БА ФОҶИАИ ДАҲШАТАНГЕЗ КӢ ГУНАҲКОР?

Айни ҳол дар байни мардуми Самарқанд ва шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати модари ба ҷонаш қасдкардаву худро бо се фарзандаш ба рӯди Дарғам партофта ва ғарқ шудани писарчаи ҳафтсолаву духтарчаи дусолаи онҳо овозаҳои гуногун паҳн мешаванд.

Хӯш, дар ҳақиқат барои чӣ чунин воқеаи мудҳиш рух додааст?
Мо барои ба ин масъала рӯшанӣ андохтан дар ҷойи фоҷиа шудем...
Деҳаи Ҷарқишлоқи ноҳияи Самарқанд, ки бинобар ин ҳодисаи мудҳиш «машҳури олам» шуд, дар соҳили рӯди Дарғам ҷойгир аст. Чун мо ба ин манзил расидему бо баъзе ҳолдонҳо суҳбат кардем, маълум гардид, ки пештар ҳам бо ҳар сабаб ҳодисаҳои ба ҷони худ қасд  карда, аз болои пули дарё худро ба оби лойолуди пуртуғён партофтану тӯъмаи гирдоби бетаги он шудан рух додаанд. Аммо зани 26-сола бо се фарзанд худро ба дарёи тезоб афканданаш тааҷҷубовар аст.
Воқеан, алҳол на танҳо журналистон, вакилони сохторҳои ҳуқуқу тартибот, балки шахсони ҳангоматалаб ҳам сабаб ва оқибати фоҷиаро пурсон мешаванд.
Дар суҳбат бо мо раиси шӯрои занону духтарони маҳалла Зарифа Шарифова гуфт, ки оилаи мусибатзада аз хонадонҳои таъмину осуда буд. Фоҷиа аз низои байни арӯсу хушдоман сар задааст. Фаъолони деҳа чандин маротиба ба ин хонавода рафта, насиҳату маслиҳатҳо додаанд, вале ҳар ду тараф ба онҳо гӯш накардаанд. Маълум шуд, ки як рӯз пеш аз воқеаи нохуш байни модаршӯ ва келин баҳсу мунозира ба сабаби шӯхии бачагону тарафгирӣ кардани модар оғоз меёбад. Гӯё аз сабаби асаби вайрону дили бирён очаи бачаҳо фарзандонашро мезанад. Хушдоман ба қавле «обсофкунак» мешавад. 
– Шумо тарафгирӣ накунед, – мегӯяд ӯ, –  ба модаршӯ, – бача азони ман, хоҳам мезанам, хоҳам навозиш мекунам...
 Хоҳари шавҳар ва падари фарзандони оила илова кард, ки мо ба қудохола занг задем. Дере нагузашта, ӯ бо амакаш ва раиси гузар омаданд. Дар натиҷа келин бо се кӯдакаш ба хонаи модараш рафт.
– Дар оилаи духтарам пештар ҳам якдигарнофаҳмӣ ва низоъи хонаводагӣ вуҷуд дошт, – гуфт модари мусибатзада. – Духтарам ҳатто чанд маротиба қаҳр карда омад. Ман насиҳаткунон боз ба хонаи шавҳараш мефиристодам, зеро намехостам, ки оила вайрон шавад. Воқеан, замоне худам ҳам бо ду фарзанд аз шавҳар ҷудо шуда, бева мондам ва бисёр азоби рӯҳӣ ва моддӣ кашида будам. Бинобар ҳамин, аз раиси маҳалла илтимос кардам, ки қудои башӯромадаро ором кунад, то дигар бо духтарам ҷангу ҷанҷол накунанд. Вале афсӯс, ки ӯ келинашро бо се набера аз хона пеш кард...
— Рӯзи фоҷиа ман ба бозор рафтам, то барои набераҳо сарулибос харид кунам. Духтарам ба кӯдакистон рафт, ки набераҳоро гирад, аммо... ин хабари нохуш расид..., – мегӯяд модари келини шӯрбахт.
Он рӯзи мудҳиш диққати кормандони тарабхонаи «Оқ Амур балиқлари», ки дар шафати рӯди Дарғам ҷойгир аст, зан ва ду нафар кӯдаке, ки  рӯй-рӯйи об мерафтанд, ба худ ҷалб кард. Яке аз онҳо Мирҷалол Бурҳонов худро ба дарё афканда, писарчаро кашолакунон ба соҳил баровард, аммо афсӯс кор аз кор гузашта буд... Ҳамкораш аз паси духтарча шино кард, лекин кӯшиши ӯ барабас рафт. Гирдоб тӯъмаи худро ба қаър кашид ва фақат баъди се рӯз ҷасади духтарчаи дусоларо аз сарбанди Хишрав пайдо карданд.
Писари калонӣ ва модари ба ҷонаш қасдкарда бо тасодуф аз чанголи марг халос хӯрдаанд.
Хешу пайвандон бо сӯзу гудоз пасу пеш ҷасади тифлакони норасидаро ба хок супурданд. Падари онҳо, ки барои кор ба Русия рафта буд, зуд ба хона баргашт.
Баъди ин ҳодисаи ғамангез сардори садорати корҳои дохилии вилоят, подполковник Раҳмат Маматов, вакилони ҳокимияти ноҳия, прокуратура ва шӯрои занону духтарон ба  деҳаи Ҷарқишлоқ омада, бо мардум машварат оростанд. 
– Мо набояд ба воқеаҳои атрофи худ бефарқ бошем, – гуфт Раҳмат Маматов, – фаъолони маҳалла бояд ба ҳар як хонадон даромада, аз шароити зиндагии онҳо огоҳ шаванд, агар муаммое бошад, барои ҳалли он сари вақт кӯмак расонанд. Хуб мебуд шахсони соҳибэҳтиром, собиқадорони меҳнат, мӯйсафедони рӯзгордида бо маслиҳат ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. 
– То имрӯз 1630 нафар ақди никоҳ бастаанд, – иброз дошт мудири шуъбаи қайди ақди никоҳи ноҳия Заррина Нуриддинова, – аз онҳо, мутаассифона, 354 оила ҷудо шудаанд, ки нисбати соли гузашта хеле зиёд аст. Мо кӯшиш мекунем, ки онҳоро оштӣ созем, то ки оилаҳо вайрон нашаванд. Хушбахтона, 24 оиларо бо кӯмаки фаъолону пирони дурандеш аз вайроншавӣ нигоҳ доштем. Бояд гуфт, ки аксар ҷавонон ба ҳаёти мустақил тайёр нестанд. Бисёр вақт дар оилаҳо ба наварӯсони бетаҷриба хӯрдагирӣ мекунанд, ки ин аз рӯйи инсофу диёнат нест. Тааҷҷубовар он аст, ки ҳазорон доллар сарф карда, базми ҷамшедӣ ороста, хурсандӣ мекунанду баъди он ба арӯси бечора чун хидматгор муносибат менамоянд, – гуфт раиси шӯрои занону духтарони маҳаллаи Мирзо Улуғбек Шоиста Наҷмиддинова. – Сониян «санги вазнинро об намебарад» гуфтаанд. Оила як ҷамъияти мӯъҷаз аст. Барои мустаҳкам намудани он на танҳо тарафи домод, балки ҷониби келин ҳам масъул аст. Баъзе наварӯсон чунон, ба қавле қонуншинос, мағруру худписанд, ки кас аз тааҷҷуб ангушти ҳайрат мегазад...
Ҳоло зани сабуксору кӯтоҳандеш, ки ба умри ду фарзандаш зомин шуд, дар маҳбас аст. Шояд аз карда пушаймон бошад, вале аз он акнун чӣ суд? Ӯ бинобар кирдораш, албатта, ҷазо мегирад. Яқин аст, ки ҷаҳлу ҷаҳолат ва сабуксариву кӯтоҳандешӣ боиси бадбахтиҳо мешаванд. Ҳақ бар ҷониби шоир, ки мефармояд:
Сабуксар кай кунад андешаи нағз,
Бале, ҷавзи сабукро кай 
бувад мағз?!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: