«Боғи баланд» аз боғҳои машҳури Амир Темур аст.
Дар манбаъҳои таърихӣ низ дар бораи анҷирзори «Боғи баланд» маълумот ҳаст. Чунончи, дар «Бобурнома» омада, ки дар ин мавзеъ ба шарафи набераи маҳбуби Амир Темур, духтари Мироншоҳ – Оқобегим «Боғи баланд» бунёд ёфта, дар он дарахтони анҷир мавҷуданд.
Имрӯз дар ҳудуди 40 гектар беш аз 10 ҳазор бех дарахт, 2 навъи анҷир (зарду сиёҳ) парвариш карда мешаванд. Меваҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, дар парвариши он ягон маводи кимиёвӣ истифода намешавад.
Зиёратгоҳи Хоҷа Исҳоқи Валӣ, ёдгории археологии «Қизлартеппа», маркази сайёҳиву тиббии «Бионур», меҳмонхонаҳо ва ғайра тӯли чандин сол ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.
6-уми сентябр, маросими ифтитоҳи «Маҳаллаи сайёҳии «Боғи баланд» баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон Умид Шодиев, ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов ва ҳокими шаҳр Фазлиддин Умаров иштирок намуда, сокинони маҳаллаи «Боғи баланд»-ро бо гирифтани унвони «маҳаллаи сайёҳӣ» табрик намуданд. Раиси Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон У. Шодиев ба раиси маҳалла Мурод Нуриддинов шаҳодатномаи маҳаллаи сайёҳиро супурд.
— Соли 2020 нахустин деҳаи сайёҳии Самарқанд — Конигил, ба истифода супурда шуда буд, инак пас аз се сол дар кишварамон нахустин маҳаллаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад, – гуфт ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов. — Зеро ба ин минтақа таваҷҷуҳи на танҳо сайёҳони дохилӣ, балки сайёҳони хориҷӣ низ рӯз то рӯз меафзояд. Мо имкон дорем, ки дар оянда миқдори ин гуна ҷойҳои сайёҳиро зиёд кунем.
Дар маҳаллаи сайёҳӣ фурӯши анҷир, намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.
— Анҷир барои шифои бемориҳои зиқи нафас, сурфаи куҳна, камхунӣ, бемадории организм, тапиши дил, иллати меъда, ҷигар, гурда, сипурз ва ғайра ба кор меояд, – гуфт собиқадори меҳнат Талъат Абдуллоев. — Абӯалии Сино истеъмоли анҷирро ба одамони солхӯрда ва ашхоси аз бемории вазнин раста тавсия медиҳад. Меваи анҷир хосияти арақу пешобронӣ дорад. Анҷири дар шир ҷӯшонда сурфаи хушк ва илтиҳоби роҳи овозро рафъ месозад. Ҷӯшоби баргҳои наврустаи анҷир давои хуби гиҷҷаронӣ аст. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳунари парвариш кардани анҷирро ба насли оянда омӯзем.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.