ӮЗБЕКИСТОН – ХИТОЙ: ҲАМКОРИҲО МАЗМУНИ ТОЗА КАСБ КАРД

Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти сарварии ҷонишини раиси Шӯрои намояндагони халқи умумичинии ин кишвар Чжан Сзиней ба шаҳри Самарқанд омаданд.

Меҳмонон нахуст аз ёдгориҳои меъморӣ-фарҳангӣ ва масканҳои сазовори диққати шаҳр дидан карданд.
Ҳайати намояндагон бо фаъолияти Институти Конфутсий, ки дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд ташкил гардидааст, шинос шуданд. Майдони Конфутсийи Самарқанд низ дар меҳмонон таассуроти нек монд.
Дар вохӯрии ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ва Чжан Сзиней рушди пайвастаи муносибатҳои Ӯзбекистон ва Чин дар солҳои охир бо мамнуният қайд гардид. 
Ҳоло дар вилоят бо иштироки сармояи Чин беш аз 80 корхонаи муштарак ва хориҷӣ таъсис ёфта, фаъолияти босамар пеш мебаранд. 
– Аз Ӯзбекистон, аз ҷумла дурдонаи Шарқ – Самарқанд дидан карда, бо обидаҳо, фарҳанги таърихии халқ шинос шудем, – гуфт ҷаноб Чжан Сзиней. – Воқеан, Самарқанд дар самти сайёҳӣ соҳиби салоҳият ва имкониятҳои бузург аст. Имрӯзҳо таваҷҷуҳи мардуми Чин низ ба ин шаҳри қадимӣ афзудааст. Статистикаи кунуниро метавон чанд баробар зиёд кард. Умуман, пас аз боздиди ёдгориҳои меъморӣ, вохӯрӣ дар Институти Конфутсий дубора амин гардидам, ки дар самти мустаҳкамсозии ҳамкории байниҳамдигарӣ, дӯстии халқҳо бо роҳи дуруст пеш меравем ва муттасил давом додани он аҳамияти муҳим дорад. 
Дар доираи вохӯрӣ дар бораи дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба табодули фикр намуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: