Қабули сайёри ҳокими вилоят

Дар коллеҷи саноати нафт ва гази шаҳри Бухоро қабули сайёри ҳокими вилояти Бухоро Ботир Зарипов ба амал омад.

Дар коллеҷи саноати нафт ва гази шаҳри Бухоро қабули сайёри ҳокими  вилояти Бухоро Ботир Зарипов ба амал омад.  Дар ҷараёни қабул инчунин,  роҳбарони секторҳо, ҷонишинони ҳоким, сарварон,  мутасаддиёни ташкилоту корхонаҳо, ҳокимони дахлдори шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд. 
Ба тадбир аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо корафтодагон омаданд. Дар давоми ду рӯз  512 муроҷиати шаҳрвандон аз қабили масъалаҳои хонаю ҷой, таъмири роҳ, бошуғлфарогирӣ, таъминоти об, газ, барқ, ёрии моддӣ, нафақа, хидматрасонии тиббӣ, мактабу маориф, соҳибкорӣ ва ғайра ба  қайд гирифта шуда, чораю тадбирҳои ҳал намудани онҳо баррасӣ гардид. Бо мутасаддиёни соҳа бевосита рӯ ба рӯ гардидани муроҷиаткунандагон корро осон кард. Гуфтан ҷоиз аст, ки 327 нафари  ба навбат истодагонро шахсан худи ҳокими вилоят қабул кард. 52 муроҷиат фавран ҳал шуд. Ба 67 нафар маслиҳати ҳуқуқӣ дода шуд. Барои ҳалли дигар масъалаҳо вақт лозим аст. Муҳимаш дар он, ки ба ҳар як муроҷиат дар чорчӯбаи қонун муносибат зоҳир гардид.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: