АЗ ЭЪТИБОР МАМНУНЕМ

Ӯзбекону тоҷикон аз қадимулайём бо ҳамдигар хешу табор, дӯсту бародаранд.

Ӯзбекону тоҷикон аз қадимулайём бо ҳамдигар хешу табор, дӯсту бародаранд. Хатмкунандагони мактабҳои таълимашон тоҷикии мамлакатамон дар таълимгоҳҳои олии Тоҷикистон илм омӯхта соҳиби маълумоти олӣ мешуданд. Вале, афсӯс, ки чанд сол муқаддам сарҳадҳои байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя баста шуду барои равобити халқҳое, ки аз як дарё об менӯшиданд, монеъаҳо эҷод гардиданд.
Шукри Офаридгор, ки тайи 4-5 соли охир бо ташаббус ва сиёсати оқилонаву одилонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  дар таърихи равобити мардумони ӯзбеку тоҷик саҳифаи дурахшону фаромӯшнашаванда боз гардид. Сарҳадҳо аз нав кушода, ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо ба роҳ монда ва барои сокинони ин ду ҷумҳурӣ дари имкониятҳо боз шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10-11 июн бо сафари расмӣ ба ин кишвар рафт. 
Минбаъд низ донишҷӯёни Тоҷикистон дар таълимгоҳҳои олии Ӯзбекистон ва донишомӯзони Ӯзбекистон дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсил хоҳанд кард.
Камина аз ноҳияи Поп, бо якчанд ҳамсиннонам аз деҳаи тоҷикнишини Чодак дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил мегирем. Ба мо намангониёне, ки дар Донишгоҳи Хуҷанди бостонӣ мехонем, барои таҳсил ва зисту зиндагӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аз рӯзи нахустини таҳсил бо ҳамкурсони тоҷикистонӣ муносибатҳои дӯстонаро ба роҳ мондаем. Онҳо бо мо – донишҷӯёни ӯзбекистонӣ самимона ва бо эҳтиром муносибат мекунанд. Профессорон, дотсентҳо ва омӯзгорон низ нисбат ба мо эътибори алоҳида зоҳир менамоянд, ки аз ин меҳрамон ба донишгоҳ дучанд мегардад. Умед мекунем, донишгоҳе, ки мо – донишҷӯёни ӯзбекистонӣ таҳсил мегирем, дар оянда низ барои мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик хидмат хоҳад кард.

Шоҳрухбек РАҲИМОВ,
донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: