Сафир Дилшод АҲАТОВ: ӮЗБЕКИСТОН АЗ ПУРРА ИСТИФОДА БУРДАН АЗ ИҚТИДОРИ СҲШ ДАР ШАРОИТИ НАВИ ТАҲАВВУЛОТИ ОН МАНФИАТДОР АСТ

Нашрияи электронии ҳиндии The Print дар арафаи ҳамоиши самарқандии СҲШ мусоҳибаи сафири Ӯзбекистонро нашр кард.

Сафири Ӯзбекистон дар Ҳиндустон Дилшод Аҳатов дар мусоҳиба бо нашрияи The Print гуфт, ки Тошканд натанҳо тавсеаи СҲШ, балки татбиқи «иқтидори пурра»-и онро низ таъмин хоҳад кард.
Ҳамоиши дарпешистодаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, натанҳо васеъ гардидани  ин ниҳоди бисёрҷониба, балки ба он далел хоҳад овард, ки минтақаи Авруосиё як ҷанбаи нави стратегӣ касб хоҳад кард, гуфт сафири Ӯзбекистон дар Ҳиндустон Дилшод Аҳатов.
Дар мусоҳиба ба нашрияи The Print сафири Ӯзбекистон изҳор кард, ки Тошканд кӯшиш менамояд «тамоми иқтидори СҲШ»-ро ҳатто, сарфи назар аз он ки дар дунё тағйироти ҷиддии геосиёсӣ ба амал меояд, истифода барад.
«Ӯзбекистон аз он манфиатдор аст, ки аз иқтидори созмон дар шароити нави таҳаввулоти он пеш аз ҳама бо роҳи густариши ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои пешомадноки ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳаётии ҳамаи давлатҳои иштирокдор истифода намояд», – гуфт Дилшод Аҳатов.
Соли равон ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамоиши СҲШ дар Самарқанд 15-16 сентябр баргузор гардад. Сарвазир Нарендра Модӣ дар он ҳамроҳ бо Раиси ҶМЧ Сӣ Сзинпин ва Президенти Русия Владимир Путин дар қатори дигарон ширкат хоҳанд кард.
«Дар шароити босуръати сиёсати хориҷии давлатҳои иштирокдор ба СҲШ ҳоло аз ҳарвақта дида талаб калон аст. Ин ба он вобаста аст, ки ҳоло тамоми давлатҳои аъзо мехоҳанд, ки платформаи дақиқи бисёрҷониба ба амалӣ гардондани ҳамкории кушод, прагматикӣ, васеъ ва мутақобилан судманд нигаронда шавад», – таъкид кард сафири Ӯзбекистон.
Бино ба суханони ӯ соли равон СҲШ ба додани «андозагирии бештари стратегӣ» ба минтақаи Авруосиё, дар баробари муайян кардани тартиби нави бехатарӣ нигаронда шудааст.
«СҲШ дорои иқтидори бузурги нақлиётию транзитӣ мебошад, ки татбиқи амалии онро интизор аст. Дар заминаи диверсификатсияи занҷирҳои ҷаҳонии таъминот, бунёд намудани долонҳои нави байналмилалии роҳи оҳан ва автомобилгард дар Авруосиё бинобар самти Шарқ–Ғарб ва Шимол–Ҷануб ҷанбаи стратегӣ пайдо мекунад»,– гуфт ӯ.
Сафир илова намуд, ки: «Аҳамияти СҲШ махсусан дар пасманзари муташанниҷ шудани нобоварӣ ва рӯҳияи антагонистӣ дар ҷаҳон афзоиш меёбад. Ҳоло дар Авруосиё ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи ҳамкорӣ ҳукмфармост».
Дар поёни ҳамоиши имсола дар Самарқанд Ҳиндустон раисиро ба СҲШ аз моҳи сентябри соли 2022 барои як сол то сентябри соли соли 2023 қабул мекунад. Дар соли 2023 Ҳиндустон мизбони ҳамоиши навбатии сарони СҲШ мегардад.

Эрон узви нави СҲШ мегардад

Сафир Дилшод Аҳатов инчунин тасдиқ намуд, ки дар рафти ин ҳамоиш Эрон ба сифати узви нави доимии СҲШ муаррифӣ мешавад. Дар айни ҳол ба СҲШ 8 давлат – Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон шомиланд.
«Яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҳамоиш тавсеаи минбаъдаи СҲШ мебошад. Меморандум дар бораи ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба гирифтани мақоми давлати узви СҲШ аллакай барои имзо омода аст. Ин ҳуҷҷат ба узвияти комилҳуқуқӣ ба ин кишвари бузурги наздишарқӣ дар созмон роҳ мекушояд», – гуфт Дилшод Аҳатов ба хабарнигорон. 
Вай илова намуд, ки ҳамчунин дархостҳои узвият дар ҳудуди даҳ кишвари дигар барои ширкат дар фаъолияти СҲШ ба сифати узви комилҳуқуқ, нозир ва шарикони муколама баррасӣ хоҳанд шуд.
Қаблан Эрон дар қатори Афғонистон, Белорус ва Муғулистон, инчунин шаш шарики муколама – Туркия, Шриланка, Непал, Комбоҷа, Озарбойҷон ва Арманистон бо қароргоҳашон дар Пекин яке аз нозирони СҲШ буд.
«Ҳамоиши дарпешистода, ки таҳти раёсати Ӯзбекистон баргузор мегардад, аҳамияти хоса дорад, ки ба ҳамаи кишварҳо заминаи хеле саривақтӣ ва муассир барои баррасии як қатор масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фароҳам оварда, дар рушди он марҳилаи нав мекушояд», – гуфт дипломат.

«Афғонистон бояд ба фаъолияти минтақавӣ ҷалб карда шавад»

Моҳи июл Ӯзбекистон ду мулоқоти муҳимро оид ба Афғонистон баргузор кард.
«Шубҳае нест, ки Афғонистон омили асосии таъмини амният ва суботи дарозмуҳлат дар минтақа мебошад», – гуфт сафири Ӯзбекистон.
Вай қайд намуд, ки: «Бо дарназардошти фоҷиаи мардуми Афғонистон, агар давлат ба фалокати башардӯстона рӯ ба рӯ шавад, ин метавонад ба ҷараёни нави гурезаҳо, афзоиши таҳдиди маводи мухаддир ва ҷунбиши терроризм оварад».
Ба ғайр аз ин, вай ҳамчунин ба ин нукта ишора кард, ки агар кишварҳо бо толибон ҳамкорӣ накунанд, Афғонистон метавонад ба «як макони бесуботӣ дар қалби Авруосиё» мубаддал шавад.
«Ҳеч як давлати СҲШ манфиатдор нест, ки макони бесуботӣ дар қалби Авруосиё ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои ҳамсоя аз қаламрави Афғонистонро нодида гирад. Воқеиятҳои имрӯза аз СҲШ тақозо мекунад, ки иқдомоти мушаххас андешида, Афғонистонро ба ташаббусҳои минтақавӣ, аз он ҷумла лоиҳаҳои инфрасохторӣ ҷалб намояд», – таъкид намуд ӯ.
Ҳамин тариқ ба гуфтаи ӯ мусоидат ба «таҳияи равишҳои муттаҳидшуда дар чаҳорчӯби СҲШ» дар робита бо стратегияи рушди баъдиҷангии Афғонистон яке аз авлавиятҳои калидии раисии Ӯзбекистон буд».

АИ «Дунё»,
ДЕҲЛИ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: