НИГОҲЕ АЗ ФАРОНСА: ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН КИШВАРАШРО БАРОИ ҶАҲОНИЁН БОЗ КАРД

Дар Париж бахшида ба пешомади ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон «мизи мудаввар» баргузор шуд.

Дар Сафоратхонаи Ӯзбекистон оид ба мавзӯи «Назари тоза ба пешомадҳои амиқсозии ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Фаронса» «мизи мудаввар» ба вуқӯъ омад. 
Дар чорабинӣ намояндагони Сенат, вазоратҳои Аврупо ва корҳои хориҷӣ, доираҳои  ҷамъиятии Фаронса, ҳамчунин ҳайати Ӯзбекистон бо сарварии муовини аввали раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Акмал Саидов иштирок карданд.  
Дар ҷараёни чорабинӣ ба ҷониби Фаронса моҳият ва аҳамияти ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон аз соли 2017 инҷониб татбиқ мешаванд, маънидод карда шуданд. 
Доираҳои сиёсӣ ва коршиносии Фаронса дар баромадҳои худ ҷиҳатҳои мухталифи рушди кунунии Ӯзбекистон, ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву фаронсавиро баррасӣ намуданд. 
Сенатор, ноиб-президенти гурӯҳи байнипарлумонии «Фаронса – Осиёи Марказӣ» Андрей РИШАР дар маърӯзаи худ таъкид намуд, ки баъди Президенти Ӯзбекистон интихоб шудани Шавкат Мирзиёев дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар тағйироти куллӣ ба вуқӯъ омаданд. 
«Президент  Шавкат Мирзиёев кишварашро ба олами беруна боз кард, дар соҳаҳои таълим, нигаҳдории тандурустӣ ва сайёҳӣ ислоҳоти васеъмиқёсро татбиқ сохт. Натиҷаҳои интихоботи президентиро, ки соли 2023-юм баргузор шуд, бояд ба сифати кафолати идома ёфтани ислоҳоти васеъмиқёс қабул кард. Ҳамчунин дар шароити боқӣ мондани номуайянии геосиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ сиёсати Ӯзбекистон сазовори эътибори махсус мебошад. Бояд зикр намуд, ки Тошканд мустақил аст, вале баробари ин сиёсати муътадили хориҷиро татбиқ менамояд. Ба шарофати чунин муносибати сарвари кишвари шумо дар Осиёи Марказӣ муҳити куллан нави дӯстӣ ва эътимод ташаккул ёфт. Ин муваффаиқияти дипломатии Президенти Ӯзбекистон аст», – гуфт сенатор. 
Дар бораи ҳамкориҳои фаронсавиву ӯзбекистонӣ сухан ронда, Андре Ришар таъкид кард, ки муносибатҳои байни ду мамлакат даврони хуби пешрафтро аз сар мегузаронанд. 
Профессори Донишгоҳи Сорбонна Жан-Антуан Дюпра дар суханронии худ қайд намуд, ки рағбати тиҷорати Фаронса дар партави озодкунии иқтисодиёти Ӯзбекистон ба ин мамлакат меафзояд. 
«Ширкатҳои бузурги Фаронса аз татбиқсозии лоиҳаҳои хеш дар Ӯзбекистон манфиатдоранд. Аз ҷумла, барои ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорони хориҷӣ  шароити мусоид  фароҳам оварда шудаанд. Баробари ин, мамлакат барои рушди энергетикаи нав иқтидори бузург дорад», – таъкид сохт профессор. 
Археолог Пер Лериш, ки ҳайати археологии Фаронсаро дар Тирмиз сарварӣ мекард, изҳор дошт, ки саъю кӯшиши олимон ба кашфи таъриху тамаддуни ин мамлакат барои олами хориҷӣ нигаронида шудааст.
«Дар натиҷаи тадқиқот аз ҷониби мо ашёҳои қадима дарёфт ва ба Осорхонаи Тирмиз гузошта шуданд. Алҳол осорхонаи мазкур аз ҷумлаи осорхонаҳои машҳури Ӯзбекистон аст», – гуфт археолог.
Собиқ сафири Фаронса дар Ӯзбекистон Жан-Клод Ришар иштирокдоронро бо таърихи муносибатҳои фаронсавиву ӯзбекистонӣ шинос намуда, қайд кард, ки ӯ аз пешрафти муносибатҳои дуҷониба хеле мамнун мебошад. 
Дар доираи «мизи мудаввар» муаррифии китоби президенти доираи дипломатии Женева Роланд Блюм «Ӯзбекистон – кишвари бебаҳои Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. 

АИ «Дунё», 
шаҳри ПАРИЖ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: