Ба ин конфронс, ки дар шаҳри Самарқанд сурат хоҳад гирифт, Ӯзбекистон дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ бори аввал мизбонӣ мекунад.
Конфронс аз рӯи шумори худ ҷаласаи 14-уми Конвенсия оид ба ҳифзи намудҳои муҳоҷирати ҳайвоноти ваҳшӣ (CMS COP14) мебошад.
Конвенсияи CMS соли 1979 дар Бонн (Олмон) ба имзо расида, соли 1983 эътибор пайдо кардааст. Ӯзбекистон Конвенсияро 1 сентябри соли 1998 ба тасвиб расонидааст.
Маълум шуд, ки конвенсия як қатор давлатҳоеро гирдиҳам хондааст, ки ҳайвонҳои муҳоҷир аз он мегузаранд.
Моҳи августи соли ҷорӣ Ҳукумати Ӯзбекистон ва Котиботи CMS шиор ва логотипи расмии чорабинӣ бо тасвири бабри барфӣ ва бо нақшу нигореро тасдиқ кардаанд, ки сафолҳои машҳури кабудранги Осиёи Марказиро хотиррасон мекунанд. Бабри барфӣ яке аз намудҳои ҳайвоноти Ӯзбекистон буда, паҳншавии он дар 12 кишвари ҷаҳон низ ба қайд гирифта шудааст. Гурбаи бузурги тавоно ва дастнорас низ рамзи афсонавии Самарқанд аст. Он дар даромадгоҳи боҳашамати мадрасаи таърихии Шердор ва пулҳои миллии Ӯзбекистон акси худро ёфтааст.
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Самарқанд таҳти шиори «Табиат сарҳад надорад» баргузор мешавад, ки дар баробари нишони ин чорабинӣ аз он ёдоварӣ мекунад, ки сафарҳои намудҳои ҳайвоноти муҳоҷир марзҳои сиёсиро эътироф намекунанд ва зинда мондани онҳо ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва талошҳои фаромарзӣ аз рӯи ҳифзи гуногунии биологӣ хеле вобаста мебошад.
Ифтитоҳи логотип ва нишона барои CMS COP14, ё як нишасти муҳими байналмилалӣ, ки дар он ҳукуматҳо, олимон ва ҷонибҳои манфиатдор барои мувофиқа кардани стратегияҳои ҳифзи намудҳои муҳоҷир ва макони зисти онҳо ҷамъ меоянд, заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Конфронс аввалин ҷамъомади глобалӣ оид ба гуногунии биологӣ аз давраи қабули гуногунии биологии Кунминг-Монреал (GBF) дар соли 2022 хоҳад буд. Дар конфронс доираи васеи афзалиятҳои муҳими ҳифзи табиат ва ташаббусҳои нав, аз ҷумла бисёре аз онҳо, ки татбиқи GBF-ро дастгирӣ мекунанд, баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҷаласаи байналмилалӣ дар се сол як бор ба вуқӯъ мепайвандад ва ба ҳифзи муҳити зист, барқарорсозӣ, инчунин таҳдидҳо ба истисмори аз ҳад зиёд, аз даст додани макони зист ва тақсимшавӣ, ифлосшавӣ ва тағйирёбии иқлим ба таври шадид таъкид хоҳад кард. Дар ин чорабинӣ директори иҷроияи Барномаи муҳити зисти СММ И.Андерсен, директори генералии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат Г. Агилар, раис ва директори генералии Фонди глобалии экологӣ К.Родригес, вазирони муҳити зисти мамлакатҳои иштироккунандаи конвенсия, роҳбарони котиботи созишномаҳои байналхалқӣ оид ба табиат ва доираҳои пешқадами илмӣ дар назар аст.
Чорабиниҳо ва вохӯриҳои марбут ба COP14, аз қабили нишасти 54-уми Кумитаи доимии CMS, Бахши сатҳи баланд ва Шаби қаҳрамонҳои намудҳои муҳоҷират 11 феврал баргузор мешаванд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
“Овози тоҷик”.