҳор гардид, ки онҳоро барои намояндагони Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд ва Донишкадаи инноватсия ва тадқиқоти кишоварзии Самрқанд ташкил кунанд.
Интизор меравад, ки ба шарофати ин таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён ва мутахассисони ӯзбекистонӣ имкон пайдо кунанд, ки донишу малакаи худро дар соҳаи кишоварзӣ такмил дода, дар оянда онро дар амал татбиқ намоянд.