Одамон ин анъанаи азалиро идома бахшида, дар рӯзҳои моҳи ахири фасли сармо роҳу роҳравҳоро аз барф тоза мекунанд.
Барф зинати зимистон аст, мегӯянд мардуми мо. Он манбаи обу ободист. Барф борад, замин кӯрпаи сапед ба бар мекунад. Қуллаҳо барфпӯш мегарданду баҳорон боиси серобии чашмаву сойҳо. Баҳри боғот, обёрии кишту кор об захира мешавад. Бо вуҷуди ин ҳар як фасл махсусиятҳои худро дорад. Миёни онҳо мардум ба зимистон бештар тайёрӣ мебинанд. Баҳри ҳалли осони мушкилиҳои сармо талош меварзанд. Бештари ин корҳо бо роҳи ҳашар анҷом дода мешавад.
Гарчӣ зоҳиран ба назар чунин менамояд, ки ҳашар як андоза аз хотирҳо зудуда гардидааст, аммо боиси хушҳолист, ки дар деҳот барои бартараф сохтани мушкилиҳои рӯзи сармо дастҷамъона кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Масалан, роҳҳоро аз барф тоза мекунанд. Дар ҳар як рустову маҳалла саркорону пешвоён бевосита ташаббус зоҳир менамоянд. Дар деҳаи кӯҳии Ӯхми ноҳияи Фориш бар ивази қариб се миллиард сӯм маблағ дарозии беш аз панҷ километр роҳҳои дохилӣ асфалтпӯш карда шуд. Имрӯзҳо бошад роҳҳоро аз барф тоза менамоянд. Дар ин гуна корҳои хайру савоб аз солхӯрдагони корозмудаи деҳа Хурсандбой Зарифов, Шавқибой Мақсадов, Абдулло Сироҷов, ронандагон Озод Азимов, Ӯрал Ҷиянов, Шерзод Бозоровҳо ба ҷавонон намунаи ибратанд.
Дар маркази ноҳия – шаҳраки Боғдон низ ходимони Садорати ободонӣ бо техникаҳои махсус ва белҳо роҳу роҳравҳоро аз барф тоза мекунанд. Равуои мошинҳо ва одамон осон мегардад.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.