ӮЗБЕКИСТОН АВВАЛИН КИШВАРЕ ГАРДИД, КИ БА НАҚШАИ ВАСЕИ GSP-И БРИТАНИЯИ КАБИР ҲАМРОҲ ШУД

1 ноябри соли 2021 Ӯзбекистон расман ба нақшаи васеи Низоми умумии сабукиҳои Британияи Кабир (GSP) қабул шуд.

1 ноябри соли 2021 Ӯзбекистон расман ба нақшаи васеи Низоми умумии сабукиҳои Британияи Кабир (GSP) қабул шуд.
22 ноябри соли 2021 конфронси матбуотӣ баргузор гардид, ки ба ҳамроҳ шудани кишвари мо ба ин низом бахшида шуд.
Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тошканд ва Вазорати сармояҳову савдои хориҷии Ӯзбекистон ташкил гардид.
Комиссари савдои Маликаи Волоҳазрат дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Кенан Полео бо аввалин сафари расмӣ барои иштирок дар нишасти матбуотӣ ба Ӯзбекистон омад. Ӯ бо муовини Сарвазир – вазири сармояҳо ва савдои хориҷӣ Сардор Умурзоқов вохӯрд.
Яке аз омилҳои пешниҳоди мақоми бенефисиари Нақшаи васеи GSP он буд, ки Ӯзбекистон 27 конвенсияҳои асосии байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, меъёрҳои меҳнатӣ, муҳити атроф ва зарурии идоравиро бомуваффақият тасдиқ намуд.
Ӯзбекистон аввалин давлате гардид, ки узви низоми мазкур шуд. Ҳар ду мамлакат аз вусъат додани муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ, бахусус ҳоли ҳозир, ки ба беш аз 7800 намуди молҳои дар Ӯзбекистон истеҳсолшуда боҷи сифрии воридотӣ муқаррар карда шудааст, манфиатдор мебошанд.
Нақшаи васеи GSP ба Ӯзбекистон барои дастёбӣ ба иқтисодиёти бинобар бузургӣ панҷуми ҷаҳон ва ба бозори аз ҳама байналмилалии истеъмоливу чаканафурӯшии олам дар ҳаҷми зиёда аз 437 миллиард фунт-стерлинг имкон медиҳад.
Барои Британияи Кабир бошад, ин ба кишвари зудтараққиёбандаи минтақа, ки соҳати асосии минтақавӣ ба шумор меравад, «пули тиҷоратӣ» фароҳам меоварад, ҳамчунин дастёбиро ба маҳсулоти бофандагӣ, кишоварзӣ ва бисёр дигар сабук месозад.

Б. ХУДОЙБЕРДИЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: