UZBEKISTAN GTL: МАЙДОНИ СОХТМОН, ПАНДЕМИЯ, ТАЛАБОТ ВА НАТИҶА

Дар ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарё лоиҳаи «Истеҳсоли сӯзишвории моеъи синтетикӣ дар заминаи метани тозашудаи Маҷмӯи газу кимёи Шӯртан» татбиқ мешавад.

Дар ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарё лоиҳаи «Истеҳсоли сӯзишвории моеъи синтетикӣ дар заминаи метани  тозашудаи Маҷмӯи газу кимёи Шӯртан» 
татбиқ мешавад.
Ҳадафи асосии ин лоиҳа густариши иқтидори коркарди гази табиӣ, коҳиш додани воридоти карбогидридҳо, қонеъ кардани талабот ба сӯзишвории босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар бозори дохилӣ, дар ҷумҳурӣ самаранок истифода бурдан аз захираҳои маъдании мавҷуда мебошад.
Муассиси лоиҳа ҶС «Ӯзбекнефтегаз» ва иҷрокунандаи лоиҳа ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Uzbekistan GTL» мебошад, ки дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 декабри соли 2016 «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оид ба татбиқи лоиҳаи сармоягузории «Истеҳсоли сӯзишвории моеъи синтетикӣ дар заминаи метани тозашудаи Маҷмӯи газу кимёи Шӯртан» амалӣ гардонда мешавад, ба ҳисоб меравад. 
Лоиҳаи «Uzbekistan GTL» аз ҷониби ҶС «Ӯзбекнефтегаз», Фонди таҷдид ва рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ташкилотҳои молиявии Чин, Ҷумҳурии Куриё ва Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад.
24 октябри соли равон Вазорати энергетика дар ҳамкорӣ бо ширкати «Enter Engineering Pte. Ltd.” бо мақсади шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ ва шароити барои коргарон дар «Uzbekistan GTL» муҳайёшуда, саёҳати матбуотӣ ташкил кард.
Дар он намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ бо масъулини лоиҳа ва коргарон суҳбат карда, бо ҷойи зисти коргарон, фаъолияти ошхона ва табобатхонаҳои клиникӣ дар шароити пандемия шинос шуданд.
Корҳои сохтмон, ки бинобар лоиҳа дар зиёда аз 135 гектар идома доранд, 91 фоиз иҷро шудааст. Аз ҷумла, дар завод ба майдони сохтмон интиқол додани мавод, таҷҳизоти технологӣ ва дастгоҳҳо қариб ба анҷом расидааст.
Барои бунёди ин корхона тақрибан 11000 таҷҳизоти технологӣ, дастгоҳҳо ва қисмҳо аз ҷониби 129 корхонаи 24 кишвар истеҳсол карда шудаанд. Дар чунин кори азими бунёдкорӣ 12 ҳазор нафар бинокорон, муҳандисон ва мутахассисон ҷалб карда шуданд. Онҳо дар хушсифат ва намунавӣ иҷро намудани лоиҳа аз 750 адад техникаи вазнин ва махсуси сохтмонӣ самаранок истифода мебаранд.
— Арзиши умумии лоиҳа 3,61 миллиард долларро ташкил медиҳад, — мегӯяд директори генералии ширкати «Uzbekistan GTL» Фахриддин Абдурасулов. — Вақте ки лоиҳа оғоз меёбад, 1300 ҷойҳои корӣ муҳайё карда мешаванд. Дар завод соле 3,6 миллиард метри мукааб газ амиқ аз нав коркард шуда, 1,5 миллион тонна сӯзишвории моеъи синтетикии хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ истеҳсол карда хоҳад шуд. Ин маҳсулоти тозаи экологӣ ояндаи соҳаи нақлиётро фароҳам оварда, дар рушди иқтисод саҳми сазовор мегузорад.
Корхона дар асоси технологияи ширкатҳои «Сасол» (Африқои Ҷанубӣ), «Халдор Топсе» (Дания) ва «Шеврон» (ИМА) сохта мешавад. Ширкатҳои «Hyundai Engineering Co. Ltd” ва «Hyundai Engineering and Construction Co., Ltd»-и Ҷумҳурии Куриё, «Singapore’s Enter Engineering Pte. Ltd”-и Сингапур пудратчии генералии корҳои сохтмонӣ мебошад. Ҷиҳати дигари ҷолиби лоиҳа он аст, ки ба сохтмони он 80 фоиз коргарони маҳаллӣ ва мутахассисони баландихтисос ҷалб шудаанд. Бист фоизи онҳо мутахассисони соҳибихтисос аз Ҷопон, Италия, Ҷумҳурии Куриё, Британияи Кабир, Русия, Ҳиндустон, Филиппин ва дигар кишварҳо мебошанд.
Интизор меравад, ки ин корхона минбаъд барои ояндаи кишвари мо ҳамчун як объекти муҳими стратегӣ хидмат мекунад. Чунки, он аз қатори заводҳои балантехнологии башумори оид ба технологияи «аз газ — ба моеъ»-и Африқои Ҷанубӣ, Малайзия ва Қатар барин давлатҳо ҷой гирифтааст. Аз ин рӯ, ҶС «Ӯзбекнефтегаз оид ба тайёр кардани кадрҳои оянда барои роҳандозӣ ва идоракунии завод» барномаи махсус таҳия намудааст ва аз соли 2017 инҷониб хатмкардагони пуриқтидор ва донишашон баланди мактабҳои олии Тошканд, Бухоро ва Қаршӣ интихоб карда мешаванд.
— То охири сол ба нақша гирифта шудааст, ки корхона бо захираҳои энергетикӣ, яъне таҷҳизоти технологии истеҳсоли об, буғ, ҳавои техникӣ таъмин карда шавад. Кор оид ба васли пулти марказии идоракунии завод дар ҳамкорӣ бо мутахассисони «Honeywell» анҷом дода мешавад. Тавассути ин пулти марказии идоракунӣ тамоми равандҳои технологӣ ва системаҳои истеҳсолии корхона назорат ва идора карда мешаванд, — гуфт мутахассиси ширкати «Uzbekistan GTL»  Шоҳрух Холматов.
Муҷаҳҳазсозии лабораторияи марказии завод низ ба анҷом мерасад. Муҳимаш он аст, ки дар он як лабораторияи бузург ва се лабораторияи дигар бо таҷҳизоти пешрафта ва муосир муҷаҳҳаз мебошанд. Чунин корҳо барои дар соли 2021 ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ намудани ин корхонаи азим замина фароҳам меорад.
Ҳар як кор мураккабиҳои ба худ хос дорад. Идоракунии ҷамоаи 12 ҳазорнафараи бинокорон, муҳандисон ва мутахассисон кори осон нест. Алалхусус дар замоне, ки тамоми ҷаҳонро вабои коронавирус ба коми худ кашидааст, таъсири онро ба ин майдони сохтмон пай набурдан ғайриимкон аст.  21 октябри соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои эътироз ва бетартибии сохтмончиёни ширкати  «Enter Engineering Pte. Ltd.», ки дар сохтмони корхонаи «Uzbekistan GTL» иштирок мекунад,  пахш шуд ва дар он оварда шудааст, ки коргарон аз се то чаҳор моҳ маош нагирифтаанд ва бе хӯрок мондаанд.
Дар асл, воқеа чӣ хел сурат гирифтааст, дар ҳақиқат гурусна мондан ё ки музди меҳнат нагирифтани кормандон боиси эътироз шудааст?
Директори генералии «Uzbekistan GTL» Ф. Абдурасулов ба саволи иштирокчиёни саёҳати матбуотӣ чунин посух дод.
— Ба ҳама маълум аст, ки қоидаҳои карантин дар кишвари мо бо сабаби пандемия ҷорӣ карда шуданд, – гуфт Абдурасулов. – Ба ин тартиб бояд дар майдони сохтмон ба он ҳатман риоя карда мешуд. Аз сабаби 7 июли соли равон дар кормандони мо ошкор шудани коронавирус аз ҳамон рӯз дар ин ҷо чораҳои қатъӣ андешида шуданд. Мо даромад ва баромадро таҳти назорати қатъӣ қарор додем. Далели он, ки коргарони мо муддати дароз дар майдони сохтмон буданд, онҳоро аз ҷиҳати рӯҳонӣ хаста кардааст. Дар навбати худ дар ин раванд ба миён омадани камбудиҳо низ барои касе пӯшида нест. Пас дар як вақт дар майдони сохтмон нигоҳ доштани 12000 нафар одамон низ масъулияти калон аст. Ҳоло талабот ва пешниҳоди кормандон аз ҷониби роҳбарияти ширкати “Enter Engineering Pte. Ltd.” омӯхта шуда, ҳамаи хатогиву беэътибориҳои роҳдодашуда бартараф карда шуданд. Ба сари масъалаи пардохти музди меҳнат, ки  дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, оем, ин  маълумоти ғалат аст. Далели семоҳа ё муддати аз он зиёд тамоман дуруст нест. Музди меҳнат дар майдони сохтмон бо ду тартиб, яъне тибқи корҳои иҷрошуда ва аз рӯи штат пардохта мешавад. Ҷараёни қабули корҳои иҷрошаванда танҳо моҳи сентябр тӯл кашид, аз ин сабаб маоши ин моҳ каме ба таъхир афтод. Дар ин ҷо дар кори онҳое, ки корро месупоранд ва қабул мекунанд, хатогӣ ба мушоҳида расидааст. Инчунин, дар пайдо шудани ин ҳолат дар бораи вазъияти мавҷуда сари вақт хабар надодани масъулони ҳар як объекти сохтмон боис шудааст. Музди меҳнати кормандон аз ҷониби ширкати “Enter Engineering Pte. Ltd.» пардохта мешавад. Музди моҳонаи онҳо 43 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Ба онҳо барои моҳи сентябр ҳамин миқдор пурра пардохт карда шуд. Ҳоло зарари дар ҷараёни ин воқеа расондашуда аз ҷониби мақомоти дахлдор омӯхта мешавад.
Тибқи маълумот, дар майдони сохтмон барои коргарон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷо шаҳраки коргарон, 10 ошхона ва се табобатгоҳ мавҷуд аст. Табибони клиника саломатии ҷамоаро мунтазам назорат мекунанд. Дар давраи пандемия аз пойтахт духтурон ҷалб карда шуданд.
Дар доираи сафари матбуотӣ бо иштироки директори маъмурии ширкати “Enter Engineering Pte. Ltd.” Тимур Абдуллоев анҷумани матбуотӣ низ баргузор гардид.
— Албатта, ҳама медонанд, ки он рӯз чӣ шуд, – гуфт Т. Абдуллоев. — Сабабҳои воқеаро мақомоти дахлдор тафтиш мекунанд. Ба фикрам, коргарон рӯҳан хаста шуда буданд. Онҳо тобистон вазъияти мураккабро аз сар гузаронданд. Дар моҳи июл шумораи коргарон кам шуда, дар майдони сохтмон 800 нафар монда буд. Коргарон дар хона бекору бепул монданд. Моҳи август мо ҷараёни сохтмонро дар корхона барқарор намудем. Коргарон ба ҷойи кории худ баргаштанд. Мо ҷадвали кориро оид ба талаботи карантин ба роҳ мондем. То имрӯз ин тартиб риоя карда мешавад. Дар ҷараёни тафтиш  ҳолатҳои ба коронавирус мубтало шудани  коргарон ҷой доштанд ва мо онҳоро аз ҳисоби маблағи корхона табобат кардем. Аз оғози пандемия то ҳол аз бинокорони мо барои коронавирус 43 ҳазор таҳлил гирифта шуда, аз ҷониби ширкат танҳо барои таҳлилҳо 7,5 миллиард сӯм харҷ гардид. Ба маблағи 12 миллиард сӯм дору харида шуд.
Ҳангоми суҳбат бо коргароне, ки дар ин ҷо кор мекунанд, онҳо изҳор намуданд, ки аз иштирокашон дар сохтмони иншооти барои иқтисодиёти Ӯзбекистон муҳим қаноатманданд.
— Ман аз Тошканд омада, дар сохтмони ин корхона кор мекунам, — гуфт сардори бригада Зокир Тулабоев. — Аз тартиби кории мавҷуда наменолам. Музди моҳонаи ман 5-6 миллион сӯм аст.
Имрӯзҳо ҳамаи мо дар шароити пандемия кор ва зиндагӣ мекунем. Коронавирус тарзи ҳаёти моро тағйир дод. Мисли мо, ин вазъият ба ҳаёти коргароне, ки дар лоиҳаи «Uzbekistan GTL» иштирок мекунанд, бетаъсир намонд. Бо вуҷуди ин, мақсади 7000 коргарону ходимони ширкати “Enter Engineering Pte. Ltd.” ва зиёда аз 13 ҷамоаи назди ширкат боз ҳам бузурганд. Онҳо ният доранд, ки ҳар як корро пухта иҷро карда, лоиҳаи мазкури бузургро дар муҳлаташ ба анҷом расонанд.

Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: