«ДАФТАРИ ОҲАНИН» АЗ МУОИНАИ ТИББӢ БЕПУЛ МЕГУЗАРАНД

Муовини раиси Кумитаи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои занон ва баробарии ҷинсӣ Носирбек Абдуллохонов ва узви Кумитаи Сенати Олий Маҷлис доир ба масъалаҳои илм, таълим ва тандурустӣ Хуршед Фозилов дар маросим дар вилояти Намангон иштирок намуданд ва ташаббускори корҳои нек гардиданд.

Бо мақсади мустаҳкам намудани саломатии қишри камбағали аҳолӣ мутахассисони беҳтарини муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ва сенаторон, ки дар ноҳияҳо ва деҳоти вилоятҳо вазъиятро меомӯзанд, бо шароите, ки барои беморон дар шаҳри Намангон, хусусан дар маркази муолиҷаву ташхиси «Anamed» ба вуҷуд оварда шудааст, шинос гардиданд.
Шоистаи зикр аст, ки дар маркази замонавии табобатӣ, ки бо таҷҳизоти навтарини тиббӣ, ки аз мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон оварда шудааст, муҷаҳҳаз мебошад, ба бисёр бемориҳо ташхиси дақиқ гузошта метавонад ва дар он ҷо духтурони баландмалака маслиҳати тиббӣ медиҳанд. Дар асоси тавсияҳое, ки ҳангоми ташрифи Президент ба вилояти Намангон моҳи марти соли 2019 дода шудааст, дар маркази тиббӣ аз ҷониби мутахассисони баландмалака ҷарроҳиҳои мураккаби урологӣ, нейрохирургӣ ба амал омада, ташхиси замонавии кордиологӣ, МРТ ва муоинаи замонавии рентген ба амал оварда мешавад.
Дар натиҷаи суҳбат бо роҳбарияти маркази тиббӣ муайян карда шуд, ки аъзои оилаҳои муҳтоҷ, ки онҳоро гурӯҳи корӣ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ба руйхати «дафтари оҳанин» дохил намудааст, аз муоинаи тиббӣ бепул гузаронда мешаванд.

Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: