ЭЪТИБОР БА БОНУВОН — ЭЪТИБОР БА ҶАМЪИЯТ

Дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз бо ҳамкории Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсия таҳти мавзӯи «Дар рӯҳи арзишҳои миллӣ тарбия намудани донишҷӯдухтарон» ҷамъомад баргузор гардид.

Дар он раисони шӯро оид ба масъалаҳои занону духтарони 150 муассисаи таълими олии мамлакат иштирок карданд.
– Иштирокдорони семинар доир ба имконият ва шароитҳое, ки дар мамлакатамон барои бонувон фароҳам оварда шудааст ва дастовардҳое, ки онҳо дар соҳаҳои гуногун мушарраф гардидаанд, ҳарф заданд, – гуфт раиси Шӯрои машваратии занону духтарони Академияи байналхалқии ислом Наргис Шоалиева.
Дар семинар масъалаҳои ба роҳ мондани фаъолияти маҳфилҳои «Дар рӯҳи арзишҳои миллӣ тарбия намудани донишҷӯдухтарон», «Либоси миллӣ — оинаи миллат», «Дар байни бонувон ташкил намудани рӯзҳои маслиҳати психологиву ҳуқуқӣ» ва ғайра баррасӣ гардид.

(Мухбири худамон).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: