Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ афзун гардондани даромади аҳолӣ ва поин овардани камбизоатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Беҳуда нест, ки сарвари мамлакатамон ба ин соҳаҳо ҳамаҷониба эътибор дода, як қатор фармону қарорҳо бароварда истодааст. Дар онҳо ба масъалаҳои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, ҷудо кардани кредитҳои имтиёзнок барои аҳолӣ, дар пардохти андоз ва хариди ашёи хому фурӯхтани маҳсулоти соҳибкорони хурду миёна додани имтиёз эътибори калон нигаронида шудаанд.
Дар ноҳияи Чуст заминҳои наздиҳавлӣ яке аз манбаъҳои доимии даромад аст. Ҳоло дар ин ҷо дорандагони заминҳои шахсӣ натанҳо эҳтиёҷи худро бо меваву сабзавот, ғалладонаву ангур, маҳсулоти чорво таъмин менамоянд, балки як қисми зиёдатии онро ба бозор бароварда, ҳатто содир карда даромади калон мегиранд. Ин гуна соҳибони замин хеле бисёранд.
Йӯлдошбой Мирзоназаров яке аз бошандаи маҳаллаи Мустақиллик аст. Фаъолияти ибратбахши оилаи ӯ оиди истифодаи самараноки замини наздиҳавлӣ ва соҳибкорӣ мисоли равшани ин аст. Сарвари оила солҳои дароз ҳунарманд шуда кор кард. Баъд аз он ки ба нафақа баромад, вақти худро дар ҳавлиаш мегузаронад. Пештар бо кишту кори помидор, картошкаю пиёз, қаламфури булғор барин сабзавот машғул шуда, ҳосили аз ҳама барвақту хушсифат рӯёнида аз эҳтиёҷи оила боқимондаашро дар бозор мефурӯхт. Акнун барои бо ин кор машғул шудан вақти зиёд дорад ва кори деҳқониро авҷ гиронд. Дар натиҷа сол аз сол хели маҳсулот низ зиёд шуда, даромад ҳам афзуд. Дар як қисми замини хонааш гармхона ташкил карда, якчанд бех ниҳоли лимӯ шинонд. Пас аз се-чор сол лимӯ ба ҳосил даромад. Дар хонадони Йӯл-дошбойота натанҳо маҳсулоти дар боло зикр шударо дидан мумкин, балки аҳли оила бо парвариши занбӯри асал, сохтани қуттии асал, парвариши чорво, бо дӯхтани ҷойшабу кӯрпа, дастархону либосҳои занона низ машғул шуда, даромади калон мегиранд. Сатҳи ҳавлӣ бо ток иҳота шудааст, ки якчанд навъи ангурро дидан мумкин.
Дар ду гармхона натанҳо ниҳолҳои лимӯ, балки дар зери он кабудиҳои баҳорӣ шукуфта истодааст. Гулҳои рангоранг, ки дар тубакҳои хурду калон ҷойгир шудаанд, кайфияти хуш мебахшанд.
– Ин гулҳо харидори махсус доранд, – мегӯяд соҳиби хона. – Гулфурӯшон аз хона ба бозор мебаранд. Нафақат гул, ҳамаи маҳсулоти зиёдатиро ба бозор мебарорем. Аз ду ҳазор қутӣ зиёд занбӯри асал дорем. Онҳоро асосан дар ҳудуди кӯҳҳои деҳаи Ғаво, дар тарафи Қамчиқ, дар дигар вилоятҳое, ки табиати хос доранд, парвариш мекунем. Даромадҳое, ки гирифта истодаем, ба рӯзгорамон ободию фаровонӣ меоварад. Фарзандон, набераҳо низ бо ин кор машғуланд. Аз паси меҳнат кам нашудем. Якчанд маротиба тӯй кардем, ду мошини сабукрав дорем, набераҳо дар донишгоҳҳо мехонанд...
Дар маҳаллаи Боғи Эрами ноҳия 3256 нафар аҳолии гуногунмиллат зиндагӣ мекунад. 510 хонадон аз руиндарича самаранок истифода бурда, дар он тути заминӣ, сир, кабудӣ, резавор ва ҳатто, дар гармхонаҳо лимӯ парвариш намуда, ба рӯзгори худ барака меоваранд.
Исмоилҷон Салимов низ яке аз омилкори ин маҳалла ба шумор меравад. Аз 4 сотих замини ҳавлиаш босамар истифода мебарад. Дар он ҷо гармхона ташкил карда, бо усули гидропоникӣ тути заминӣ мепарварад. 30 сар мурғ, 10 гӯсфанд, 8-то харгӯш ва дар 4 қуттӣ занбӯри асал дорад. Фарзандону набераҳо низ дар вақти холӣ ба соҳиби хонадон кумакрасонанд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.