ДИГАРГУНИҲОИ АЗИМ ДАР НОҲИЯИ СЕРГЕЛӢ

Дар пойтахт 12 ноҳия мавҷуд бошад, аз ҷиҳати ҳудуд яке аз калонтарини онҳо Сергелӣ мебошад.

 Ҳамчун ноҳия дар таркиби шаҳри Тошканд соли 1967 ташкил ёфтааст. Соли 2020 18,64 км2 масоҳати он ба қаламрави ноҳияи навбунёди Янги Ҳаёт гузашт.
Арзи ҳастисозии Сергелӣ ба бунёдкориҳои оммавӣ дар маркази ҷумҳуриамон баъди ба вуқӯъ омадани заминларзаи сахт (апрели соли 1966) вобастагӣ дорад. То он вақт ҳудудро асосан майдонҳои кишт ё худ заминҳои бекорхобида дар тасарруфи вилояти Тошканд ташкил менамуд. Айни замон дар он ҷо хонаҳои як-дуошёнаи назарногир ба назар мерасиданд, ки чӯбин буда, асосан ба юнониҳо ва дигар халқҳои урупоии замонҳое муҳоҷиршуда мутааллиқ буданд. Баъди заминҷунбӣ, хусусан дар солҳои 1970 дар ҳудуд манзилҳои истиқоматии чаҳор-панҷошёна қад рост карданд. Ба солҳои 80-90-ум омада, Сергелӣ ба мавзеи замонавӣ табдил ёфт. Биноҳои нӯҳошёна ба шукӯҳи он афзуданд. Аз дигар мавзеъҳои пойтахт ба Сергелӣ кӯчбандии сокинон суръати нав гирифт.
Ноҳия дар қисми ҷанубии пойтахт мавқеъ гирифтааст. Дар шимоли он ноҳияи Яккасарой, шимолӣ-шарқиаш ноҳияи Миробод ҷойгир буда, айни замон бо ноҳияҳои Чилонзор, Бектемир, Зангиато ва Янги Ҳаёт ҳамҳудуд мебошад. Дар нуқтаҳое, ки бо Яккасарою Чилонзор пайвастааст, роҳи оҳан мегузарад, ки то чандин шаҳрҳои дуру наздик тӯл мекашад.
Вақте Сергелӣ ба забон омад, роҳи ҳалқагарди автомобилӣ, ки кӯчаи васеи Сергелии нав, қитъаи роҳи оҳани Тошканд – Ангрен, трассаи Ёқубов, дарёи Чирчиқ, ки аз ҳудуд мегузарад, ҳамчунин рӯди Чортоқ, канали Солор пеши назарамон меояд. Наздик 50 фоизи ноҳия гӯшаҳои сабзу хуррам мебошанд.
Ҷуз роҳи ҳалқагард, ки зикр кардем, наздик 200 кӯчаи дарозу кӯтоҳ, ки имрӯзҳо тахту равон гаштаанд, мардумро ба манзил мерасонанд.
Аэропорти байналхалқии Тошканд, автокомбинати рақами сеюм, автокорхонаи «РАФ», парки автобусҳои чаҳорум ва дувоздаҳум дар он ҷой гирифтаанд.
Дар ҳудуди ноҳия ёдгориҳои археологии Хонободтеппа ва Шоштеппа мавҷуд. Аз харобаҳои мавзеи бостонии Нӯғайқӯрғон низ дар ин ҷо нишонаҳо ба назар мерасанд. Ёдгориҳои археологӣ, аз ҷумла қалъаи Кугаитеппа дорои таърихи наздик дуҳазорсола. Даҳ сол қабл ба Сергелӣ кашида шудани хати метроро сокинони пойтахт орзу мекарданд. Лоиҳаи барпои роҳи филизӣ ба ин ҳудуд соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт ва вақти зиёде нагузашта, он татбиқи ҳаётии худ ёфт ва орзуҳо ба амал баромаданд. Дар масоҳати 7 километр панҷ истгоҳ сохта ва ба истифода супурда шуд. Роҳи оҳани зеризаминии Олмазори самти Чилонзор ба хати роҳи рӯйизаминӣ пайваст, ки 580 метр тӯл мекашад. Ин хатт ҳоло дар як шабонарӯз тақрибан ба 35 ҳазор нафар пассажир хидмат мерасонад. 
Роҳи оҳани «Тошканд – Ангрен», ки кӯчаи Қипчоқро бурида мегузарад, то солҳои охир ба тирбандии автомобилҳо сабаб мегашт. Кӯча васеъ гардонида ва дар болои роҳи оҳан кӯпруки муҳташам барпо гашт, ки 772 метр дарозӣ, 28 метр баландӣ дорад. Кӯпрук роҳи ҳалқагии пойтахтро бо роҳи Сергелии нав пайваст ва имконият фароҳам омад соате дар ин ҷо то 12 ҳазор автомобил ҳаракат намояд.
Вақтҳои охир ноҳия ба майдони воқеии сохтмон табдил ёфт. Тӯли солҳои 2017-2020 460 бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода супурда шуд. Дар давоми се сол зиёда аз 100 ҳазор нафар ба манзилҳои нав бурёкӯбон карданд. 
Дар гузаштаи наздик байни марказ ва ҳудуд танҳо як роҳ – роҳи Сергелии нав вуҷуд дошту халос. Ҳоло, бинобар тағйироти азим, равуоҳо осон шудаанд ва «бубин тафовути роҳ аз куҷо то ба куҷо» мегӯяд кас бидуни ихтиёр. Воқеан, танҳо барои барпои роҳи рӯизамини 7-километраи метрои Сергелӣ, ки истгоҳҳои «Чоштеппа», «Роҳи ҳалқаи Тошканд», «Сергелӣ», «Афросиёб», «Қипчоқ» (алъон ин истгоҳҳо бо рақамҳои 1-5 ифода мешаванд), фаро гирифтааст, ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» 83 миллион доллари ИМА сарф намуд.
Қатори дигар кӯчаҳо тарҳи замонавӣ ва тахту равонии кӯчае дар Сергелӣ эътибори моро ба худ мекашад, ки ба номи шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода гузошта шудааст.
Аҳолии ноҳия ба 221 ҳазор нафар расидааст.
Аҳолии ноҳия бо баҳисобгирии вазъи иҷтимоию иқтисодии оилавӣ ба чаҳор тоифа тақсим гашт. Ба тоифаи аввал аъзои оилаҳое ворид шуданд, ки камтаъминанд, хоҳиши кор кардан доранд. Оилаҳое, ки соҳиби даромаданд, вале шуғли иловагӣ меҷӯянд, ба тоифаи дуюм, оилаҳое, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷанд, сарпараст гум кардаанд, ногиронӣ яке аз узвҳояшонро нигарон кардааст, ба тоифаи сеюм, оилаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодиашон ҳарҷониба барқарор ба тоифаи чорум дохил карда шуданд. Аз рӯйи ҳамаи тоифаҳо вазифаҳои манзилнок муайян карда шуданд.
Муҳимтарин нуқтаи сабзиш дар ноҳия – истеҳсолот ва соҳаи хидматрасонӣ. Аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва ҳомиён дар чаҳоряки аввали соли равон ба 5185 нафар эҳтиёҷманд кумаки моддӣ расонида шуд. Барои дастгирии молиявии соҳибкорон ва ривоҷи фаъолият дар соҳа барои соли 2022 ҷамъ 20 миллиард сӯм ҷудо карда шуда бошад, дар чаҳоряки аввал 4,4 миллиард сӯм ба самти зикршуда равона гашт. 
Ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон дар 9 самт соҳаи хидматрасонӣ ривоҷ дода ва 36 ҳазору 775 адад ҷойи нави корӣ офарида шавад. Ҳамчунин дар ояндаи наздик пешбинӣ шуд, ки бо оғози фаъолияти 1003 корхонаи хурд 1505 ҷойи нави корӣ ташкил мегарданд. Бо амалӣ гардонда шудани 47 лоиҳаи сармоявӣ, ки арзиши умумиашон 1,1 триллион сӯм мебошад, интизор меравад 1 ҳазору 690 ҷойи нави корӣ офарида шаванд.
Дар натиҷаи амалӣ шудани нақшаҳое, ки пешбинӣ шудаанд, дар ноҳияи Сергелӣ бекорӣ ба дараҷаи ҳисшаванда кам шуда, баробари аҳолии маҳаллӣ корҷӯён аз ноҳияҳои дигари пойтахт, айни замон аз вилоятҳои ҷумҳурӣ дар ин ҷо шуғли дилхоҳ пайдо карда метавонанд.

М.ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: