Абдуғанӣ Ҷавдат соли 1886 дар деҳаи Боғибаланди музофоти Самарқанд дар оилаи Раҳмон ном марди деҳқони миёнаҳол таваллуд шудааст.
Он замон давраи пурталотум буд. Зеро истилогарони рус бо сарварии генерал-губернатор Кауфман соли 1868-ум Самарқанд ва дигар шаҳрҳои марказии Туркистонро мутеъ карда буданд. Аз ин рӯ вазъи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии охири асри XIX ба инқироз рӯ оварда буд. Мардуми меҳнаткаш аз як тараф аз ҷабру зулми амир ба дод омада бошанд, аз ҷониби дигар аз истисморгарони рус тазйиқ медиданд.
Абдуғанӣ дар ҳамин вазъияти мураккаб аз меҳри падар маҳрум гардид. Падараш аз олам чашм пӯшиду аҳволи оилаи онҳо беш аз пеш вазнинтар шуд. Ӯ, ки зеҳни хуб дошт, баробари дар мактаби куҳнаи деҳа равуо кардан дар 8 солагӣ аз модари босаводаш «Қуръон»-ро ҳифз кард. Аммо ҳаваси саводомӯзӣ дар дили Ҷавдати ҷавон ҷӯш мезад. Бо худомӯзӣ шеъру ғазалҳои Ҳофизу Бедилро аз бар менамуд. Ӯ барои таълим гирифтан ба мадрасаи Тиллокории Регистон рафт. Мударриси мадраса, шоири шинохтаи замон Васлӣ, аз тарзи қироат ва шеърхонии Ҷавдати ҷавон дар ҳайрат монда, ба таълиму тарбияи вай эътибори махсус медиҳад.
Саидаҳмади Васлӣ дар рӯзҳои муайян маҳфили шеър ташкил мекард. Дар онҳо Ориф Гулханӣ, Нақибхони Туғрал, Наберахӯҷаи Хилъатпур, Ҳоҷӣ Муин, Фахриддин Роҷиҳо иштирок карда, намунаҳои ашъорашонро қироат мекарданд. Ҷавдат зуд ҳамчун шоири ҷавони боистеъдод ном баровард. Муҳити мадраса чун мактаби шеъру шоирӣ барои Ҷавдат даргоҳи хуб гардид.
Рӯзе устодаш Саидаҳмади Васлӣ хабар дод, ки бегоҳӣ дар хонаи шоир Абдуқаюми Қурбӣ базми шеър мешаваду дар он шоири тавоно Нақибхони Туғрал низ иштирок мекунад. Абдуғанӣ то ин дам номи ӯро шунида бошад ҳам, худашро надида буд. Бегоҳирӯзӣ болохонаи Қурбӣ аз меҳмон пур буд. Соҳиби хона Васлиро ба пешгаҳи хона даъват кард. Марди қоматбаланди риши кӯтаҳи базебдошта ба эҳтиром бо Васлӣ оғӯш кушода ҳолпурсӣ кард, ки ин Нақибхон буд. Шеърхонӣ то поси шаб давом кард. Ҳамин шуду Абдуғанӣ мисли Васлӣ Туғралро устоди хуб хонд.
Аз таърих маълум аст, ки Нақибхони Туғрал аз авлоди Хоҷа Аҳрор буд. Бинобар ин ӯро муҳити адабии Самарқанд зуд-зуд сӯи худ мекашид. Ҳар боре ба Самарқанд ояд, Ҷавдат ба пешвозаш мебаромад. Онҳо дар болохонаи Қурбӣ ҷамъ мешуданд. Туғрал хурсанд буд, ки дар таърихи соли 1918 бо ташаббуси дӯстону ҳаводоронаш девони ашъораш ба табъ расид. Ҷавдат дар ин бора навишта буд:
Зиҳӣ ашъори Туғрал гашт матбӯъ,
Касе хонад шавад табъаш чу шаккар.
Бидиду кард таҳсин аҳли фозил,
Ба чашми шеърхонон беҳ зи гавҳар.
Зи рӯи касбу дониш гуфт Ҷавдат,
Аҷаб девони Туғрал шавқовар.
(Нигаред А.Самадов, «Армуғони Ҷавдат», саҳифаи 20).
Охирин суҳбати онҳо боз дар болохонаи Қурбӣ ба миён омад. Мисли дигарон Ҷавдат ҳам иштирок кард. Туғрал шаби базми шеърро гарму пурҷӯш менамуд, аммо хотирпарешон буд. Ҷавдат, ки аз наздикони Туғрал буд, оҳиста пурсид:
– Устод, ба шумо чӣ шуд? Оё бемор ҳастед?
– Не, – гуфт Туғрал, ҳамааш хуб. – Оё ту мазмуни тахаллусатро медонӣ?
– Не, ин номро дар мадраса домулло Васлӣ гузоштаанд.
– Ҷавдат арабӣ буда, маънии хубӣ, бартаринро дорад – фаҳмонд Туғрал.
Ҳамон рӯз ҳангоми хайрухуш байти зерини Бедилро қироат карда, ба аспаш савор шуд ва роҳи Панҷакентро пеш гирифт.
Водии уммед бепоёну фурсат норасо,
Меравам бар дӯши ҳасрат чун нигоҳи
вопасин.
Баъди ин Туғрал дигар ба Самарқанд барнагашт. Ӯро душманон ба қатл расонида буданд.
Қобили қайд аст, ки Абдуғанӣ Ҷавдат ҷамъияти навро замони озодӣ медонист. Дар музофотҳо маърифатпарварон аз пайи ташкил кардани мактабҳои навусул буданд. Ӯ ҳам бисёр мехост, ки насли нав саводнок шавад. Фанҳои табиӣ ва илми техникаро омӯзад. Бо ҳамин мақсад бо маърифатпарвари бузург Абдуқодир Шакурӣ дӯстӣ пайдо кард. Бо усули мактаби ҷадидии ӯ шинос шуд.
Яке аз рӯзҳои баҳорони соли 1908. Дар назди китобхонаи «Зарафшон» воқеъ дар майдони Регистон Шакурӣ ва Абдуғанӣ Ҷавдат ба ҳам дучор омаданд. Баъд аз пурсупорс муаллим Шакурӣ гуфт:
– Бародарам Абдуғанӣ, агар бо устод Айнӣ шинос шудан хоҳед, бегоҳӣ ба ҳавлии мо оед. Аз Бухоро меҳмонҳо меоянд.
– Албатта меоям, вохӯрӣ бо устод шараф аст.
Вақте ки Абдуғанӣ ба хонаи Шакурӣ омад, аллакай меҳмонон дар болои тахтакати лаби ҳавз суҳбат доштанд. Соҳибхона баъди салому алейк бухориҳоро як-як шинос карда, гуфт.
– Устод бо ҳамроҳонашон Мунзим ва Меҳрӣ нияти ташкил кардани мактаби ҷадидӣ дар Бухороро доранд. Иншооллоҳ ба мақсад мерасанд. Ин кас – Абдуғанӣ, – муаллим Шакурӣ маро нишон дода, аз шоирони умедбахши мо, бо тахаллуси Ҷавдат эҷод мекунанд, гуфтанд.
Ҳамин лаҳза Айнӣ риштаи суханро гирифта, Ҷавдат гӯед, ман бо эҷодиёти ин кас ошно ҳастам. Шеъру ғазалҳояшон басо пурмазмун, равону орифонаанд, гуфтанд. Ин мулоқоти аввалини Абдуғанӣ бо устод Айнӣ буд.
Бояд гуфт, ки Ҷавдат низ монанди дигар равшанфикрон моҳияти воқеаҳои замони навро ба хубӣ мефаҳмид. Ӯ баробари ба иҷро расонидани супоришҳои ҳизб, барои маҳви бесаводии ҷавонон ҳаракат мекард. Ба хубӣ мефаҳмид, ки агар насли нави имрӯза илму донишҳои дунявиро ба хубӣ аз бар кунанд, ҷамъият, албатта рӯ ба тараққӣ меорад. Аз ин боис ӯ ҳамчун корманди маорифи халқ дар ҳаракат шуда, талабагони босаводи мадрасаҳоро ба курсҳои муаллимтайёркунӣ, ки аз тарафи маърифатпарвар Исматулло Раҳматуллозода дар Самарқанд кушода шуда буданд, ҷалб кард. Ҳамчун вазири маорифи вилояти Самарқанд барои дар деҳаҳои дурдаст кушодани мактабҳои шӯравӣ ва таъмин кардани онҳо бо ашёҳои хониш саъй намуд.
Дар ин бобат мудом бо Абдуқаюми Қурбӣ, ки дар ташкилотҳои ҳизбӣ кор мекард, ҳамкорӣ дошт. Абдуғанӣ барои ҳалли масъалаҳои маърифатӣ гоҳ дар Каттақӯрғону гоҳ ба дигар ноҳияҳои дурдаст мерафт. Барои таъмини китобҳои дарсӣ аз устодаш Васлӣ ва Аҷзию Шакуриҳо маслиҳат мепурсид. Рӯзу ҳафтаҳо дар музофотҳои Хуҷанду Панҷакент шуда, аз аҳволи мактабҳо хабар мегирифт. Баробари ҳамаи ин аз эҷод бознамонд. Дар шеърҳояш мардумро ба саводомӯзӣ ва меҳнату кор даъват мекард. Ба ғайрату шуҷоати дучанд ва ташаббуси фидокорона дар мавзеи Чорраҳаи шаҳри Самарқанд мактаби нави ҷадидӣ кушода, фарзандони маҳалҳои гирду атрофро ба донишгирӣ ҷалб намуд. Вақте ки устод Айнӣ соли 1918 ба Самарқанд кӯчида омад, ӯро дар мактаби ташкилкардааш ба кор ҷалб сохт. Ин аст, ки роҳбарони давлати Бухоро Абдуғаниро соли 1920 ба вазифаи котиби аввали кумитаи ҳизби шаҳри Самарқанд интихоб карданд. Акнун ташвишҳои Абдуғанӣ Ҷавдат дучанд шуда буданд. Аз як сӯ баҳри баланд бардоштани тарзи зиндагии мардуми шаҳр шитобад, аз ҷониби дигар ба муқобили душманони халқӣ – хурофотпарастону босмачиён мубориза мебурд. Зеро он нохалафон замони навро чашми дидан надоштанд. Барои барҳам додани фаъолияти мактабҳои нав бераҳмона мубориза мебурданд.
Дере нагузашта Ҷавдатро ба марказком даъват карда, супориш доданд, ки бо як гурӯҳ равшанфикрони самарқандӣ ба Тоҷикистони навбунёд рафта, дар он ҷо аз паи сохтмони ҷамъияти нав шавад. Ҳамон солҳо дӯсти наздикаш, шоир ва арбоби ҷамъиятӣ Абдуқаюми Қурбӣ аввал ба сифати комиссари халқии ислоҳоти замини Тоҷикистон, сипас узви коллегияи Нашриёти давлатии Тоҷикистон фаъолият нишон медод.
Ҳамин тариқ Абдуғанӣ Ҷавдат то солҳои 30-юми асри гузашта дар вазифаҳои масъул – ҳамчун мудири шуъбаи мактабҳои маорифи халқии Тоҷикистон, котиби аввали комитети ҳизбии вилояти Ғарм ва дар як вақт дар вазифаи раиси комиҷроияи вилояти мазкур фаъолияти пурсамар нишон дод. Инчунин дар ин муддат дар ҷустуҷӯйи ҳавлии истиқоматӣ устоди шодравонаш Нақибхони Туғрал шуд, роҳи музофоти Фалғарро пеш мегирифт. Хонаи ӯро дар деҳаи Зосун пайдо кард. Ҷавдат ба руҳи устодаш аз ояҳои Қуръон тиловат карда, дар пешайвони хона ин мисраъҳоро ба ёдгор мегузорад:
Расидам бар таҳи девори Туғрал,
Бидидам кулбаҳои зори Туғрал.
Шуда аз бекасиҳо зору ҳайрон
Ба ҳасрат гулшану гулзори Туғрал.
.. Маконаш шуд зиёратгоҳи Ҷавдат
Ҳамин дам дидамаш анвори Туғрал.
Абдуғанӣ Ҷавдатро, ки дар кори ҳизб таҷрибаи зиёде пайдо карда буд, аз нав ба Самарқанд даъват карда, барои ривоҷёбии ҳаёти иҷтимоию сиёсии мардум ба вазифаи раиси комиҷроияи шаҳри Бухоро ба кор таъин мекунанд. Ӯ дар ин вазифа ду-се сол фаъолият нишон дода, барои рушди сатҳи зиндагии мардуми шаҳр ва камоли маърифати ҷавонон корҳои шоистаро ба ҷо меорад.
Оре, Ҷавдат дарк кард, ки корбарии роҳбарони давлати шӯравӣ дар ибтидои солҳои сиюм ранги дигар мегирад. Онҳо бо ҳар гуна туҳматҳои ноҳақ, аз қабили «фаъолияти зиддиинқилобӣ», «душмани халқ» шахсони босаводу равшанфикрро ба ҳабс мегиранд. Шоир аз ҳизби коммунистӣ умеду орзуҳои зиёд дошт. Аммо аз тарзи кори замон дилаш монд. Чӣ бояд кард? Беҳтараш аз кори ҳизб ва дигар корҳои давлатӣ даст кашида, аз пайи эҷод ва корҳои деҳқонӣ шавад.
Бале, ӯ акнун дар боғи падариаш аз пайи кишту кор шуд, шеъру ғазалҳо менавишт. Дар машварату ҷамъомадҳои адабӣ иштирок мекард. Ба тарбияи фарзандони навболиғаш аҳамият медод. Солҳои 1936-1937 репрессияҳо шиддат гирифтанд. Аксар дӯстони ӯ, аз қабили Хоҷа Муин, Абдуқаюми Қурбӣ, Фахриддини Розӣ ва даҳҳо дигарон дар маҳбасхонаҳои Русия азият мекашиданд.
Ҷавдат ба мақсади аз чашми нобакорон дур шудан, худро аз шаҳр берун гирифта, дар ноҳияҳо дар вазифаҳои гуногун кор мекунад. Ҳабскунӣ бо ҳар гуна баҳона давом дошт. Ниҳоят чунин воқеаи мудҳиш ба сари Ҷавдат ҳам расид. Ин воқеаи нохушро писари калонии ӯ, муаллими собиқадор Мавлон Ҷавдатов, ки бо муаллифи ин сатрҳо дар як таълимгоҳ кор мекард, чунин нақл карда буд.
«Фасли тобистон буд. Шабонгаҳ дарвозаамонро кӯфтанд. Модарам хавотиромезона дарвозаро кушод, ду-се шахси шапкапӯш ба хона зада даромада, бепурсиш дастони падарамро ба пушт баста, гирифта рафтанд. Модарам аз қафои падарам нолаю фиғон бардошта монд. Сонӣ ду ҳамсояамон бо ҳамроҳии модарам ҳамаи китобҳо ва навиштаи падарамро дар танӯр сӯхтанд. Ҳамин тариқ, суди сегона Ҷавдатро бо айби «душмани халқу ватан» тӯли даҳ сол ҳабс мекунад. Аммо соли 1953 ҳақиқат қарор меёбад.
Пири шикастадил Абдуғанӣ Ҷавдат баъди озод шудан боз ба касби деҳқонӣ машғул шуда, дар сари мизи эҷод мешинад. Чунки аз навиштаҳояш, ки ба шакли девон ба сомон расонида буд, чизе боқӣ намонда буд. Шоири пиронсол азобу шиканҷа дида бошад ҳам, бо мақсадҳои нек ба ҳаёт назар кард. Шеърҳои пурмуҳтаво эҷод намуд, ки аксари онҳо хонандаро ба меҳрубонӣ, ҳалимӣ, одобу ахлоқи ҳамида, саводомӯзӣ, ватандӯстию дигар фазилатҳои хуби инсонӣ даъват мекунанд. Лаззати ширини анҷири Боғибаланд, себи Самарқанд ва тавсифи дигар меваҷот аз назари эҷоди шоири ширинкалом дур намондаанд.
Абдуғанӣ Ҷавдат умри дароз дид. Ӯ дар синни 95 солагӣ аз дунё гузашт.
Ҳамза ҶӮРА.
САМАРҚАНД.