ҲАМКОРӢ БО СОҲИБКОРОНИ ЧИН ГУСТАРИШ МЕЁБАД

Чин дар истеҳсол ва содироти чой дар бозори ҷаҳон яке аз кишварҳои пешсаф ба ҳисоб меравад.

 Имрӯз ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Чин густариш ёфта, шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба сатҳи баланд бардошта мешавад. 
Корхонаи бастабандии чой, ки дар минтақаи хурди саноатии «Кушон»-и ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон ҷойгир аст, дар ҳамкорӣ бо Чин фаъолият бурда, ба бозорҳои дохилӣ ва кишварҳои ҳамсоя чой содир мекунад. 
Ҳоло фаъолияти корхона васеъ гардида, лоиҳаи қадоқкунии чой ба маблағи 10 миллиард сӯм роҳандозӣ шудааст.
– Корхонаи мо соли 2012 таъсис ёфта, ҳоло зиёда аз 50 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст, – таъкид кард ҷонишини директори корхонаи мазкур Отабек Мирзоев. – Мо имрӯз маҳсулоти чойро қариб дар 100 намуди қадоқ истеҳсол карда, ба тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ расонда медиҳем. Бо шарикони чинӣ созишномаи нави лоиҳавӣ имзо кардем, ният дорем, ки дар оянда ба содироти чой шурӯъ кунем.
Коршиносони чинӣ таъкид карданд, ки Ӯзбекистон аз қадим кишвари беҳтарини шарик маҳсуб мешавад ва дар истеҳсоли чой байни кишварҳои ҷаҳон дар ҷойҳои аввал меистад.
Дар доираи лоиҳаи «Як макон – як роҳ» ба ин корхона 20 миллиард сӯм сармоягузорӣ шудааст. Ҳамкорӣ бо корчаллонҳои чинӣ ба зиёд шудани миқёси бастабандии чой хидмат мекунад. Бояд гуфт, ки дар минтақаи хурди саноатии «Кушон» барои рушди соҳибкории хурд шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва ин барои тавсеаи фаъолияти соҳибкории маҳаллӣ, инчунин ҳамкорон ва сармоягузорони хориҷӣ замина фароҳам меорад.

М. МАМАҶОНОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».   

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: